Бахшҳо
29 окт 2014 10:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Doing Business 2015: Тоҷикистон 11 қадам пеш рафтааст

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ, зери унвони “Пешбурди тиҷорат 2015” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 166-ум қарор додааст, ки нисбати соли гузашта 11 зина пештар аст. Дар гузориши пешбурди тиҷорат барои соли 2014 Тоҷикистон дар зинаи 177 қарор доштааст.

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.
Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки оғози тиҷорат дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта мушкилтар шуда, аз зинаи 96 то ба 106 поин рафтааст. Ҳимояи сармоягузорон низ заифтар гардида, аз зинаи 55-уми соли гузашта ба 56-ум фаромадаст. Дар масъалаи таъминот бо барқ Тоҷикистон нисбат ба соли қаблӣ се зина поин рафта, миёни 189 давлати дунё ҷои 178-умро гирифтааст. Пешрафти Тоҷикистон танҳо дар умури пардохти андозҳо, дастрасӣ ба қарзҳо ва сабти корхона ба қайд гирифта шудааст, ки мувофиқан дар зинаҳои 169, 116 ва 70-ум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз нигоҳи ислоҳот дар гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ аз пешсафон дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад, ки қонунҳои хубро барои пешбурди соҳибкорӣ қабул кардааст. Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, мушкил дар он аст, ки бисёре аз қонунҳо рӯи қоғазанд ё тариқи тафриқаандозӣ, яъне на барои ҳама баробар татбиқ мешаванд.

Дар сархати ин гузориш, ки тайи 12 соли охир таҳия мегардад, имсол Сингапур, Зеландияи нав, Ҳонгконг, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи ҷанубӣ, Норвегия, ИМА, Британия, Финландия ва Австралия қарор гирифтаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Гурҷистон (15), Эстония (17), Латвия (23), Литва (24), Арманистон (45), Белоруссия (57), Молдавия (63 ), Қазоқистон (77), Озарбойҷон (80), Русия(92) Украина (96), Қирғизистон (102) ва Тоҷикистон ҷои 166-ро гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)