Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:57

Шикору боздошти тоҷикон дар пойтахти Русия бо иттиҳоми «номаълум»

15 сентябр 2011, 03:02

Ду ҳамватани моро пас аз анҷоми намози шом, аснои баромадан аз масҷиди тахрибшудаи «Хиёбони Мир»-и шаҳри Маскав боздошт карда, мавриди истинтоқ қарор додаанд.


Абдуқаюм Мақсудов, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки мувақатан дар пойтахти Русия кору зиндагӣ дорад, дар ин маврид ба дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон «Мемориал» шикоят бурдааст. Ба гуфтаи номбурда, ӯ ва Абдураҳим Тошматовро, рӯзи 11 -уми сентябр, тахминан дар соати 20 : 30, дар  наздикии масҷиди айни ҳол вайроншуда, дар «Хиёбони Мир»   афроди ғайринизомӣ дастгир карда, ба пулисхона бурдаанд.

 

Расонаҳои иттиллотии Русия бо такя ба манбаҳои хабарии худ навиштаанд, ки тоҷиконро афсарони Хадамоти амнияти федералӣ боздошт карда, то соати сеи субҳ дар ШКД-и ноҳияи Мешанский пурсуҷӯ кардаанд. Пас аз тафтиши ҳамватанаони мо изи ангуштони Абдуқаюм Юсуфовро нусхабардорӣ карда, онҳоро ҷавоб додаанд.  Абдруҳим Тошматов бошад, ҳанӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Бино ба қавли нозирони амниятии Русия Тошматов дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ доштан бо ҳаракати мамнушудаи динӣ таҳти пайгард қарор доштааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!