Бахшҳо

Рӯзи театр: Нигаронии Марҳабо Ҷабборова ва ваъдаи вазири фарҳанг

Марҳабо Ҷабборова, муовини сарвазири Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи андаки тамошобинон ба театр нигаронӣ карда гуфт, барои ҷалби бештари ҷавонон ба театр аз усул ва роҳҳои нав бояд истифода кунанд. Ӯ ин нуктаро дар маросиме бахшида ба Рӯзи театри тоҷик дар Душанбе иброз дошт.

Ӯ афзуд, “Вазорати фарҳангро зарур аст, барои ҷалби тамошобин ба театр ва эҳёи маърифати театравии ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон чораҳои мушаххас андешад. Вақти он расидааст, ки ҷиҳати ҷалби тамошобин ба театр бояд аз роҳу усулҳои нав бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ истифода бурда шаванд”.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бошад, ваъда кард, камбудӣ ва норасоиҳои моддие, ки кормандони театр ба он рӯбарӯянд, дар оянда ислоҳ хоҳад шуд. Вазир зимни қадрдонӣ аз собиқадорон ва ҳунармардони театр гуфт: “Барномаи консертие, ки чанде қабл зимни ташрифи 12 президенти кишварҳои гуногун дар Тоҷикистон намоиш дода шуд, ба қавле сару садои зиёдеро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард”.

Зимнан, ба коргардонҳои ин барнома - Убайдулло Раҷаб ва Набӣ Ҷалол мукофоти давлатӣ дода шуд. Инчунин, Атто Ҳамдам, Нурулло Абдуллоев ва як қатор ҳунармандони дигар бо ҷоиза ва ифтихорномаҳо сарфароз гадиданд.

Рӯзи тетари тоҷик, ки ҳамасола 7 ноябр таҷлил мегардад, имсол ба хотири 75-умин солгарди мавлуди Маҳмудҷон Воҳидов дар театри ҷавонон, ки номи ӯро дорад, баргузор шуд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шароф
Мисли футбол мошин монед, ана баъд нигох кунед тамошобина, сархисобаша гум мекунед, бонуи азиз...

jamik
Salom magar namedoned ki in mardum musalmonast ba u safsata dark or nest via sugar inki u holo zindagii shoistae nadorad kujo paid inu on ravad!

Озод
Барзуро баргардонед! барои диккати тамошобинро чалб кардан мутахассиси хуб даркор.

барои чалб кардан методи русхоро истифода баред, яъне аз хурдсоли дар богчахо кукольный театр намоишхо гузаронад ва баъдан дар театрхои кудакона намоишхои мутобики синнусолашон ташкил шавад баъдан дар макотиб хонандагонро водор кунанд, ки китобхои адабии мамолики гуногунро мутолиа бикунанд, лек аз дин хеч гох дур набошанд, ана баъд мебинед ки чомеа солим шуда истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)