Бахшҳо

Даргузашти Комил Мусофиров, мубаллиғи арабӣ дар Тоҷикистон

Комил Мусофиров, собиқ декани Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз мубаллиғони асосии забони арабӣ дар кишвар шоми 29-уми октябр дар синни 77 солагӣ аз дунё даргузашт.

Мусофиров соли 1937 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз аввалин хатмкардаҳои факултаи шарқшиносӣ (забонҳои Осиё ва Аврупо)-и ДМТ дар солҳои 1958-1963 мебошад. Ӯ инчунин муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод буда, зиёда аз 50 сол дар кафедраи филологияи араби ДМТ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти араб кор кардааст.

Комил Мусофиров тӯли 12 сол, аз 1983 то 1995 раҳбарии факултаи шарқшиносиро ба уҳда дошта, муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмиву тадқиқотӣ ва беш аз 20 китобро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла “Китоби дарсии забони арабӣ”-1975, “Маҷмуаи ҳикояҳо ва латифаҳои арабӣ”-1970, “Ҳикояҳои арабӣ”, “Шарораи аввалин”, “Ном ва номгузорӣ” маҳсули қалами Мусофиров мебошанд.

Ӯ барои хизматҳои шоёнаш дар замони шӯравӣ бо “Нишони аълочии мактабҳои олии СССР”, медал барои “Меҳнати шуҷоатнок” ва дар замони истиқлолият ба унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” мушарраф гаштааст.
Мӯҳр
Раҳнамо
Рӯҳаш шод бод! Марди хубе буд.

в
Дар рахмати Худованд!

Устод Комил Мусофиров бисёр инсони хоксору росткавл ва кадри оригинал буданд. Ин хел кадрхоро дар замони хозира дарёфт кардан бисёр мушкил мебошад. Дуругу рост химоя мекунанд ё ягон каси дигар рисолаи номзадиашонро менависанд. Имл хор шуд.
Ёди устод Комил Мусофиров бахайр ва хонаи охираташон обод бод.

88
Рухат шод бод устоди тамоми шаркшиносони точик.

Азизмурод
Инсони хуб буданд. Рухашон шод бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)