Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

«Сомон-Орзу» ба нозироти Шӯрообод тӯҳфаи ҷашнӣ кард

14 сентябр 2011, 05:53

Дар ноҳияи Шӯрообод як бинои  нави маъмурӣ мавриди истифода қарор гирифт.


Тавре аз кумитаи андоз ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,  сохтмони бинои нозироти андози маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод, моҳи ноябри соли 2010 аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ  «Сомон-Орзу» шурӯъ гардида буд.Зимни ифтитоҳи иншоот раҳбарияти кумитаи андоз, мақомоти маҳаллии ноҳияи Шӯрообод, раёсати андоз дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб  иштирок намуданд.

Бино ба иттилоъ, бинои мазкур аз 2 ошёна, таҳхона ва меҳмонхона иборат буда, бо тамоми шароитҳои замонавӣ ҷиҳозонида ва  ба талаботи стандарти байналмилалӣ чавобгӯ мебошад. Дар ошёнаи якуми бино як толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 40 ҷои нишаст ва  ду утоқи васеи бо мизу курсиҳои хуштарҳ ва технологияи аълосифат муҷҷаҳазгардида ҷойгир шудааст, ки яке шӯъбаи хизматрасонию андозситонӣ ва дигаре бахши  бақайдгирӣ мебошад. Дар ошёнаи дуюм утоқҳои кории сардори нозирот, инчунин бахши баҳисобгирии  андозҳо ва технологияи иттилоотӣ бунёд ёфтааст, ки дар ин ҷо дигар кормандони соҳа фаъолияти хешро ба роҳ  хоҳанд монд.

Дар маҷмӯъ то ба истифода супоридани бинои нави маъмурии  нозироти андози  ноҳияи Шӯрообод  маблағи 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!