Бахшҳо

(ВИДЕО) Таҳдиди афғонҳо ба Назриевҳо: Ҳамаатонро мекушем!

Пайвандони Ҳотамхон Назриев, сокини 22 солаи деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯрообод, ки ҳудуди 3 моҳ қабл аз ҷониби силоҳбадастони афғон рабуда шуд, изҳор медоранд, аз сарнавишти ӯ бехабаранд ва худашон низ пайваста таҳдид мешаванд.

Аҳмад Назриев, бародари Ҳотамхон Назриев дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, қаблан мақомоти афғон аз боздошти 4 нафар бо иттиҳоми гаравгонгирии ҷавони тоҷик хабар дода, гуфтанд, Ҳотамхонро баъди додани шоҳидӣ алайҳи онҳо ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод: “Хешовандонамон дар Афғонистон ба мақомоти амнияти ин кишвар аз рабуда шудани Ҳотамхон хабар дода буданд ва дар пайи муроҷиати онҳо гаравгонгирон дастгиру бародарамон аз дасти онҳо раҳо шуд. Мақомоти афғон ваъда додаанд, ки Ҳотамхон то анҷоми мурофиаи додгоҳии гаравгонгирон дар Афғонистон мемонад, баъдан ӯро ба Тоҷикистон сиҳату саломат бармегардонанд. Аммо ҳоло гуфта мешавад, муттаҳамон дар гаравгонгиро раҳо кардаанд, вале аз бародари мо ҳеч хабаре нест.”

Аҳмад Назриев афзуд, яке аз муттаҳамони раҳошуда Одинаи Валад ном силоҳбадасти афғон аст, ки феълан ба онҳо занг зада, таҳдиди куштор мекунад: “Одина доим ба хонаводаи мо занг зада мегӯяд, шумо моро шарманда кардед, ба амнияти Афғонистон хабар додед, бинобар ин шуморо мекушем”.

Мусоҳибамон қайд намуд, барои баргардонидани бародараш аз Афғонистон ба Ватан борҳо ба мақомоти умури дохилии Шӯрообод муроҷиат кардаанд, вале ҳеч хабари дақиқе намегӯянд: “Пурсон мешавем, баъзан мегӯянд, бармегардад ва баъзан вақт аз бозгашти ӯ ва дар чӣ ҳол буданаш изҳори бехабарӣ мекунанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон аз раҳо шудани Ҳотамхон Назриев аз дасти афғонҳо ва ба Ватан баргаштани ӯ хабар дода буданд, вале наздикони Ҳотамхон мегӯянд, ӯро ягон бор ба Ватан наовардаанд.

Аҳмад Назриев, мегӯяд, гаравгонгирон дар ҳоле аз онҳо 30 ҳазор доллар барои баргардонидани бародараш талаб намудаанд, ки вазъи зиндагияшон хуб нест ва дар пайи омадани сел манзили истиқоматияшон дар деҳаи Овиё хароб шуда, ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд.

Пайвандони Ҳотамхон Назриев мегӯянд, аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон, аз қабили Вазоратҳои умури дохилӣ ва хориҷӣ, Кумитаи амнияти милии кишвар хоҳиш доранд, барои пайдо ва сиҳату саломат баргардонидани фарзандашон аз Афғонистон ба онҳо кӯмак намоянд.

Ин аввалин ҳодисаи гаравгонгирии сокинони Шӯрообод аз сӯйи афғонҳо набуда, дар гузашта ҳам чунин ҳодисаҳо иттифоқ афтода буданд.



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ваа
Хамин Хотамхонро барои чи ба гарав гирифтаанд? Чи бизнес дошт бо афгонхо?

нурулло
Ин сархади мо сохиб надошта бошад, ки афгонхо омада шахрвандони моро мебаранд, кани сархадчихо, кани КДАМ аз руи хабархо афгонхо дар дехахои назди сархади озодона рафту омад мекунанд агар дурурст бошад ин як бесохибии мо мардуми одди мебошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)