Бахшҳо
30 окт 2014 10:11Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Вакили дифоъ: Ёқуб Салим афв намешавад

Додситонии Тоҷикистон мегӯяд, қонуни нав дар бораи афв ба афроде, ки дар маҳбасанду дар гузашта ду бор ё аз он бештар афв шудаанд дахл надорад. Дар ин қатор Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва сардори гумруки кишвар низ, ки беш аз 11 сол дар боздошт аст, ном бурда мешавад.

Аз Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то анҷоми муҳлати ҳабси Ёқуб Салимов ҳамагӣ 1 солу 7 моҳи дигар боқӣ мондааст, аммо аз суҳбат дар бораи афви ӯ худдорӣ намуданд.

Аммо Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони дифои маъруф изҳор медорад, ки Ёқуб Салимов қаблан ду маротиба афв шудааст ва қонуни навбатии афв нисбати онҳое, ки ду маротиба афв шудаанд, татбиқ намегардад. Ба гуфтаи Воҳидова, Ёқуб Салимов аз соли 1998 мавриди афв қарор гирифта буд ва баъди он соли 2011 низ бори дувум ӯро афв намуда буданд. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос дар вақти эълони ҳукми Ёқуб Салим бо назардошти авфи соли 1998 ба ӯ ҷазо таъин карданд: "Пас аз он соли 2011 боз 2 сол муҳлати ҳабсашро кам карданд.”

Файзинисо Воҳидова аз ин банди қонуни афв, ки зиндониёни қаблан ду ва зиёда аз он афв шударо озод намекунад, изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ин баробарҳуқуқии шаҳрвандонро дар мавриди ин амали башардӯстӣ зери шубҳа мебарад. Номбурда мегӯяд, қонуни афв худ як санади башардӯстона буда, бояд барбарҳукуқии шаҳрвандонро тибқи моддаи 17- и Сарқонун таъмин созад.

Қаблан Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, сардори гумрук ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, бо далели адои аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳ ва бад будани вазъи саломатияш аз Додгоҳи олӣ дархост карда буд, ки ӯро шартан пеш аз муҳлат озод намоянд, ки беҷавоб монд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Салимов аз фармондеҳони Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, гуфта мешавад, барои ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши умда доштааст.
Мӯҳр
Начот
Наход, ки хамин инсон аз 10 хазор чинояткор хафноктар бошад.

Азиз
Афсус, ки чандин наррашерон дар занчиранду ин рубоххои хиллагар чангалро сохиби мекнанд. Аммо кандани ин занчир дур нест ва ин шерон берун меоянд.

Вафодор
Ин Хоин бояд тамоман Авф нашавад

ба фикри ман ёкуб салим дар назди конун чазояшро гирифт ва навбати он расид ки вай ба озоди барояд барои Ватани худ хизат кардааст ба хар хол Ёкуб барои фарзандонаш азиз асту халос агар озод шавад бисёр кори хуб мешуд ин корро кадоме кунад ман бовари дорам ки оллох вайро аз оташи дузахт эмин медорад бисёр корри амри хайр мешавад хам дар ислом ва хам дар назди мардум хуб мешавад тарафи озодии Ёкуб салим мебошам

Давлат
Садридин Ин Ё Салимов ба Давлат ва Хукумат Хиёнат кардааст бигузор то охири умр дар Турма шинад

Екуб ча
Екуб Салимов Чавонмард Чавонмард мемонад Убояд озод карда шавадь

Максаджон
Екуб Салимро озод кунед бинобар сабаби хиенат каданаш барои озоди мубориза бурдааст. Ба гуфтаи мардумон вай бемор аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)