Бахшҳо

Ҳамоиши тоҷикистониён дар Теҳрон барои бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Бахшида ба 700-солагии зодрӯзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккир, шоир ва олими барҷастаи форсу тоҷик дар шаҳри Теҳрон - пойтахти Эрон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ин ҳамоиш, ки бо талош ва ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон роҳандозӣ гардид, бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, фарҳангиён ва донишмандон сурат пазируфт. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, баъд аз намоиши навори видеоие аз оромгоҳи ин орифи шинохта дар шаҳри Кӯлоб, Абӯзари Иброҳимии Туркмон - раиси Созмони фарҳангии ҶИЭ, Неъматулло Эмомзода - сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), Саидободӣ - мудири кулли минтақаии ЮНЕСКО, Муҷтаҳиди Шабистарӣ - раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми ин шахсияти илмӣ ва фарҳангӣ суханронӣ кардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон зимни суханронии худ аз эҳтироми хоссаи сокинони кишвар нисбат ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ҳатто яке аз ашъори ӯро тоҷикистониён дар рӯи пули миллии худ ҷой додаанд:
“Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар - ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод".


Эмомзода гуфтааст, ҳоло дар хазинаи Институти Ховаршиносии Тоҷикистон 52 асар аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст ва бештари онҳо бо ҳуруфи сириллик баргардон шудаанд. Ба гуфтаи сафири кишвар дар Теҳрон соли 2015 Тоҷикистон бахшида ба бузургдошти ин шоири шинохтаи худ ҳамоиши байналмилалие баргузор хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)