Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:53

Ҷилавгирӣ аз қочоқи осори қадима ва сарватҳои фарҳангии Тоҷикистон

15 сентябр 2011, 09:57

Кормандони гумруки «Панҷи поён»-и раёсати минтақавии гумрук  дар вилояти Хатлон боз як ҳолати интиқоли ғайриқонунии молу ашёҳои хусусияти таърихиву фарҳангӣ доштаро ошкор ва пешгирӣ намуданд.


Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, зимни  назорати гумрукии бағочи шаҳрванди давлати исломии Афғонистон Забиҳуллоҳ Қудратуллоҳ, 43 адад матоъҳои қадимаи тариқи дастӣ гулдӯзӣ ва ороишкардашуда, инчунин ба миқдори 1735 адад шикастпораҳо ва маснуоти заргарии гуногуншакл, ҳамчунин 5 адад гарданбанд, 2 адад дастбанд, 5 адад чала, 2 адад медал, 3 ҷуфт гӯшворҳои гуногун ва 27 адад тангаҳои воҳиди пулии қадима, ки аз нуқра ва металҳои дигар сохта шуда вазни холиси он 6 киллограмму 460 граммро ташкил медиҳад дарёфт ва мусодира гардид.

Манбаъ афзуд, Забиҳуллоҳ Қудратуллоҳ ҳангоми пурсиш иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор ашёҳои таърихиро бо мақсади тиҷорат мехост ба ватанаш интиқол бидиҳад. Мутобиқи ташхиси коршиносони вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои мусодирашуда мутаалиқи  охири асри 19 ва ибтидои асри 20 буда, аз фулузи нуқра ва қисман хула тайёр карда шуда, мансуби сарватҳои фарҳангию таърихианд, ки баровардани онҳо аз қаламрави кишвар манъ аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!