Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Ҷоизаи «Мутаҳҳар»-и ҶИЭ ба Муҳаммадсалом Махшулов эҳдо мегардад

15 сентябр 2011, 06:41

Донишманди тоҷик барои тарҷума ва тавзеҳи осори Муртазо Мутаҳаррӣ ба забони русӣ  ҷоизаи "Мутаҳҳар"-и ҷумҳурии Исломии Эронро дар соли 2011 дарёфт кардааст.


Барандаи ҷоизаи мазкур, Муҳаммадсалом Махшулов ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, тайи ин муддат ӯ "Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Ирон", "Инсони комил", "Низоми ҳукуқии Зан дар ислом", "Масъалаи ҳиҷоб дар Ислом, "Инсон дар Қуръон",  "Сайре дар Наҳҷулбалоға"-ро аз форсӣ ба ба забони русӣ баргардон кардааст.

Пажӯҳишгари тоҷик афзуд, осори мазкур ва адабиёти дигари илмиву адабӣ аз қабили  "Усули ақоид"-и Мисбоҳи Яздӣ, Абдулҳусайни Зарринкуб  "Корномаи Ислом", Сайид  Ҳусайни Наср "Маҷмӯъи мақолот", Аллома Таботабоӣ  "Қуръон дар Ислом", Ҳусайни Соравӣ "Беҳтарин қисса"-ро нашриётҳои «Восточная литература РАН» ва чопхонаҳои  "Истоки", "Андалус" ,  "Научаная книга"-и Маскав ба табъ расонида, чанд осори дигари форсӣ дар  нашриёти "Петергбургское вотоковендение»-и Санкт-Петербург рӯи чопро диданд.
Маврид ба ёдоварист, Муҳаммадсалом Махшулов дар соли 2010 барои тарҷума ва тавзеҳи китоби «Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Ирон» сазовори ҷоизаи «Тарҷумони сол» гардида буд ва ин асар бо забони русӣ «Китоби сол» дар бахши тарҷума эълон шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!