Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:53

Пулиси афғон аз табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷикаш қаноатманд аст

14 сентябр 2011, 10:59

15 марзбон аз Тоҷикистон ва Афғонистон тренинг дар мавзўи назорати сарҳадӣ ва иммигратсиониро пушти сар карданд.


Тибқӣ иттилои сафорати ИМА дар Душанбе даври мазкури омӯзишӣ тарафи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар чаҳорчўбаи дастгирии иловагӣ ба Маркази омӯзиши сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда буд, ки аз тарафи шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад. Дар ин тренинг 10 афсари полиси марзбонии хадамоти миллии марзбонии Афғонистон ва 5 афсари Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок карданд.

Манбаъ афзуд, тренинг асосҳои амнияти сарҳадӣ, ҳамкории  байнисарҳадӣ, сиёсати судури раводид, фош кардани санадҳои қалбакӣ, мубориза зидди қочоқи инсон ва терроризмро дар бар мегирифт. Шаҳодатномаҳои хатми тренинг ба иштироккунандагон охири моҳи гузашта супурда шуд. Яке аз марзбонони афғон – иштироккунандаи тренинг зикр кард, ки чунин тренингҳо, махсусан табодули таҷриба бо Тоҷикистон ба истифодаи таҷрибаи беҳтарин дар тақвияти фаъолияти оянда хеле муфиданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!