Бахшҳо

Собиқ сафир дар бораи заифшавии Каримов ва қудратталошии кланҳо

Агар Узбакистон дучори бенизомии сиёсӣ шавад, тамоми минтақаро ба ин буҳрон мувоҷеҳ мекунад. Ин кишвар дар ҳудуди Осиёи Миёна нақши калидӣ дорад, ҳарчанд Қазоқистон намехоҳад ин чизро бипазирад. Аз ин рӯ ба ҳар вазъе, ки ин кишвар мувоҷеҳ мешавад ба амният ва устувории минтақа, аз баҳри Каспий то марзҳои ғарбии Чин, бетаъсир нахоҳад монд. Ин нуктаро Мелкулангар К. Бҳадракумар, сафири пешини Ҳиндустон дар Узбакистон баён кардааст.

Ӯ дар як матлаб, ки торнамои “Indian Punchline” нашр кардааст, мегӯяд, “аммо, пажӯҳишгарон ва марказҳои таҳқиқотии Ҳинд камтар бар ин боваранд, ки Узбакистон вулқонест барои инфиҷор шудан бештар омода аст. Дар воқеъ, ин пӯшидатарин кишварест, ки бо сароҳат намехоҳад асрорашро ба бегонагон рӯшан кунад”.

Мелкулангар К. Бҳадракумар менависад, аз воқеъаҳои солҳои ахир дар Узбакистон садои мусибатбор шунида мешавад. Се ҳафта пеш Тошканд ҳабси хонагии духтари раиси ҷумҳури Узбакистонро расман эълом дошт: “Ҳоло ки диктатор наметавонад духтари худро аз боздошт ва пайгард озод кунад, маълум мешавад, ӯ дигар тавони дар даст доштани фишангҳои қудратро ҳам надорад. Воқеан, дар Тошканд набарди шадиде барои гирифтани қудрат оғоз шудааст. Бо ҷой доштани хабарҳои ҳушдордиҳанда вулқони Узбакистон метавонад рӯзе аз худ дарак диҳад”.

Сафири собиқи Ҳиндустон дар Тошканд дар идома афзудааст, ҳақиқати амр ин аст, ки зимомдории Каримов поён меёбад ва барои ба даст гирифтани қудрат муборизаи шадиде шурӯъ мешавад, ки дар он мақомоти амниятӣ ва “клан”-ҳои номдор иштироки фаъол хоҳанд дошт. Каримов ба клани Самарқанд таалуқ дошт, аммо тавонист тавонзунро риоя кунад. Ҳоло, ки ҳукуматдории ӯ рӯ ба поён овардааст, маълум нест, кадом клан дар ҳоли омодабош ҳаст, аммо кланҳои Ҷизах, Тошканд ва Фарғона аз фаъолтаринҳо маҳсуб мешаванд”.

“Ҷанги миёни кланҳо метавонад кишварро ба лонаи мор табдил диҳад. Мутаасифона рушан аст, ки Хадамоти амнияти Узбакистон (меросхури КГБ) барои ба даст гирифтани қудрат омодагӣ мебинад. Водии Фарғона ҳамеша маҳалли исломгароҳо будааст. Ба ин тартиб ахиран саволе ҳам ба миён омадааст, ки то кадом андоза қувват гирифтани “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Миёна таҳдид эҷод мекунад? Бо вуҷуди ин набояд фаромӯш кард, ки таҳдиди исломии Осиёи Марказӣ ҳамеша аз ҷониби абарқудратҳои хориҷӣ матраҳ мешавад”,-менависад ӯ.

Дар идома Мелкулангар К. Бҳадракумар мегӯяд, ба назар мерасад, худи диктаторҳои минтақа аз худ ҳомии муборизон алайҳи ифротгароии исломӣ ба намоиш мегузоранд ва бо ин далел дар ҷанги Ғарб бар зидди терроризм иштирок мекунанд. Иосиф Сталин дарк карда буд, ки таҳти контрол гирифтани Узбакистон барои оромӣ дар Осиёи Миёна мусоидат мекунад. Ин тасмим фоҷеаангези солҳои 20-уми асри 20 ба хотири он матраҳ шуд, ки ҷомеаи узбак дар миёни 4 ҳамсояи худ аз ақалиятҳо маҳсуб мешуд: “Баъдтар, бозии бузург бо иштироки Русия, Чин ва Амрико шурӯъ мешавад. Узбакистон барои абарқудратҳо на танҳо аз лиҳози ҷуғрофӣ, балки бо захираҳои табии худ арзишманд аст. Дар ҳоли ҳозир дар қиёс бо Русия ва Амрико Чин бештар Каримовро моили худ кардааст. Табиист, манфиатҳои Чин бурд мекунанд. Каримов эҳсоси роҳат мекунад, ки Пекин ҳеч гоҳ барояш дар бораи демократия ва ҳуқуқи инсон дикта намекунад, балки ба тиҷорат ва сармоягузорӣ мепардозад”.

“Агар Узбакистон ба беназмии сиёсӣ дучор мешавад, тамоми минтақаро мувоҷеҳи ин буҳрон мекунад. Манфиатҳои Русия ва Чин дар чунон зиёд ҳастанд, ки дар як замони хос аз ҷониби инҳо метавон дар ростои устувории ин кишвар дар зери партави Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мудохиларо интизор шуд. Русия мисли ҳарвақта таъсиргузори паси пардаи Тошканд хоҳад буд. Аммо амрикоиҳо соҳиби “козыр” –“инқилоби ранга”ҳастанд. Ҳоло, мушахас шуд, ки рузҳои диктатор ба охир расиданд, Узбакистон омодаи инқилоби ранга ҳаст”,-омадааст дар матлаб.

-Бо мустақар шудани пойгоҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳузури хадамоти иктишофии (разведка) ин кишвар дар минтақа пурранг мешавад. Онҳо бо мухолифони Узбакистон кор мекунанд. Кутоҳсухан, “зерсохтор” барои ташкили “инқилоби ранга” дар даст аст. Ин ки Амрико талош мекунад ҳама гуна ҳаракатҳои русгарои Узбакистонро фалаҷ кунад, як воқеияти бебаҳс аст. Аз ҷониби дигар робитаи дӯстонаи Русия бо Тошканд метавонад ин кишварро водор кунад, ки Узбакистонро узви СПАД созад. Афзун бар ин, Тошканд ҳатто бо кумаки Маскав барои узвияти Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дархост кунад”,-гуфтааст Мелкулангар К. Бҳадракумар.

Вай гуфтааст, Қазоқистон узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳаст, Қирғизистон барои дарёфти ҳаққи узвият талош мекунад, Тоҷикистон ҳоло барои ин иқдом фикр мекунад, аммо, дар суртаи поён ёфтани давраи ҳукуматдории Каримов дар Узбакистон ва бо ин талаби узвият дар СПАД ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё пайдо шавад, шадидан вазъи геополитикии Авруосиёро ба манфиати Маскав тағйир медиҳад. Маскав роҳи Амрико ва НАТО-ро барои паҳн кардани манфиатҳояш мебандад. Ба ин далел, аз Амрико метавон талош барои таъсир расондан дар равандҳои Узбакистон интизор шуд. Гумони матлуб ин ҳаст, ки Амрико мехоҳад НАТО-ро ба ҳайси кафили устувории Осиёи Марказӣ муариффӣ кунад. Аз ин хотир Узбакистон ба мавзеи бисёр писандида барои Амрико табдил шудааст.
Мӯҳр
Мелкулангар
хеч гап намешавад. агар хамин узбакистона аз накшаи олам тамоман канда партофта шавад хам хеч гап намешавад. чанд сол вазъи иктисодии кишвари мо ва Киргизистон бадтар мешавад шояд агар шавад дигар дунё дар чои худаш хохад буд.

Асроршикоф
хеччи асроре хам надорад факат якта асрор хаст 70 дарсади ончо точик ва ё точикзабон хастанд ва халке бо исми узбак такрибан 300 сол пеш ба ин сарзаминхо омада мондааст (бадбахтона) дигар хеч асроре намебошад, вохима кардан шарт нест

Мухаммад
Вокеан мисли филмхои хинди андеша мекарда аст ин сафир агар узбакистон аз байн равад хам хеч таъсири баде ба хамсоягон нахохад дошт баръакс хеле хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)