Бахшҳо

Боз як “Мерседес-Бенс” барои мухлисони футбол дар Душанбе

Дар бозии байналмилалии дӯстона миёни собиқадорони клубҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав миёни мухлисон сабукрави “Мерседес Бенс” бурд мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ҳаводорони футбол имкон доранд, баъди анҷоми бозии дӯстона бо чиптаҳои харидаи худ дар бозии лоторея иштирок намуда, соҳиби худрав бишаванд. Арзиши билетҳо барои ҳамаи ҷойҳо 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бозии футбол миёни собиқадорони тимҳои “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”, ки ба 25-солагии аввалин бозии “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ бахшида шудааст, 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Қарор аст, дар ҳайати “Помир” ситораҳои футболи солҳои 70-80-ум - Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Станислав Карасёв, Алексей Чередник, Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Владимир Ермолаев, Олимҷон Рафиқов, Абдуғаффор Юлдошев, Вазген Манасян, Ҳаким Фузайлов, Владимир Долганов, Александр Пилюгин, Наримон Палабуюк, Сулаймон Бобокалонов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Шӯҳрат Мамадҷонов, Азамат Абдураҳимов ва дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав Юрий Гаврилов, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Георгий Ярцев, Руслан Нигматуллин, Валерий Шмаров, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, , Юрий Ковтун, Валерий Кечинов, Андрей Пятнитский, Рамиз Мамедов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев бозӣ кунанд.

13 октябр дар бозии дӯстона миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва клуби “Шалке-04”-и Олмон дар шаҳри Душанбе низ як сабукрави "Мерседес-Бенс" ба бурд гузошта шуд, ки онро Саид Нарзуллоев, як сокини ноҳияи Варзоб соҳиб гардид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)