Бахшҳо

Таърифи Озодаи Эмомалӣ аз Далер Нақибови боздоштшуда

Озодаи Эмомалӣ, ноиби аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Далер Нақибов, корманди боздоштшудаи Раёсати консулии ин ниҳод, ки дар порагирӣ муттаҳам мешавад, таъриф кардааст.

Озодаи Эмомалӣ дар суҳбат бо “Азия Плюс” изҳор доштааст, ки Далер Нақибов яке аз кормандони ботаҷриба ва босаводи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буда, дар қазияи боздошти ӯ норӯшаниҳо зиёд аст: “Ман намехоҳам то анҷоми таҳқиқот ва ошкор шудани ҷузъиёти ин масъала қазияро шарҳ диҳам ё хулосаҳои пешакӣ барорам.”

Далер Нақибов, корманди Раёсати консулӣ рӯзи 17-уми сентябр ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Кумитаи амният дастгир гардид. Аммо баъдан гуфта шуд, ки Нақибов ба шарти берун набаромадан аз ҷои иқомат раҳо шуда, вале тафтишоти парванда алайҳи ӯ идома дорад.

Расонаҳо хабар доданд, ки Нақибов дар гирифтани 4 ҳазор доллар муттаҳам мешавад, аммо як наздики ӯ ба “Озодагон” гуфт, ки гап сари ҳамагӣ 30 доллари амрикоӣ мерафтааст: “Касе, ки ба ҳаёти хоксоронаи Нақибов бовар надорад, метавонад биёяд ва шароити манзилу зиндагияшро бинад. Ин, ки мегӯянд, ӯ чор ҳазор доллар гирифтааст, дурӯғ аст. Гап сари 30 доллар мерафтааст, ки он ҳам баҳсбарангез аст ва далели кофӣ вуҷуд надорад.”

Ба иттилои мақомот дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд.
Мӯҳр
.
Ботачрибахову босаводон хам пора мегиранд.

Далер Нақибов яке аз кормандони ботаҷриба ва босаводи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ???

Alik
Milisahoi bechoraro to hato baroi 1 somoni pora giriftanashon habs mekunand! Bibusor ki 4000$ nevu 30$ pora girifta boshad farkash chi boyad javobashro dar nasdi konun dihad va lekin agar krisha doshta boshad rangi bachai Hukumov odikh karda megardad chun ki Tojikiston agar kishat boshad megardi va konun tanho baroi mardumi kambagal ast.

Оре
Дар бораи гирифтан пора босавод асту тамом, Манучехраш хам чунин аст

дипломати тачрибадор
Офарин, Озодахон ана хамин тавр кормандони босаводу бовичдони точикро аз хучуми махалгароёнаи гайриточикон мухофизат кунед, пояхои давлати точикон истехком меёбад. Нест бод душманони миллати точик!

Далера подставили из за его честности.

Далерро хамчун инсони бисёр боодобу хоксор мешиносам..У хамеша ба тамоми корафтодагон дасти ёри дароз мекарду кумак мерасонд. Бисёр бомаданият аст. Дарачаи саводнокияш низ хеле ва хеле олист. Чунин андеша дорам, ки вайро просто подставит карданд. Ин хел кадрхо ба дастгири ниёз доранд. Шояд чавони карда бошад. Барои 30 доллари ИМА точикеро мисли Далер шикастану барканор кардан аблахие беш нест. Бе хато факат Худованд аст...Бовар дорам, ки агар ОЗОДИ аз мизочони Сарраёсати консули назарпурси кунад, хамагон маро тасдик мекунанд. Далер бисёр маданияти баланду хулку хуи чавонмардона дорад...

саид
ҳоли бинен, ҳаму қапидагиёра муттаҳам мекунан...и духта ки ихели гуфт ҳам далеруша ҳам манучеҳруша сафед мекунан баъд у қапидагира худша махкам мекунан.
ранге, ки у муфаттиши муаттара чураевара кардан
бечора дузда қапид, худша муттаҳам буровардан

tojik
Ozoda az u tarif kard, ki U ozod meshavad.be pavo boshed.

Кактус
Озодагон офарин!
Мақсади асосии интервюи Озода Рахмонро кушодед. Агар дар ёд дошта бошед, дар аввали сол Озода дар ҳамин Азия Плюс дар мавзӯи кортҳои биёметрӣ интервю дода буд. Магар тааҷҷубовар нест, ки муовини аввали Вазири корҳои корҳои хориҷӣ танҳо дар бораи як кори техникие мусоҳиба медиҳад?
Гумонам, Далер Нақибов метавонад ором бошад, Озода Рахмон уро хорузор шудан намемонад. Хамчунин Манучехри Маҳкам метавонад парвои чизеро дигар накунад. Ин интервю ба мақомоти тафтишотӣ фишори тоқатфарсоро бор мекунад.
Бовар накунед, биёед як ҷоя раванди ин қазияро пайгирӣ мекунем.

T
Ajoib ku! Hama nagzan fakat pora giriftanashon nagz ne

Тохир
Мн як бародари Гаишник дорам хар руз аз ронандагони маршрутка 10 сомони долия мегирад

Чулпон
Эхтимол чои НАКИБИ БЕЧОРА БА ЯГОН КАС ЗАРУА ШУДАГИСТ

Дар Раёсати консули нафаре бо номи Шахбоз Рачабов кор мекрад, ва холо намедонам дар кадом бахши вазорат аст. Ин нафаре буд хеле бесавод, дагал ва доимо аз номи Озода Рахмонова гап мезаду хар чи ки дилаш хост хаму хел рафтор мекард, бо мошинхое сайру гашт мекунад, ки киммати онхо аз 30 хазор доллар кам нест, аммо дар бораи ришвагирии ин кудак (хеле чавон аст) касе чизе намегуяду хама хомушанд.

Убайдулло
Агар Озода таъриф карда бошад значит бегунох аст ира мо мехохем ё не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)