Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

Шубҳа ва нобоварии Барра аз омори Тоҷикистон

15 сентябр 2011, 11:56

Ман тахмин мезанам, ки шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба 60-70 ҳазор расидааст. «Ҳоло намояндагони ҳукумати Тоҷикистон омори истеъмолкунандагони маводи мухаддирро тағйир дода истодаанд ва албатта рақамҳо ҳам тағйир хоҳанд ёфт…

Дар саросари олам ҳудуди 200 миллион одам маводи мухаддир истеъмол мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, ки мақомоти Тоҷикистон дар ихтиёри мо гузоштанд, дар ин ҷо теъдоди мӯътодон 7-8 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, аммо ин рақам ба назарам боварнокарданист. Ин ҳарфҳоро Масима Барра, президенти Кумиссиюни доимии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар як нишасти вижа, дар Душанбе иброз дошт. Барра гуфт, ман тахмин мезанам, ки шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддир, дар Тоҷикистон ба 60-70 ҳазор расидааст.  «Ҳоло намояндагони ҳукумати Тоҷикистон омори истеъмолкунандагони маводи мухаддирро тағйир дода истодаанд ва албатта рақамҳо ҳам тағйир хоҳанд ёфт»,- гуфт доктор Барра.

Номбурда, ки тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон сафар дошту аз ҳолати мӯътодони маводи мухаддир дар вилояти Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб боздид намуд,  сафарашро ба анҷом расонид. Ба қавли ӯ, ҳадафи аслии ин сафараш, шиносоӣ бо барномаҳои муштараки соҳаи беҳдоштии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, таҳлили чунин фаъолиятҳо бо аҳмияти вижа ба лоиҳаҳои марбут оид ба коҳиш додани бемории ВИЧ/СПИД ва ҳамчунин таъсиси эҳтимолии маркази эҳёи иҷитимоӣ-равонӣ барои мӯътодон ва гирифторони ВИЧ мебошад. Массимо Барра, гуфт, зимни сафараш аз бемористони наркологии вилояти Бадахшон дидан кардааст, ки дар он ҷо 25 нафар, аз ҳисоби истеъмоли маводи мухаддир ба беморӣ гирифтор шудаанду табобат меёфтанд: « Ҳолати онҳо сахт нигаронкунанда аст. Агар имрӯз пеши роҳи ин бемориро нагирем, фоҷеа ва хатарҳое, ки аз ҳисоби ин, дар Аврупо гузашт, ба Тоҷикистон меояд. Дар 10 соли ахир корҳои зиёде барои пешгирии чунин бемориҳо ба анҷом расид, вале  боз корҳои зиёде боқӣ мондааст, ки онҳоро мебояд амалӣ гардонем». Массимо Барра, иброз намуд, ки дар Тоҷикистон як роҳи ҷилавгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддир - баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳо ва оқибатҳои нохуби ин амал мебошад.

Мухаддир, метадон ва Масима

Массимо ба онҳое, ки аз ҳисоби истеъмоли маводи мухаддир ба беморӣ гирифтор шудаанд, тавсия медиҳад, ки бештар аз доруи «Метадон» истифода баранд. Яъне ба гуфти ӯ, табобат тариқи «Метадон» беҳтарин роҳест, ки инсонро аз беморӣ ва истеъмоли маводи мухаддир дур месозад: «Метадон як навъ доруи моеъ буда, барои як одам 1 милилитр ё аз ин ҳам камтар истеъмол намудан кофист. Барои як одам, ки мехоҳад, ин доруро харидорӣ намояду  истеъмол кунад, ҳамаги 1 доллар сарф мешавад. Шахсе, ки ба истеъмоли маводи мухаддир машғул нест ва ба беморӣ гирифтор нашудааст, аз «Метадон» истифода барад, ӯро фаҳмидан ғайриимкон аст, ки аз чунин дору истифода бурдааст, вале шахси бемор, ки аз ин дору истифода мебарад, дидан замон маълум мешавад. Мо имкон дорем, ки ин навъи доруро дар Тоҷикистон барои беморон фароҳам созем». Массимо Барра, мегӯяд, зимни сафараш дид, ки дар бемористони наркологии Бадахшон «Метадон» истифода мебаранд, вале як доираи маҳдуди беморонро тариқи  ин дору табобат мекунанд. «Ман мехоҳам ҳарфи он ҷавонҳоеро, ки ба беморӣ гирифтор шудаанд, ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонам, то ба онҳо тариқи  «Метадон»  табобат намуданро васеътар роҳандозӣ намоянд, зеро аҳмияти ин дору дар пешгирии чунин бемориҳо бузург аст». Додани доруи  «Метадон» ба истеъмокунандаи маводи мухаддир ба мисли ҳаби  «Инсулин» ба бемориҳои қанд мебошад, гуфт  Массимо Барра. Ба қавли ӯ, дар баъзе кишварҳои осиёӣ лагерҳо ва паноҳгоҳҳои махсусе аст, ки дар он ҷо исттеъмолкунандагони маводи мухаддир аз оддитарин ҳуқуқашон бархӯрдор нестанд. Гузашта аз ин, дар он ҷо мӯътодон хеле вазъияти ногуворро аз сар мегузаронанд, ки чунин шароити бад метавонад, онҳоро ба марг бирасонад. Ҷаноби Барра дар анҷоми сӯҳбаташ гуфт,  он сиёсатмадороне, ки мегӯянд, истифодаи маводи мухаддир ва қочоқи онро дар ҷаҳон нест мекунанд, сахт иштибоҳ мекунанд, ин ваъдаи хушку холӣ ва як иддаои бепоя аст. «Онҳо нақша тартиб медиҳанд, нест мекунем мегӯянд, вале аз рӯи нақшаҳои тартибдодаашон мӯҳлат мегузарад , аммо мушкилот ба таври қаблӣ боқӣ мемонад».

Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!