АКС: Собиқадорони “Помир”-у “Спартак”-и Маскав ба Душанбе омаданд
Шоми рӯзи гузашта, 24 октябр собиқадорони футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав вориди Душанбе шуданд.
Собиқадорони футболро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, намояндагони Федератсияи футбол ва ҷамъе аз мухлисону рӯзноманигорон пешвоз гирифтанд.
Бозии дӯстонаи футбол миёни собиқадорони тимҳои маъруфи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”, ки ба 25-солагии аввалин бозии “Помир”-и Душанбе дар чемпионати СССР байни дастаҳои лигаи олӣ бахшида шудааст, соати 17:00-и имрӯз дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт оғоз мешавад.
Қарор аст, дар ҳайати “Помир” ситораҳои футболи солҳои 70-80-ум - Владимир Ғуломҳайдаров, Валерий Турсунов, Станислав Карасёв, Алексей Чередник, Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Владимир Ермолаев, Олимҷон Рафиқов, Абдуғаффор Юлдошев, Вазген Манасян, Ҳаким Фузайлов, Владимир Долганов, Александр Пилюгин, Наримон Палабуюк, Сулаймон Бобокалонов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Шӯҳрат Мамадҷонов, Азамат Абдураҳимов ва дар ҳайати собиқадорони “Спартак”-и Маскав Юрий Гаврилов, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Георгий Ярцев, Руслан Нигматуллин, Валерий Шмаров, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, , Юрий Ковтун, Валерий Кечинов, Андрей Пятнитский, Рамиз Мамедов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев бозӣ кунанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |