Бахшҳо

“5 куштаю 3 маҷруҳ дар садамаҳои писари Исмат Абдуллоев”

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ду садамаи нақлиётӣ бо иштироки Раҳматулло Абдуллоев, мулаққаб ба “Рахмет”, писари Исмат Абдуллоев муовини вақти раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” худдорӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки ба иттилои оҷонсии “Тоҷнюз” дар пайи ду садама бо иштироки “Рахмет” 5 нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, чанд рӯз пеш Раҳматулло Абдуллоев бо худрави тамғаи Lexus RX 350, рангаш сафед ба худрави тамғаи ВАЗ 21015 бархӯрда, боиси ҷароҳати вазнини ҷисмонии се нафар мешавад, ки алҳол дар беморхона қарор доранд: “Инчунин соли гузашта, ҷипи RAV 4-и Раҳматулло Абдуллоев дар роҳи Душанбе – Қурғонтеппа бо суръати баланд ба мошини сабукрав бархӯрда, боис ба марги ронанда ва 4 нафар мусофир гашта будааст. Абдуллоев он замон аз мошини чаппашудааш баромада, ба ҷабрдидаҳо кӯмак нарасонида, савори таксие ҷои ҳодисаро тарк мекунад. Баъди чанд лаҳза ба ҷои ҳодиса одамони бовариноки падари ӯ Исмат Абдуллоев ҳозир мешаванду ба таври мармуз ҷип пурра сӯхта нобуд мешавад.”

Падари “Рахмет” Исматулло Абдуллоев, муовини вақти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз афроди наздиктарин ба роҳбари вақти корхона Амонуллоҳ Ҳукумов ва як шахси сарватманд арзёбӣ мешавад, ки чойхонаи “Истаравшан”, тарабхонаи “Шаҳрисабз”, бустонсарои “Варзоб-Палас”, сохтмони чанд бинои нуҳошёна ва чандин котеҷҳои хушсохт дар Душанбеву Хатлон ба ӯ рабт дода мешаванд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Ба як чиз хайронам: хамин кадар садамахо мешаванд, хеч вакт фарзандони калоншавандахо ба халокат намерасанд. Танхо мусофирони мошинхои, ки ба он бархурдаанд, мемуранд.

Аз таххонаи масчид
Дар замони чохиллият барои куштори камбагалу пастнасабон аз дасти шарифу волонасабон, хукми одилона вучуд надошт. Барои марги камбагал бою олинасабон чазо намегирифтанд, вале агар камбагал ё пастнасабе боис ба марги "калон"-хо мешуд бар ивази як олинасаб чанд узви оилаи айбдоршавандаи камбагал чазо мегирифт. Баъд аз нозил шудани Куръон он нобаробари аз байн рафта буд. Таърих гувох аст,ки дар чомеае, ки зидди дини ислом мубориза рафта, мусулмонону уламои дин бекадранд, чомеаро чохили фаро мегирад. Ноадолати дар мавриди ингуна хаводис низ нишоне аз он аст.

Justice
Цитата: Аз таххонаи масчид
Таърих гувох аст,ки дар чомеае, ки зидди дини ислом мубориза рафта, мусулмонону уламои дин бекадранд, чомеаро чохили фаро мегирад.

Дуруст аст.

таххонаи масчид, ин солхо хечбудагон харчи шудаанд.

Шаъмигул
Сарватмандии Исмат абдуллоев факат аз ду тарабхонаву як бустонсаро ва чанд сохтмони бинохои баланд иборат нест Агар хамаашро ба хисоб гиред дар точикистон бо дороии у мумкин аст хам Рогун ва хам Сангтуда ва ду накби дигарро бе ягон мушкилот сохтан.Дар бисёрзани уро метавон дар китоби гинес навишт ...зиёда аз 41 нафар иборатанд ва аз хамаи онхо кариб ки фарзанд дорад хулас як интернати калон барои точикистон....лахзахои окибати кор давом дорад.............

Шахрванд
Хеле ачиб. Чаноби оличаноб гуё ки беинсофоии авлоди "хизматгорони халк"-ро намебинаду намешунавад.
Боз амнистия медиханд, то ин ки чиноятхо бисёртар шаванд.

Лутф
Аминистияро барои худашон кабул мекунанд, холо бинед да

Кактус
Исмат шавхари хохари Хасани Саъдуллозода аст. Дигар коментария зиёдатист. Аз паси адолат нашавед, бехтараш аз паси зиндагиатон шавед.

тт
Авлоди назиф,начиб,пок,баргузидаи Худо... Миллати факири точик пеши пои ШУМО курбон бод,,,Рахмат,ки танхо дар садама катл мекунеду холо мисли сайд намепаронед,минатдорем.банда чонибдори сиёсати хирадмандонаи шумо гуломи халкабаргуш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)