Бахшҳо

Талаби истеъфои Сайфуллоева барои наомадан ба “ҷаласаҳои шабона”-и Раис

Адолат Сайфуллоева, хабарнигори тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи "Тахти Қубод" дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, раҳбарияти Қубодиён, аз ҷумла раиси ноҳия Саъдулло Бекназарзода бо ӯ дағалона рафтор намуда, таҳти фишор истеъфои ӯро талаб дорад.

Хонум Сайфуллоева рӯзи 29 октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Саъдулло Бекназарзода, раиси ноҳияи Қубодиён аз ӯ талаб дорад, аз сардабирии ҳафтаномаи "Тахти Қубод" истеъфо диҳад ва далелро дар он гуфтааст, ки фарзандони бародари шавҳари хабарнигор ба хидмати ҳарбӣ нарафтаанд.

Ба гуфтаи Сайфуллоева инчунин Абдумаҷид Одинаев, раиси дастгоҳи ҳукумати маҳаллии Қубодиён низ аз рӯзноманигори тоҷик хостааст, аризаи истеъфояшро бо мазмуни ин ки худаш аз кор меравад, пешниҳод кунад: “Аз ман талаб доранд, ариза нависам, ки худам аз ҷои кор меравам. Раис маро дар он айбдор мекунад, ки чаро писарони бародари шавҳарам ба хидмати ҳарбӣ намераванд ва инро асос карда, маро аз ҷои корам пеш намуда истодааст. Дар ҳоле ки мақомоти додгоҳию додситонӣ фаъолият менамояду шуъбаи умури дохилӣ ва комисариати ҳарбӣ низ ҳаст. Бигзор фарзанди касе намеравад, худи онҳо ҷавоб диҳанд, ман, ки бо онҳо зиндагии муштарак надорам.”

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, омили дигари талаби истеъфояш наомадани ӯ ба ҷаласаҳои шабонаи раиси ноҳия низ ҳаст. Чун ба гуфтаи Сайфуллоева, қаблан низ ба хотири наомадан ба ин гуна ҷаласаҳои Бекназарзода аз сӯи ӯ миёни мардум мавриди таҳқир қарор мегирад: "Маро гуфт, "ТУР" хабарнигор! “Тур”-е узбакҳо ба саг ё дигар ҳайвонот мегӯянд. Албатта ин ҳама ба хотири наомаданам ба ҷаласаҳои шабона мебошад. Бо вуҷуди он, ки ба худи раис тавассути нома фаҳмондем, ки мо зан ҳастему вазъияти оилавиамонро ба назар гирифта аз иштирок дар ҷаласаҳои шабона озод кунед, аммо дар ҷавоб шунидем, “Шумо боз кӣ ҳастед, ки ба ман қонуну соати кориро мефаҳмонед.”

Адолат Сайфуллоева, ки маъруф ба “Адолати Ҳақҷӯ” аст, яке аз рӯзноманигорони маҳаллии ноҳияи Қубодиён ба шумор рафта, беш аз шаш моҳ мешавад, ба ҳайси сардабири "Тахти Қубод" кор мекунад. Ӯ дар гузашта дар ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Овоза ва ҳақиқат” ва “Ҷомеа” низ кор кардааст.
Мӯҳр
Kubodiyoni
ТУР Бекназарзода!

Шерзод
Ташаккур аз "Озодагон" барои дастгирӣ. Ин зан хабарнигори тавоно ва ҷасуре ҳаст, ки ҳақиқатро мегӯяд ва дар деги журналистика ҷушидааст ва бояд дастгири намоем.

Хуршед
Зани раис маҷлисҳои шабонаба равад кани... Ин раисҳо гузарондаанд бутун. Кора даракаш не 24 соат маҷлис.

Далер
Агар нашрияи раиси нохия бошад, чй хам мекунй, Адолатбону!

TUR
ТУРРРРР РАИС, ТУУУУРРРРРР

Ин узбаки Бекназарзода дар хукумат чи кор мекунад?

Мусофир аз РФ
Ин раис пештар дар нохияи Чоми кор мекард аз дасти у ягон иншооти аз даврони шурави намонд хамара фурухта рафт акнун боз мачлиси шабона ба хайрат меои ба ин идроку аклу фахмиши раисони хозираи давлатии Торикистон

Аз чониби раиси нохия Бекназарзода ин аст -на беш.

zan ehtirom boyad doshta boshad ammo inbonu guzarond Raisi nohiya moshin dod Bonu shavarasha ronanda girift heshohsha korda girift. Ba gair az in agar kumitai zabon agar yak zaboni ruznomaya tahlilunad BAHOU 2 memonad Hato 50-60 to dar har shumora Iltimos chop kuned

Антикуфр
барои ин куфраш яъне истифода кардани калимаи тур бояд аз кор пеш кунанд дуюмаш чаримаи калон баста шавад то ки дар кишвари мусулмонхо дигар гапи куфр назанад

Ситора
Э Бародарон Ман фикр кардам ки Хамин Садуло Бекназаров ба нафака баромадааст Ин С Бекназаров Дар нохияи А Чоми 3ё4 сол пеш Раиси Хукумат буд Хама Мардуми н А Чоми ба дод омада будаанд Хамааш майлаш Аламовараш ин аст ки Ягон Точики баномусе пайдо нашавад ки сума дангал партояд Раиси Хукумати н Кубодийн шавад Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)