Бахшҳо
29 окт 2014 15:39Тоҷикистон / Акс

АКС: Ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикии доктор Абдуллоҳ

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати нави Афғонистон мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии доктор Абдуллоҳ, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар ин вохӯрӣ, ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро табрик гуфта, номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро ба ӯ тақдим намудааст.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти доктор Абдуллоҳ ба нашр расонд, дида мешавад, Шарофиддин Имомов ба раиси иҷроии ҳукумати нави Афғонистон ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикӣ ҳадя кардааст. Манбаъ мегӯяд, сафири Тоҷикистон ба тақвияту густариши робитаҳои Душанбею Кобул таъкид карда ва гуфтааст, ҳукумати кишвар омодааст, аз барномаҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ҳимоят кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар навбати худ аз паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ва ташрифи дипломати тоҷик изҳори ташаккур карда, дар идома афзудааст, “аз ҳамкорӣ, кумак ва мавқеъгириҳои ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои мухталиф ба ҳимоят аз мардуми Афғонистон қадрдонӣ мекунам. Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ҳифз, тақвият ва густариши равобити худ бо Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аҳамияти бисёр қоил аст. Умедворем дар сояи ҳукумати ваҳдати миллӣ шоҳиди рушди ин равобит ва тавсеаи муносиботи тиҷорӣ миёни ду кишвар бошем.

Раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон илова кардааст, Кобул дар мубориза бо терроризм, кишт ва тавлиди қочоқи маводи мухаддир ҳам ҷиддӣ аст ва дар ин бахшҳо бо ҳукумати Тоҷикистон омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ мебошад.


АКС: Ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикии доктор Абдуллоҳ

АКС: Ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикии доктор Абдуллоҳ

АКС: Ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикии доктор Абдуллоҳ
Мӯҳр
э канд зае э Шароф

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)