Бахшҳо

Боздошти мошинҳои "муҷаҳҳаз" аз ҷониби Воҳиди махсуси амнияти Президент

Кормандони Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва дигар меҳмонони олимақом дар Душанбе машғуланд, дар кӯчаи марказӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ муҷаҳҳаз намудани воситаҳои нақлиётро бо дастгоҳҳои автоматӣ ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ду мошин дастгоҳҳои махсуси автоматӣ насб шудаанд, ки ҳадафи он рӯйпуш намудани қонунвайронкуниҳои ронандагонашон мебошад.

Ба иттилои манбаъ ахиран зери назорати кормандони “Воҳиди махсус” мошини сокини Хуҷанд қарор гирифт, тариқи пахши тугма аз дохили автомашинааш рақамҳои давлатияш иваз мешудаанд ва ба ҷои рақамҳои аслӣ рақамҳои тақаллубӣ мебаромадаанд. Ин ниҳод мегӯяд, бо насби ин таҷҳизот дар мошини “Опел вектра”-ааш Олов Зиёмамади 29-сола аз шаҳри Хуҷанд қоидавайронкуниҳояшро аз чашми дурбинҳо ё худ камераҳои назоратии Душанбе пинҳон мекардааст: “Бо пахши як тугма аз дохил рақами давлатии мошинашро иваз мекардааст ва инчунин аз садоҳои хоси мошинҳои хидматӣ сӯиистифода карда, қонуншиканиҳо менамудааст.”

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки алайҳи Зиёмамади 29-сола парванда боз шуда, барои чораандешӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин нахустин ҳолат набуда, қаблан низ як мошини дигари муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Муайян гардидааст, ки ронандааш барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат 7 ҳазор сомонӣ қарздор будааст ва ба ҳамин минвол қоидвайронкуниҳои навашро пинҳон намудааст.
Мӯҳр
профессор
Барои "идея"-аш мукофотонида шаваду, барои нодуруст истифодаи он мучозот!! :)) smile

МАЙНААШ ЗУР БУДААСТ, УРО МУКОФОТОНИДАН ЛОЗИМ АСТ.ИН ЗАЙЛИНХО ХАМ БУДААСТ.ОФАРИН.

дед
боз ҳам паказуха ва хокпошӣ ба чашми мардум
ҳамаи фарзандони вазирону раисон чунин мошин доранд аммо инҳо ҷуръат надоран онҳоро назорат кунанд боз ҳам ба шаст як камбағали опелсавор афтод

Ятимнавоз
ува ягон точик ва ё муслмон ихтироъ накардаст хаммаш аз тарафи кишвархои Гарб ворид карда шудааст барои ихтироъаш у нафари гарби немис ё англис ва ё фаронсавию итолиёи кайхоъ мукофоташа гирифтаги ин хел нафархоро бояд чаримаи калон кард ва пули онро ба хонаи ятимон сарф кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)