Бахшҳо

Норозигии наздикони кӯчарӯб аз афви прокурор

Наздикони Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик, ки дар пай садамаи нақлиётии Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура даргузашт, аз афв шудани ӯ изҳори норозигӣ намудаанд.

Муҳаммадризо, яке аз наздикони марҳум дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Фирӯз Холиқзода бояд мувофиқи қонун ҷазояшро мегирифт ва бидуни ҳеч гуна ҷазо озод намудани ӯ, ин беадолатӣ мебошад.

Номбурда иброз дошт, ки онҳоро рӯзи душанбе, 3-юми ноябр барои ширкат дар мурофиаи Холиқзода ба додгоҳи ноҳияи Сино даъват намуданд ва ҳамон рӯз афваш карданд: “Вақте қонун чунин аст, дигар аз дасти мо чӣ ҳам меояд. Он як садамаи фоҷиабор буд, ки боз ӯ гурехта буд. Мо ӯро дигар ба Худо супоридем”.

Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Наздикони Зеварбону Пирова қаблан гуфта буданд, ки Фирӯз Холиқзодаро барои чунин амалаш ҳеч гоҳ намебахшанд. Онҳо пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”
Мӯҳр
murad ba hamin kori kadagiyash hudozadai

Ситора
Ин чи шурест ки дар даври камар мебинам Агар Хамин Акаи Фируз Ягон писари Камбагал мешуд бовар кунед Камаш барои Зада Гурехтанаш 8ё10 сол Хукум мегирифт Хонед Хулоса бародаронед Бародарон Илтимос Чоп кунед

Ситора
Ин чи шурест ки дар даври камар мебинам Агар Хамин Фируз Писари Ягон камбагал мешуд Вой бар холаш Барои Одамро бо мошин задан ва Гурехтан камаш 10ё12сол Хукум мегирифт Хонед Хулоса бароред Фикратонро баён кунед Илтимос Чоп кунед

Далер
Хай дигар хел хам намешуд. Оё ягон кас бовари дошт, ки ин одам ягон сол мегирад? Ба фикрам не. Хама медонанд, ки ин намуд делохо тез пушонида ва хал карда мешаванд. Биёед акнун интизори ягон аварияи овозадори дигар шавем.

МАГАР ВИЧДОНАШ УРО АЗОБ НАМЕДИХАД, ОДАМРО КУШТА ЧИ ТАВР ЗИНДАГИ МЕКАРДА БОШАД?

хайрат
одамкушам авф мешудааст мии ачабоооооооооо во ачабооооооо

Точик
Ин чи давлату чи давлатдорист? Аз газаби Худо тарсед! Магар зани кучаруб одам нест? ё одамкуши хамин кдаар осон аст ки дар 1 мох бароед?

Саидали
Ана давлатдории мо !

Миллатдуст
Офарин ба чунин давлатдориву авфбарори. Ин чо чойи хандаву бози нест, ин чо гап сари чони як инсон меравад. Наход чони як нафар инсонро бармахал аз хаёт махрум кунаду боз ба озоди барояд. Ин чи гап аст? Наход чаноби оли уро озод карда бошанд. Ва ё масъулин чаноби олиро фиреб дода истодаанд? Як зани бечораи кучаруб, ки шаби хоб надошту пайваста мехнат мекард ва хатто бо "ташаббус"- и "Фирузчон" дидани бахти фарзандаш муяссар нагашт, наход кадру киммат надошта бошад?

Агар президент ва раиси шахр нисбат ба хамин масъала чунин хунукназари дошта бошанду дар Точикистон накзи хукуки инсон бо хамин дарача паст бошад, вой бар холи ин миллату ояндаи Точикистон!

<bupjh by тарбияткардаи мансабдор чазояшро гирад. У хушбахтона умр ба сар бараду нафари дигар бо кори у зери хок равад. Мухтарам сарвари давлат Эмомали Рахмон оё хамин аз руи инсонгари аст ва ё вичдон?

О чура дар ин давлат конун дар руи когаз вале амал нест барои хамин инхоро ба додситони ягона яъне Худо супоридан даркор тамом вассаломммм...... Чон Точикистон барои авфухарифат....

Сафар
Худо ба дарди ин оилаи чабрдида расад бовар кунед ин шахс бади чанд мудати кутохе сохиби вазифаи худам мешавад ба мисле ки ягон коре накарда бошад.

Я вшоке не могу дават коментарии я тоже пострадавший

Чуброн Халил
Ин масъала хатогии махз аст.Ин чо конунгузор бояд дигар холатхоро хангоми кабули конуни авф медид!

худотарс
дар бори чизи набуда чаро гап мезанед азизон? 20 сол шуд вафоти қонуна дар Тоҷикистон

камбагал
писари мани камбагал барои як телефони 100 сомона дар кунчи махбас шиштаги аст,на авф кардан на срокашро кам,барои ки писари прокурору суду,Хукумову,Кабири нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)