Бахшҳо

Эшони Нуриддин: Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар Тоҷикистон хок нашудааст

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо вафоти Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, шахсияти шинохтаи ҷаҳони Ислом дар Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, мазоре, ки бо номи ӯ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст, асоси таърихӣ надорад.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - turajon.org, гуфтааст, “мазоре, ки дар Ховалинг ба номи Увайси Қаранӣ машҳур аст ҳеч асоси таърихӣ надорад”. Ба қавли Эшони Нуриддин, Увайси Қаранӣ аслан ба қаламрави Тоҷикистон пой нагузошта, дар минтақаи маъруф ба номи Сиффини Сурия, наздикии марзи Ироқ ба ҳалокат расидааст ва то ҳол қабри ӯ ба таври дақиқ маълум нест.

“Увайс замони хилофати Ҳазрати Умар аз Яман ба Мадинаи мунаввара омад ва Ҳазрати Умар бо ӯ мулоқот кард ва аз ӯ талаби истиғфор хост. Баъд аз ин аз Мадинаи Мунаввара ба Куфа (шаҳре дар Ироқ) омад. Ривояти Муслим. Дар замони хилофати Ҳазрати Алӣ аз тарафдорони эшон буданд ва дар ҷанги Сиффин дар соли 37 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расиданд, ҳамчуноне, ки ин гуфтаҳо дар кутуби таърих мисли Сияру аъломиннубалои Имом Заҳабӣ омадааст”- афзудааст ин руҳонии тоҷик.

Увайси Қаранӣ ба қавли Эшони Нуриддин “яке аз авлиёуллоҳ ва бандагони солиҳи Худо” буда, замони паёмбарии Муҳаммад (с)-ро дарёфт кардааст, аммо “аз сабаби бемории модараш” бо паёмбар мулоқот накардааст: “Паёмбари акрам (с) саҳобаҳоро амр карданд, вақте Увайсро диданд аз ӯ талаб кунанд, то баряшон аз Худо талаби истиғфор кунад”.

Ҳоло дар Тоҷикистон, дақиқтараш дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мазоре ба ӯ рабт дода мешавад, ки ҳамасола аз дохилу хориҷ то 20 ҳазор зоир ба зиёрати он меоянд. Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар доираи як сафари расмии худ аз ин макон боздид карда буд.
Мӯҳр
Соки
ана гапу мана гап. значит мо кадом кабри холиеро зиёрат мекунем?!

Эшон
Эшони Нуриддин бояд ин хакикатро этироф кунад ки у ва хазорон нафари дигар эшонхои сохта хастанд. Инхо рабте ба авлоди пайгамбар надоранд, зеро пои псйгамбару авлоди онхо то ин чо нарасидааст.

Бумуслим
Олимони таърихшиноси точик кайхо исбот кардаанд,ки ин оромгох,оромгохи Султон Мирзо Увайс,хокими Бадахшону Хатлон буда,яке аз наберагони Амир Темурланги мугул аз ели барлос хаст.Солхои 1505 -1528 дар ин вилоятхо хукумат дошта,авлодонаш бошад то соли 1584 инчо хукм рондаанд.Увайси Карани чун тарафдори хазрати Али дар Сурияи имруза солхои 665 ,яъне зиёда аз 50 сол пеш аз хучуми арабхо ба Хатлон вафот кардааст.Санги макбараи ин Султон Увай Мирзоро низ ёфтаанд,лекин онро ба ахоли нишон намедиханд.Ин Увай Мирзо дар чанги зидди шайбониён ба Бобур дар пули Сангини Норак ёри дода буд.

Мехр
Миллати соддаи Точик, чи кор дори ба Увайс- фикри сагеру сугури худата кун. Ислом ба зоти пок ва Расули У алока дорад.Боки хама ширк аст.

Lailo
mo Mardoni xudoro hamashro dust medorem lokin na onxele ki imruz odamo rafta sangoro busa mekunan az mazorho talabi hojate mekunand va baroi mo farke nadorad ki mardoni xudo dar kadom gushai dunoand

Чура
Ачаб коре, ачаб коре!!
Оё касе, умуман, дидааст, ки он чо нафаре гур карда бошад?
Бисёр шудааст, ки одамон аз руи хурофот ва аз руи хоббинихо чохоеро парастиш мекардаанд ва дар ходисае мефахманд, ки он чо ягон устухони одам ё чондори дигаре нест.
Хукумати Точикистон бояд дар хамин суханхои Нуриддин Тураев як эспедицияча ташкил карда хамон мазора санчида барояд.

Самак
Эшони содда будаст-дия. Дигарон чизхои бегонаро азхуд мекунанд. Ин маак бошад аз мо нест гуфта шиштаст. Худаша доно мегирад чй? Э войи точик...

абдулох
касоне ки ба ин гуфтаи бобои эшон мухоилфед бо далелу хучат исбот кунед ки увайси карани дар точикистон хок шудааст.

Дарвеш
[b]абдулох[
Олимони таърихшиноси точик кайхо исбот кардаанд,ки ин оромгох,оромгохи Султон Мирзо Увайс,хокими Бадахшону Хатлон буда,яке аз наберагони Амир Темурланги мугул аз ели барлос хаст.Солхои 1505 -1528 дар ин вилоятхо хукумат дошта,авлодонаш бошад то соли 1584 инчо хукм рондаанд.Увайси Карани чун тарафдори хазрати Али дар Сурияи имруза солхои 665 ,яъне зиёда аз 50 сол пеш аз хучуми арабхо ба Хатлон вафот кардааст.Санги макбараи ин Султон Увай Мирзоро низ ёфтаанд,лекин онро ба ахоли нишон намедиханд.Ин Увай Мирзо дар чанги зидди шайбониён ба Бобур дар пули Сангини Норак ёри дода буд.

Имоми Аъзам
ин эшони нуриддин номаъқул кардааст
Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ аз деҳаи Қарани Ямани ҷанубӣ ҳаст ва аз даҳ авлиёи Яман ҳисоб ҳаст ва китобе ба номи даҳ авлиёи Яман байни уламои ҳақиқии ислом маъруф аст...
яманиҳо худ марқади Ҳазрати Султонро доранд, вале эътироф мекунанд, ки тибқи маъхазҳои таърихӣ ин бузургвор ба Хуросон сафар кардааст ва онҷо ба хок супорида шудааст...

ассалому алайкум ва гуфтаниам ки ба чои ин зиератхо ибодатхои худро пурра ва солим анчом диханд ва ба сокию ешон мегуям ба мо хамин бас аст ки ешони нуриддинчон олими ислом хастанд ва ман чое хам нашунидам ки у худро тариф карда бошад е аз авлоди паембар с гуфта бошад

Дар тазкират-ул-авлиё, дар ягон чояш Султон Увайси Карани наомадааст. Увайси К,арани аст, яъне калимаи Султон нест. Бо Эшони Нуриддинчон бояд мувофик бошем. Дар хакикат ин авлиёи бузург ба Точикистон наомадааст. Навиштахои Бумумслим низ бояд санчида шаванд.

Неки безор шудем кати хами Эшоу Арабу Мазорпараститон ай уда Худоро бишносед бипарастед мардуми гумрох!!!!!!!!!

абдулох
Дарвеш,
байни мусалмонхо як увайси карани машхур аст ва сохиби эхтиром аст. Максади бобои эшон хамон аст.Аммо он увайсе ки мегуи гуё хокими кучое будааст одатан мардум кабри хокимонро мазор карор намедиханд. Ба эьтикоди мардум увайси дар ховалинг буда хамон увайси карани аст.


точик
Эшон,
Пои авлодони пайгамбар ба ин чо расида буд.Магар фаромуш карди чандин солхо дар зери арабхо буди?имруз ду душмани дин шуморо игво меандозад бефаросотона хар гапро мегуед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)