Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Ванҷ-мизбони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба хотири гиромидошти Азалшо Олимов

14 сентябр 2011, 11:19

Дар ноҳияи Ванҷ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи самбо баргузор мегардад.


Ин чорабинӣ бо қарори кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати кишвар, рӯзҳои 23-24-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи маркази сурат пазируфта, паҳлавонон аз рӯи 10 вазн (аз 48 то 100 кг) байни ҳамдигар, ки солҳои таваллуди 1991-1994 рақобат хоҳанд кард. Гуфта мешавад, мусобиқаи мазкур ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Азалшо Олимов ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20 -солагии истиқлолият сурат мепазирад.

Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ зимни тавзеҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешакӣ ба мо дастрасшуда, интизор меравад, дар ин чорабинӣ варзишгарони ВМКБ  3 даста (як даста аз ноҳияи Ванҷ ва ду даста аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят),  инчунин  2 даста аз  вилояти Суғд,  2 даста  аз вилояти Хатлон, «2даста» аз шаҳри Душанбе, «1 даста» аз шаҳру ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе ва  1 даста аз водии Рашт иштирок кунанд. Номбурда қайд кард, ки чунин чорабинии ҷумҳуриявӣ барои аввалин бор аст, ки дар ноҳияи Ванҷ баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ бо қарори раиси ноҳия -Амрихудои Дамдор кумитаи тадорукот  бо иштироки ҳамаи аъзоёни кумита омодагӣ дида истодааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!