Бахшҳо

Домоди президент дар бораи хатарҳо аз Чину Русия

“FINANCIAL TIMES” нашрияи маъруфи ҷаҳонӣ бо нашри як матлаб навиштааст, Тоҷикистон аз Русияи рӯ ба таназзул дар сояи сармояи ҳамсояи пурқудраташ -Чин паноҳ бурданист ва дар ин робита бо Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали вазири молия ва домоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон суҳбате оростааст.

Ин нашрия, ки асосан аз умури иқтисоду молия матлаб ба нашр мерасонад аз қавли Нуралиев овардааст, ки Чин дар се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад ва ин то ҷое коҳиши воридоти сармоя аз Русияро ҷуброн месозад.

“FINANCIAL TIMES” менависад, Тоҷикистон, ки ҳаҷми маҳсулоти дохилияш сари ҳар сокин ҳудуди 1 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз маблағи беш аз 1 миллион муҳоҷираш дар Русия вобастагии калон дорад ва дар ҳоле, ки дар пайи таҳримҳо иқтисоди Русия рӯй ба буҳрон овардааст, Тоҷикистон низ метавонад дар ҳолати ногувор қарор бигирад.

Нуралиев бо эътирофи ин нукта изҳори умед кардааст, ки Русия дар ояндаи наздик роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодияшро пайдо хоҳад кард ва таъсираш ба Тоҷикистон камтар хоҳад расид. Дар ҳар сурат ноиби аввали вазири молияи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки барои ҷуброни коҳиши интиқоли маблағ аз Русия кишвари мо ниёз ба сармоягузорӣ дорад. Ӯ хатари пойбанди Чин шудани Тоҷикистонро эътироф карда, афзудааст, мо як хатти муайянро хоҳем кашид, то аз ҳад вобаста нашавем, аммо на дар ҳоли ҳозир, зеро сармояи чинӣ барои бунёди лӯлаи газ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва роҳҳо сарф мешавад: “Мо бояд як хатарро дар баробари хатари дигар дар тавозун нигоҳ дорем.”

Инчунин домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон майли бештари мақомоти тоҷикро ба қарзҳои чинӣ шарҳ дода, афзудааст, ки бархилофи созмонҳои молии байналмилалӣ, аз қабили Бонки Ҷаҳонӣ сармояи чинӣ бе расмиёти зиёд, шартгузориҳо ва дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ ироа мегарданд.

Дар ҳамин ҳол “FINANCIAL TIMES” илова кардааст, ки Тоҷикистон талоши ҷалби сармояи ғарбиро низ дорад, аммо низоми фасодзада ва расмиёти зиёд монеаи вуруди маблағҳо аз ғарб шудаанд ва Тоҷикисон дар миёни Русия ва Чин мондааст. “FINANCIAL TIMES” аз қавли дипломати ғарбӣ дар Душанбе овардааст, ки дар сурати идомаи таназзули иқтисодиёти Русия ва бекории як миллион муҳоҷири кории тоҷик ба Тоҷикистон буҳрони экзистенсиалӣ таҳдид мекунад ва эҳтимоли такрори ҳаводиси Миср вуҷуд дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ОББО
Мо чи гуфта метавонем Торикистон дар дасти шумост чинро медихед руссияро медихед Точикистонро худатон медонед

Беҳруз
".... аммо низоми фасодзада ва расмиёти зиёд монеаи вуруди маблағҳо аз ғарб шудаанд.." агар ки ғарб фасодзада бошад ма дга гап надорм.

Хуршед
Беҳруз,
Манзури Нуралиев аз низоми дохили аст Бехрузи азиз.

Хуршед
Беҳруз,
Бахшиш ин харфхои нашрияи “FINANCIAL TIMES” будааст

Муаллим
Агар манзур фасодзадагии низоми дохилӣ бошад, пас чаро дар муносибат бо Чин онҳо (фасодкорони тоҷик) худро қафо мекашанд, ё аз Чин метарсанд? Ба қавли русҳо "Бесплатный сыр бывает только в мышеловке". Манзур ин аст ки Чин бе ягон ғараз ин қадар қарзу ёрдамро намедиҳад. Ба ҳар ҳол мо ба Аврупо рӯ биёрем, хубтар аст. Дар ин маврид хатари забт кардани марз ба мо таҳдид намекунад, чунки Аврупо аз мо дур аст ва худи аврупоиҳо низ ниёз ба ин надоранд. Мумкин ҳамун монеъаҳои фасодӣ аз Чин сароғоз гиранд? Майл кардани мо ба Чин, ба фикри ман оқибатҳои хубе надорад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)