Бахшҳо

Қодирӣ дар Эрон: Ҳамчун роҳбар вазифаам зинда кардани Камоли Хуҷандист!

Маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ - шоири шинохтаи тоҷик, таҳти унвони "Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд" дар Фарҳангсарои андешаи шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шудааст.

Тавре ба хабаргузории "Озодагон" аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, маросими бузургдошт бо ҳузури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва масъулони фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифтааст. Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронӣ гуфтааст, "вилояти Суғди Тоҷикистон ва махсусан маркази он шаҳри Хуҷанд шаҳре бисёр зебост ва модоме сарварии ин вилоят бар уҳдаи мост, зебосозии он ва зинда намудани шахсиятҳои бузург, аз ҷумла, Камоли Хуҷандиро бо раҳбарии Сарвари давлат вазифаи худ медонем".

Абдураҳмон Қодирӣ дар идома аз таҷлил аз шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 тавассути созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО хабар дода, дар ҳузури аҳли фарҳанги Эрон гуфтааст, "мо бо фарҳангу забони муштарак ҷонибдори густариши робитаҳо ҳастем".

Дар маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматуллоҳ Эмомзода низ сухан гуфта, изҳори умед кардааст, ин шабнишинӣ барои ошноии бештари аҳли фарҳангу адаби кишварҳои дӯст мусоидат хоҳад кард. Фарзонаи Хуҷандӣ - шоираи мумтози тоҷик, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, суханронии худро бо қироати шеъре аз Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшид ва дар идома гуфтааст, исми осори шайх Камоли Хуҷандиро қанди баста мегузорем: "Осори Камол мисли хони малоҳат аст, ки аз он ҳамвора баҳра мебардорем".

Дар маросими бузургдошт ҳамчунин раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон доктор Шабистарӣ, прафессор Фахриддин Насриддинов, Аҳмадҷони Раҳматзод, доктор Асғари Додбеҳ, устоди донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, доктор Довуд Аминӣ, доктор Маҳдии Муҳаққиқ ва дигарон сухан гуфтаанд.

Рӯзи якшанбеи 16 ноябри соли равон бо раҳбарии раиси вилоят ҳайате аз вилояти Суғд барои иштирок дар ҳамоиши "Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд. Ҳамоиши мазкур дар шаҳрҳои Машҳад ва Табрез низ идома меёбад.
Мӯҳр
Рухони
Мо Кодири дорем ва Мо зи ин пас намирандаем.

Dev
Ana vazifa megan ira , zinda kun Kamola jonata gardam, bad ravu Sinoya zinda kun, Rudakiya zinda kun, Hajomam zinda kun digar uro alkash nameguem, Devashtich dar in zamon ba mo lozim garantiya medihem,ki uro ba araboni jallod namefurushem digar, Vose" dar janubi Toj. chun obu havo lozim, Gafurovi millatdust namerasad ba mo ...hamasha zinda kun...

Хоки мурдаро магар метавон зинда кард, дар фикри зиндахо бошед, чанобон - зиндахои чон ба сахти медодагии Камоли Хучанди, во гариби во гарибо во гариб дар бешахои сибирие.Рухони,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)