Бахшҳо

"Сидениям" хунолуд мешавад: “Гурез”-и ронандаҳо ва марги маҷруҳ (ВИДЕО)

Нашри навори садамаи нақлиётии 23-юми октябр дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ, ки касе аз шоҳидон ҳозир нашудааст, ҷабрдидаро ба беморхона барад, баҳси беқадрии ҳаёти инсон ва молпарастии тоҷиконро ба миён гузоштааст.

Диловар Сафаров, яке аз шоҳидони садама дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳудуди 30 ронанда дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, вале бисёриҳо “сидениям хунолуд мешавад” гуфта, аз интиқоли ронандаи маҷруҳ ба беморхона худдорӣ намуданд: “Писари ин ронанда, ки ҳамроҳаш буд, аз ронандаҳои дигар бо гиряю зора тавалло дошт, ки падарашро ба беморхона баранд, пулашонро хоҳад дод, вале ҳеч кас розӣ намешуд. Бархе аз ронандаҳо ба хотири гурез аз интиқоли маҷруҳ ба беморхона мегуфтанд, ӯ алакай мурдааст ва ронандаҳои аксар мошинҳои гаронарзишу замонавӣ бошад, бо баҳонаи ин, ки мошинҳояшон чиркин мешавад, мегурехтанд.”

Сафаров мегӯяд, ронандаи “Rav-4” рӯи дастонаш ҷон дод ва ниҳоят ӯро дар як рӯйпӯш печонда, савори бордони “опел-караван” кардаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон” садама тақрибан саотҳои 10:00-и имрӯз, 23-юми октябр рух дода буд. Ӯ афзуд, бисёре аз сокинони мо ба ҷои наҷоту расонидани кӯмак ба якдигар дар ҳолатҳои ночорӣ завқи бештар ба тамошо доранду мушоҳида аз паҳлуро афзалтар медонанд.

Ин ҳодиса дар шабакаи интернет низ баҳси бетарафӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро дубора зинда кард. Бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, бетарафӣ дар ҷомеаи тоҷик ба ҳадде боло рафтааст, ки баъзан шаҳрвандон ашёву моли худро беҳтар аз ҷону саломатии афроди дигар медонанд. Дар ҳоле, ки беш аз 90 %-и аҳолии Тоҷикистон мусулмононанду дини мубини Ислом бетарафиро барои пайравони худ бадбахтӣ медонад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ахиран аз ин раванд нигаронӣ карда, бо овардани аҳодиси паёмбар (с) бетарафиро асоси бадбахтии инсон хонда буд.

Аз сӯи дигар қонунгузории Тоҷикистон низ кӯмак ба афроди ҷонашон дар хатарро талаб дораду ба нафарони саркаш муҷозот таъин кардааст. Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд, бар асоси талаботи моддаи 127 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад ҷиноят аст: “Ҳангоме, ки шахс метавонад ба ниёзманд ёрӣ расонад, вазифадор аст, ки нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд. Ё агар ҷабрдидаро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштаасту кӯмаке накардааст, бояд ҷазо дода шавад. Ҷазо барои чунин ашхос дар шакли корҳои ҳатмӣ, ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ғайра муқаррар шудааст.”
Мӯҳр
боз худро точикем гуфта ифтихор мекунанд, шармандахо. худо шумоенро имону акл дихад.

Justice
Боз мардум нолиш мекунанд, ки рохбарон ин астанду он астанд. О худи мардум ин гуна бошанд пас аз дигарон чи интизор мешаванд? Охир худ ба холи як бародар ва фарзанди гирёни у рахм накарданд. Вой бар холатон бевичдонхо!!!

Сабаби хамаи ин бетарафию бепарвоии мардум нисбати фочиахои ба сари якдигар омада, дур мондани онхо аз арзишхои исломи ва амри маъруфи домуллохои хакики аст. Бадбахтона, дар чомеаи "дуняви"-и мо, ки озодии баёну сухан ва интихоби дин мувофики сарконунаш ихтиёри аст, дахони олимони асили рохи ХАК баставу наврасону чавонони то 18 солааш аз шунидани амри ХАК манъ карда шудааст, гарчанде, ки дини мубораки ислом ва аходиси набави фарзанди мусалмонро аз 7 солаги барои шунидани каломи ХАК ва омухтану пайрави намудан аз арзишхои исломи ноб даъват месозад. Бубинед, агар фарзанди мусалмон то синни 18 солаги аз ин арзишхои инсони бенасиб монад, дар ин муддат чои онро фахшу фучур, катлу кушторе, ки тарики интернету дигар роху воситахо ба даст меорад, пур мекунад. Пас, аз насли наву ояндаи миллатсози точик чиро интизор шудан мумкин? Адлу инсофу тарбияи исломие, ки муъмин бародари муъмин будан шиораш аст ё бетарафию бепарвогие, ки аллакай бародар нисбати бародар дорад?

Muhammad
Kamtari diga masjidora bandan, ba mebined chi mesha...

мухочир
саломат боши бародари азиз барои панду насихат лекин худат ягон хизмат карди?точик,

ِВатандӯст
Чунин касон, ки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дасти ёрӣ ба дигарон дароз намекунанд,инсон нестанд ва "говону харони борбардор" аз онҳо ҳазор бор беҳтаранд. Мафкураи чизпарастӣ, ҳирси моли дунё ҳамааш аз он аст, ки тоҷик китоб намехонад ва аз фарҳангу одоб фарсахҳо дур шудааст. Фақат аз шунидани мавъизаҳо, ҳарчанд онҳо ҳам ба парвариши инсон то ҷое ёрӣ мерасонанд, вале пурра наметавон худро дигар кард. Оне ки китоб нахондаасту қалбан одамгарию накӯкориро аз он наомӯхтааст, кам ба фарқи сиёҳу сафед меравад ва зуд бероҳам ҳам мегардад. Дар замони шӯравӣ масҷидравӣ тақрибан мамнӯъ буд, вале одобу фарҳанги мо то ин дараҷа поин ва ба дараҷаи ваҳшигӣ нарасида буд. Он замон одам ҳам буду одамгарӣ ҳам. Ҳоло ҳам одам кам мондаасту ҳам одамгарӣ...

ном
холо хамон одамоне ки гуфтанд мощинамон хунолуд мешавад худашон ба хамин хел хол гирифтор мешаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)