Бахшҳо
25 окт 2014 08:27Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Кадом депутатҳоро мешиносед?

Як назарпурсии “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки бештари сокинон ва меҳмонони пойтахт исми ягон вакили мардумиро намедонанд.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ба интихоботи парлумонии кишвар дар моҳи феврали соли 2015 омодагӣ гирифтаанд. Чанд ҳизб аллакай теъдоди номзадҳои худро ҳам эълон карданд. Барои мисол, Ҳизби халқӣ-демократӣ 68, Ҳизби наҳзати исломӣ 40 ва Ҳизби коммунистӣ 17 аъзои худро муддаии курсиҳои парлумон хоҳанд кард.

Парлумони Тоҷикистон аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, палатаи поёнии он 63 вакил дорад. Бахши аъзами курсиҳои Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аст. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграриро ду нафарӣ намояндагӣ мекунанд. Дар робита хабарнигори “Озодагон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт пурсид, ки кадом вакилони мардумиро мешиносанд? Бештари пурсидашудаҳо мегуфтанд, исми касеро намедонанд. Танҳо ангуштшумор ҳамсуҳбатони мо аз чанд вакил ном гирифтанд. Видеои ин назарпурсиро тамошо кунед ва назари худро бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
дед
арзиши ин депутатҳо ҳаминқадар аст яне ба шинохтан намеарзанд! Албатта ба ҷуз Кабирӣ, Шабдолов, Ҳусайнӣ ва ва андаке Шарипов

мехрубон
Дар хакикат агар вакилон аз чониби халк интихоб гапрдида бошанд ки онхоро мардум шиносада

Албата аксари ин депутатхо ба гайр аз тугма зер куни дигар ягон фаолияти фоъоле хам надоранд. Он Карору Конунхое, ки Хукумат пеш ниход мекунад, харчанд ба зарари мардум хам бошад бе ягон мамоният хамачониба дастгири мекунанд, ба гайри ду се нафар. Баъд аз кучо ин хел депутатхоро мешиноси?! Кадоме аз онхо фаъоланд номхои онхо гирифта шуд. Он чи ки аён аст хочат ба баён нест!

Донистан намехохам
Чи суд аз донистани инхо??? 63 мошин меравад меояд..."Ха"-гуякхо....

Нозир
Намедонам аз руи кадом принсип номзадхоро интихоб мекунанд, вале аник хаст, ки депутатхо вокеан хам аксарияташон арзанда нестанд. Инхо баъзехояшон аз оуи география, баъзе ихтисос ва хам баъзеи дигар барои пенсия рафтан вакил мешаванд. Гузашта аз ин вакилони мо чизеро хал намекунанд. Конунхо сад дар сад тайёр аз Дастгох равон мешавад ва аз руи замона "вакилони мардумй" барои кабули онхо овоз медиханд. Лекин дар чаласаи ахири СЕКАи хизби хоким Раиси хизб ваъда кадаст, ки дар парлумони нав шахсиятхои хирфайи, сухандон ва чавонон пешбарй мешаванд. Ку бубинем то кучо ин ваъда ичрошаванда аст...

Шарипов..Шабдолов..Кабири.....тамом дигарашонро намешиносам

точик
Е бардаро наход депутатора нашиносен депутат хамон шахсоне хастанки конунро бояд бароранд.лекин дар тч депутат кади саг кадр надорад факат мардуми тч як нафарро мешиносад у хам депутатай хам суд хам пракрор хамачи хаст карочи.

Бахудо касам ами 4 сол пеш дар нохияи ховалинг вибери депутат шудак раиси хукумат омадак, халки аму кишлоки ки мо зиндаги мекунем гуфт каса дар инами як занак бдак овоз намета мебарем сарша кокаи метароешем дар одел дар точикистон озод нест вибери депутато ман ягон депутат 28 рафтам Оли намешносам

Ин аст чавоби мардум ба хукумат. Ин парлумон пародияе ба намояндаги аз мардум аст. Агар шахс каме шарму хаё дошта бошаду худашро эхтиром кунад хеч ба чунин парлумон нахохад рафт. Хуб мешуд рахмон парлумонро фаъолияташро лагв мекард. Маблаги хангуфте дар будча эконом мешуд.

МУХОЧИР
МАНА МАРХАМАТ НАТИЧАИ РАВИШИ ОМУЗИШУ ПАРВАРИШИ МАОРИФИ ТОЧИКИСТОН. САВОЛХОИ СОДАРО КИ МАРДУМИ ОДИВУ ЧАВОНОН ДАР АСРИ 21 НАДОНАНД ДИГАР ЧИ СУД АЗ ЧУНИН ХУКУМАТ КИ БА ЗАБОНИ ЗОХИР ФАКАТ ЧАВОНОНУ ЧАВОНОН ГУЁН ЧАШМУ АКЛИ МАРДУМ МЕБАНДАД ....

Патриот
Ҳамватанони азиз! Баъзе аз ВАО и ғайрирасмии ҷумҳурӣ дар арафаи ин ё он чорабинии муҳими сиёсӣ ҳатман даст ба иғво мезананд, аз он ҷумла ана гӯё, ки "бозпурсии" навбати ҳам. Ман депутат нестам ва набудам, лекин саводи кофӣ дорам, ки ҳар як депутат ё аз ҳизбаш ва ё аз ҳавзаи интихоботиаш депутат интихоб мешавад ва шарт нест ки ҳар як одами аз кӯча мегузаштагӣ ҳамаи депутатҳоро ном ба ном донад, ба қавли бародарони рус ин "АБСУРД" аст. Шояд якчанд депутатҳоеро, ки махсус ба популизм машғул ҳастанд ва ҳақу ноҳақ дар ВАО баромад мекунанд донистан мумкин, дигарҳоро ки ҳақиқатан машғули коранд монед кор кунанд Озодагон, канӣ чоп мекунед ё не?

фарв
МУХОЧИР,

Ин чо айб айби чавонон нест. Айб он аст, ки депутатхои мо мардуми нестанд. Аслан мардум на онхоро мешиносаду на касе ба онхо овоз медихад. Системаи интихоботи парламентаро бояд озоду шаффоф кард.

5
Агар интихоб карда бошем ки бишносемашон да.

Мухлис
Рости гап ман ҳақиқатан ҳам мухлиси сомонаи "Озодагон" ҳастам, лекин ҳамин хелӣ саволи бемантиқ ва беҷоро аз "Озодагон" ҳеҷ мунтазир набудам.Охир депутат ҳофиз, раққос, варзишгар набошад, ки дар кӯча роҳгузарон онҳоро шиносанд. Шояд се чор депутатҳои лаққӣ ба монанди Жириновский дар худамон ҳам бошанд, ки корашон фақат дар телевизиону дигар ВАО интервю додан ҳасту халос, лекин депутатҳои ҳақиқӣ бояд дар пресса воҳима накарда дар утоқҳои кориашон ба қонунэҷодкунӣ машғул бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)