Бахшҳо
24 окт 2014 12:42Тоҷикистон / Сиёсат

Интиқоди Убайдуллоев аз таҳримҳо ва ваъдаи арзонию фаровонӣ дар бозорҳои Русия

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо Сергей Наришкин, раҳбари Думаи давлатии Русия аз таҳримҳо алайҳи ин кишвар интиқод намудааст.

Убайдуллоев, зимни инмулоқот, ки 23-юми октябр сурат гирифтааст, “таъкид намудааст, ягон кишвар ҳаққи фармонфармоӣ ва бор кардани шартҳои худ болои дигар кишварро надорад. Ҳар кас ҳуқуқи интихоб дорад.”

Ӯ афзудааст, ки мардуми Тоҷикистон таҳримҳо алайҳи Русияро маҳкум карда, аз мавқеи ин кишвар ҷонибдорӣ мекунанд. Убайдуллоев инчунин дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералӣ, палатаи болоии парлумони Русия ба масъалаи ҳамгироӣ бо Русия ва узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё дахл карда, таъкид намудааст, ки моҳиятан Тоҷикистон ҷонибдорӣ ҳамгироӣ дар қаламрави собиқ шӯравист: “Аммо мушаххасоти узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди АвруОсиё омӯхта коркард хоҳанд шуд.”

Раиси Душанбе дар Маскав ҳамчунин изҳор доштааст, ки як гуруҳи кории муштарак таъсис хоҳад ёфт, ки ба омӯзиши таъминоти муътадили бозорҳои Русия бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон машғул хоҳад шуд. Масъалаи таъмини фаровонию арзонии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Русия, мавзӯи меҳварии мулоқоти Убайдуллоев дар мулоқот бо масъулини Русия буд, дар ҳоле, ки арзонию фаровонӣ дар бозорҳои худи Тоҷикистон ба назар намерасад.

Убайдуллоев ҳамроҳ бо қариб нисфи вазирони ҳукумат ва роҳбарони вилоятҳои Тоҷикистон барои баррасии ҳамкорӣ бо Русия тайи се рӯз дар шаҳри Маскав қарор дошт.
Мӯҳр
Бешармхо магар шарм намедоред комментхоро намегузоред. Шармандахои шармсори шармистон!

Гурез
Махсулотхои бозорхои худамонро арзон кардед навбати бозорхои Россия шуд. Ачаб гапхо Ха

Окои Убайдуллоев мисли ин ки аз вазъи бозорхои худи Точикистон хабар надорад ва ё агар хабар дорад, демагог аст. Холо дар бозорхои Душанбе нархи 1 кг картошка 2 с. 70 дирам то 3 сомони, зардчома 2, 5 сомони, пиёз 2 с. 80 дирам аст. Соли гузашта дар хамин вакт 1 кг картошка 1, 5- 2 сомони, зарчома 1 - 1, 5 сомони ва пиёз 80 дирам - 1 сомони буд. Яъне афзоиши киматхои махсулоти мухимтарин дар Душанбе тайи як сол аз 150 то 300 дар сад аст. Шумо, ки бозори худро бо махсулот таъмин карда наметавонад ва аз Чину Покистон меоваред, чиро иддаъои таъмини бозори кишоварзии Русияро мекунед.

хахаха
убайдулоев мардуми гарб шахрванди тчк нестан инхел гап назан нагиран ай и бад накунан тчк ро хаёлат хом аст ки мешиносад шумохона ё овозхам надоред бехтараш бетарафи кори оли хаст мон хамон гранту дигар ёрихой гарбро хурда гардед рус бо мо дуст набуд намешад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)