Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Тоҷикони Украина Шӯрои диаспораи ҳамватанонро таъсис доданд

14 сентябр 2011, 11:46

Дар Киев ҷаласаи тадорукотии Шӯрои диаспораи тоҷик, ки дар он роҳбарият ва намояндагони ҷамъиятҳои маҳаллӣ аз 13 вилояту минтақаи Украина ширкат доштанд, баргузор шуд.


Бино ба иттилои вазорати умури хориҷа ҷаласаро сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ифтитоҳ намуд. Дипломати тоҷик гуфт, роҳбарони ҷамъиятҳо бояд ба масъалаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҳамватаноне, ки дур аз Ватан қарор доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. «Ҳамватанони мо – аъзоёни диаспораҳо ҳамарӯза ба дастгириву кӯмак оид ба масоили мухталиф, ҳалли проблемаҳои ҷойдошта ниёз доранд», - зикр сохт сафир.

Султонов таъсис додани Шӯрои диаспораи тоҷикро дар Украина амри воқеӣ ва зурурӣ номида пешниҳод намуд, ки ин ниҳод ҳар чӣ зудтар бояд ташкил шавад. Дар баромадҳои худ раисону аъзоёни ҷамъиятҳои шаҳрҳои Киеву Севастопол ва вилоятҳои Николаев, Одесса, Днепропетровск ва Харков таклифи мазкурро дастгирӣ карданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Шӯрои диаспораи тоҷик дар Украина дар ҳайати 11 нафар интихоб гардид. Ба ҳайси раиси Шӯро Нурмаҳмад Собиров, ки дар давоми якчанд сол ҷамъияти тоҷикони шаҳри Киевро роҳбарӣ мекард, интихоб шуд. Тибқи пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа роҳбари ҷамъияти тоҷикони «Пайванд»-и вилояти Харков Нурулло Сайдалиев, аъзои ҷамъияти тоҷикони Севастопол Ҷӯрақул Набиев ва аъзои диаспораи Киев- Мухтор Ҳасанов ба сифати муовинони раиси Шӯрои диаспора интихоб гардиданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!