Бахшҳо

Главтапакпром, оянданигарӣ ва супермаркетҳои бетаппак

Суҳбати Сайф Сафар ва Рустами Маҷид, ки худро ветерантапаккунҳои «Таппактранспромсервис» муаррифӣ мекунанд:

- Салом! Ягон шинос надорӣ, ки аз Айнӣ каме ангишт биёрем? Светкушӣ сар шуду, то ҳоло имкони хариди кумур надоштам...
- На, ман имсол ангишт харид намекунам. Имсол аз таппак истифода хоҳам кард.
- Чаро? Магар таппак бартарӣ дорад?!
- Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода аст, ки аз таппак ҳамчун сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода бурда шавад.
- Аз ангишт ҳам беҳтар буда аст?
- Дар сурати истифодаи дурусту аз чиҳати илмӣ асоснок, арзиши неруии он ҳатто аз ангишти “кокс” зиёдтар буда аст!
- Ҳм, ҳоло захираи дусолаи таппак кунем-гӯй...
- Албатта! Ҳоло корхонаҳои ҳукуматӣ низ рӯ ба ҳамин сӯзишворӣ овардаанд.
- Хато накунам, ҳамчун намояндагони мардумӣ, парлумон бояд қабл аз ҳама рӯ ба таппак орад.
- Наход? Охир парлумон дар маркази шаҳр ҷойгир асту ба ҳар ҳол оби гарму “атаплени” дорад.
- Ҷӯра, худат аз сиёсат хуб хабардор набудаӣ-да... Чунин иқдом ба хотири он аст, ки вакилон ба аҳолӣ наздиктар бошанду фарқ миёни қишрҳои болоӣ ва мардум камтар шавад!
- Охир, ин ба кори ҷаласаҳои парлумонӣ халал мерасонад! Бубин, истифода аз таппак, табиист, ки насби печҳои бобоиро дар маҷлисгоҳи парлумон ва ҷудо шудани як нафар аловмонро металабад. Тасаввур кун агар дар байни ҷаласа дар печка алов тамом шавад. Дар ин ҳолат магарам як нафар аз вакилон барои аланга додани печ аз ҷой хезад.
- Ҳалли мушкил осон аст. Кумитаи парлумонии оид ба энергетика гурўҳи махсусро ташкил мекунанд, ки барои идораи захираҳои таппак ва таъмини саривақтии печҳои маҷлисгоҳ бо таппак муваззаф мешавад. Шабдолов ҳамчун сардори гуруҳ ҷадвали навбатдории вакилонро барои алавмонӣ тартиб дода, дар рӯзҳои ҷумъа Кабирӣ ва дар рӯзҳои якшанбе Талбаковро аз ин кор озод хоҳад кард. Дар даромадгоҳи толор ҷои кофӣ ҳаст, то миқдори истифодаи якрӯзаи таппак онҷо нигаҳдорӣ шавад.
- Хуб, ба инаш чӣ мегӯӣ. Таппак ҳарчанд аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад ҳангоми аловмонӣ аз печ дуд хориҷ мешавад, ва мабодо дар парлумони пур аз дуд вакилон иштибоҳ кунанду ҳангоми қабули қонун тугмаи “На”-ро фишор диҳанд. Илова бар ин, деворҳои парлумон сиёҳ мешаванду ин ба сафедкунии ҳарсолаи деворҳои дохили маҷлисгоҳ оварда мерасонад, ки худ як дарди сари дигар аст.
- Медонӣ, фаронсавиҳо чанд сол аст ки таҷрибаи печҳои помириро омӯхта дар манотиқи дигар паҳн карда истодаанд. Аз ҳамонҳо метавонем хоҳиш кунем ин печҳоро, ки дудашон камтар, гармидиҳиашон бештар ва ҷои махсус барои об доранд, дар парлумон насб кунанд. Барои масъалаи хатои тугмаҳо бошад, мутахассисони технократро аз Русия ё Чин ҷалб кунем, то натиҷаи ҳарду тугмача як овозро нишон диҳад. Бе ин ҳам, яке аз ин тугмачаҳо мавриди истифода қарор намегираду вакилон умрбод яктои онро зер мекунанд, яъне, чизеро аз даст намедиҳем.
Дар мавриди сафедкунӣ бошад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ даъво дорад лоиҳаеро пешниҳод кунад, ки ба хотири сарфа шудани буҷа ва барои иҷрои сиёсати дарпешгирифтаи наздикшавии нухбагон бо мардум, ҳамин сафедкунӣ аз миён бардошта шавад. Фазои як хонаи оддии деҳотӣ тамоми сол дар парлумон нигаҳ дошта шавад. Дар омади гап, медонӣ чаро раву сутунҳои хонаҳои деҳотиён намепӯсанду ҳашарот намехӯрад? Сабаб ҳамин дудаангор буданашон аст, ки бешубҳа барои биноҳои давлатӣ низ муфид хоҳад буд. Ба ғайр аз ин вакилон ҳангоми баҳсу баррасии лоиҳаи қонунҳо на аз ҷойҳояшон гап мезананд, балки дар гирди печҳо ҷамъ шуда, дӯстона сари сад гиром чои сабз суҳбат мекунанд.
- Воқеан, дар ин ҳолат печка як хатари ҷиддӣ дорад. Масалан, ҳангоми суҳбат ягон вакил дастафшонӣ кунаду дасташ ба печ расаду бисӯзад, ҳа? Вале роҳи ҳал ҳаст. Аз арматура ҳарфҳо сохта дар печкаҳо “Не трогать” кафшер мекунанд ва мушкил ҳали худро пайдо мекунад.
- Ун нафаре, ки зиёд дастак заданро нағз мебинад, нақши винтеляторро иҷро када, бӯй ва дуди оташро аз вакилони муҳтарам дур мекунад. Барои ин ба ин нафарон “премия” ҷудо кардан лозим. Фақат бояд Тоҷикстандарт афшондани дастонашро “стандартонад”, то мабодо “премия” гуфта тӯфон нахезонанд.
- Таппак боз як мушкил меофарад. Ту фикр намекунӣ хокистаре, ки пас аз сӯхтани таппак боқӣ мемонад, ҳар рӯз бояд бароварда шавад. Парлумон хонаи оддӣ нест, ки дар як рӯз се бор ҳангоми пухтани хӯрок алов мемонанд. Онҷо бояд тамоми рӯз печҳо кор кунанд то вакилон хунукиро эҳсос накарда, босамар кор кунанд.
- Бо дастгирии Кумитаи экологияи парлумон ва Ҳизби аграрӣ дар бино гул ва дигар рустаниҳо шинонда шавад. Хокистар, ки аз баъзе элементҳои барои растаниҳо лозимӣ бой аст, ба ҷои нурии минералӣ истифода шавад. Раванди истеҳсол ва истифодаи таппакро бо ин роҳ боз ҳам каммасрафу кампартов кардан мумкин аст.
- Интавр ки бошад идораву корхонаҳои дигари давлатӣ аз парлумон ибрат гирифта пурра ба сўзишавории таппакӣ гузаранд. Зимнан, маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ дурнамои гузариш ба истифодаи саросарии таппакро омода карда ба парлумон пешниҳод кунад.
- Фикр мекунам, ҲХДТ барои қадам ба қадам ва саривақтӣ иҷро шудани чунин барнома мусоидат карда, ҳама манбаъҳои ҳизбӣ ва ғайриҳизбиашро равона хоҳад кард.
- Ман фикр намекунам, ки ҲХДТ вақти қиммати худро ба ин масъала сарф кунад чун дар пеш интихоботи парлумонӣ ҳаст ва ҳамаи неруашон барои омодагӣ ба ин маърака равона шудааст.
- Ба фикрам, баръакс ин ҳизб ҳамчун иттиҳоди зиёиёни оянданигар, ин мағзҳои миллат, кайҳо аз вуҷуди чунин роҳи ҳалли мушкилот хабар доранду онро ба барномаи пешазинтихоботиашон илова кардаанд, аммо ҳамчун “фишка”-и махсус онро пинҳон медоранд. Аслан, ҳар ҷонибе, ки зудтар аз роҳандозии чунин тарҳ хабар диҳад, ҳамон баранда хоҳад буд.
- Агар блоки макроиқтисодии Тоҷикистон ба истифодаи таппак гузарад-чӣ? Бахусус корхонаҳои калони ҷумҳурӣ, ки ниёз ба газ ва дигар манбаҳои нерӯ ниёз доранд.
- Масалан, агар “ТАЛКО” ва “Тоҷиксемент” аз ангишт ва миннати гази ҳамсоя ба таппак гузаранд, ҳам экологияи кишвар аз ҳисоби истихроҷ нашудани боигарии конҳои ангиштсанги Айнӣ ва Назарайлоқ “дам мегирад”, ҳам корхонаҳо мустақил шуда, миллӣ мегарданд.
- Олимони генетик ва селексионерони кишвар навъҳои махсуси гов ва рустаниҳоро бояд бароранд, ки барои истеҳсоли бештари таппак ва боло бурдани сифати он мусоидат намояд. Чунин таппак метавонад мавқеъи калидӣ дар содироти кишвар дошта бошад.
- Дар ин сурат, бояд сирри истеҳсоли он махфӣ нигаҳ дошта шавад ва агар кадом як ҷосусе зери либоси олим омада онро тадқиқ кунад, паси панҷара равад ва ватанаш ба рӯйхати таҳримҳои иқтисодии Тоҷикистон ворид мешавад. Ба таври мушаххас, он кишвар аз таппаки навъи олӣ бенасиб мемонад.
- Дар баробари таппак, печҳои махсус ва мутахассисони соҳаи аловмонӣ низ ба он кишварҳо пешниҳод нашуда, кадрҳои онҳо низ барои такмили ихтисос ба Тоҷикистон роҳ дода намешаванд.
- Хайр, дер шуд, равем таппак харем. Дар Ҳисор мегўянд тапаки хуб ҳаст.
- Рахаш дур. Чаро дар супермаркетҳо шуъбаи таппакфурушӣ намекушоянд?
- Чунки Точикстандарт селофанпеч накарда ва бидуни “срок годности” онро ба фурўш роҳ намедиҳад. “Главтапакпром” бошад, ҳануз бастаи махсуси таппакро насохтааст.
- Ба фикрам, таппаки Варзоб хубтар.
- Рафтем.
Мӯҳр
Бе тапак
ОФАРИН бехтарин, аммо фикр мекунам,ки боз Офарин

Начот
Агар дар хакикат рохбарони хукумат ва дех-путат- хои мо фарзандони асили миллати мо, дар пастиву баландии миллат шарик бошанд, ва ба онхо пешниход менм, ки лимити баркро дар тамоми минтакахои Точикистон ба шумули ПОИТАХТ- маркази аклу хираду миллат, ба худ ва фарзандони худ раво бинанд. Гарчанде ки дар марказхо барк додан шарт ва зарур аст, аммо онхо аз истифодаи он ба хотири СОЛИДАРНОСТЬ ба миллат,худдори кунанд. Мо шояд баъд аз ин ифтихор менем, ки мо- МОХ хастем.

Jomasafedon
XAXAXAXA OFARIN barodari azizu giromi. Hukumat boshad boyad sharm kunad va zs pasy islohoty mushkili shavad. Lekin bovari doram hudro ba karivu kuri meandozad. Barodar hushyor bosh turo ham EKSTRIMIST mebarorand bo in tapakprom. ZINDA BOSHED ozody hohoni TJK

ба хамин маколат мур ай ин рузата. Ин кадом журналисти ахмаки гуспад навистааст. О худуд ку аз ухдаи намебаои чи ба Точикистонта паст мезани ахмак, Инхамин адреси ман навис ба ин маколат Хароми бо ин чоп кардаст. ба яъне хам рохбар ва мухарри ва хам ЖУРНАЛИСТЕ, ки хамина навистааст.

Афанди
Афанди дар мусобикаи бузкаши дустонашро савори асп дида,хавасаш мебиеду ба хона баргашта аз занаш талаб мекунад,ки ба у пул дихад то асп харида монанди дустонаш<катаги>кунад.Аммо занаш ба у шарт гузошта мегуяд:агар г...хаш таппак шавад,ман рози,бар акси хол не.

"Интавр ки бошад идораву корхонаҳои дигари давлатӣ аз парлумон ибрат гирифта пурра ба сўзишавории таппакӣ гузаранд. Зимнан, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ дурнамои гузариш ба истифодаи саросарии таппакро омода карда ба парлумон пешниҳод кунад."
Бо гузашти камтар аз панч мох эътироф шудани Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ боз хам дарак аз сут шудани дин дар иродаи журналистон аст!!!
Офарин, ки Шумо хам ба илм руй оварддаед ва ин нишонаи баак шудани чанд шахрванди Точикистон аст!!!

Mans
И аблахои кишлоки чи меган. О шумо парлумонро, танкид кардани бошед чунон нависед, ки миллату давлат тахкир нашавад. Хам давлатро тахкир кардаеду хам миллатро. Ба чойи чавоб гуфтан ба пешниходи аблахонаи мутахасисони Бонки умумичахони, миллати худатонро тахкир кардаед. Медонам ки бо киноя навиштаед, вале аммохои зиёд дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)