Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Системаи энергетики Тоҷикистон устувор аст?

16 сентябр 2011, 04:30

Дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дуввумин форуми байналмиллалии самаранокии энергетикӣ рӯзи 12 сентябр корашро оғоз намуд ва то 14-ум идома пайдо хоҳад кард.


Дар ин ҳамоиш мавзӯи баҳс истеҳсоли нерӯи барқи босамар унвон мешавад, ки мақсад на танҳо тавлид, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар будани қувваи барқ мебошад. Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, устувор сохтани системаи барқӣ, истифодаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сатҳи хатарнокиаш пасттар, кам  кардани талафоти қувваи барқ ва пешниҳоди роҳҳои ҳар чӣ босамар корбарии он мавзӯи аслии баҳси ин ҳамоиш хоҳад буд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои Аврупо, Русия, Белорус ва Осиёи Марказӣ, инчунин коршиносони созмонҳои энергетикӣ, аз ҷумла Шӯрои байналмиллалии энергетикӣ, Маркази экологии минтақавӣ ва комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони миллали муттаҳид дар уқёнуси Ором ва Аврупо ширкат доранд.  Форуми нахустини энергетикӣ соли гузашта дар Қазоқистон баргузор шудааст. Қарор аст,ки яке аз созмонҳои энергетикии ӯзбакистон ҳам дар ин ҳамоиш ширкат кунад, вале рӯзи аввали кори форум ҳузури онҳо ба назар намерасид.

Муовини авали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, Пӯлод Муҳиддинов дар баромади худ қайд кард, ки мақсади онҳо аз баргузории чунин ҳамоиш ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обу энергетика аст. ӯ гуфт, ки ҳоло энергияи таҷдидшавандаву босамар ва аз лиҳози экологӣ тоза роҳи судмандтарини ҳифзи аҳолии минтақа аз хатароти зистмуҳитӣ аст. Ҳамчунин муовини вазир гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафро яке аз роҳҳои корбарии босамари нерӯи барқ дар Тоҷикистон унвон кард. Ба қавли ӯ энергияи Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ ва содироти нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа бехатар ва муфид хоҳад буд.

Аммо дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон талафоти нерӯи барқ ҳанӯз зиёд будааст. Тибқи омори расмӣ соли гузашта талафот ба андозаи 900 млн. кВ соат кам карда шудааст. Атабек Умирбеков, намояндаи Маркази минтақавии зистмуҳити Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки то ба ҳол кишварҳои минтақа аз хатҳои пастшиддат истифода мекунанд, ки мӯҷиби харҷи беҳудаи энергия мешавад.

Яке аз мавзӯҳои баҳс ин устувории системаи энергетикии кишварҳо буд, ки дар ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳои нохуши табиӣ тавонад аҳолиро аз ҳисоби истифодаи энергияи алтернативӣ таъмин кунад. Омодагии Тоҷикистон дар ин самтро Рашид Гулов, ҷонишини сармуҳандиси ширкати "Барқи тоҷик" қонеъкунанда арзёбӣ карда, манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои шамолӣ, офтобӣ ва НОБ-и хурду миёнаро ёдовар шуд, ки дар сурати рух додани ягон ҳодисаи табиӣ алтернатива вуҷуд дорад.

Аммо дар ҳамин ҳол Евгений Надеждин, мушовири дабири кулли оҷонси энергетикии Русия(Вазорати энергетикаи Русия) изҳор дошт, ки барои устувор фаъолият кардани система бояд иқтидори пойгоҳӣ мавҷуд бошад. Вай мегӯяд, ки энергияи шамолӣ ва офтобӣ гоҳе ҳаст ва гоҳе нест ва ба он ҳамчун манбаи алтернативӣ наметавон такя кард. Системаи барқии Тоҷикистон асосан нерӯгоҳи обӣ мебошад ва онро системаи устувор арзёбӣ мекунанд. Аммо он ҳам доимӣ ба ҳисоб намеравад ва дар сурати хушксоливу камобӣ ин система ноустувор аст ва дигар манбаи алтернативии энергетикӣ вуҷуд надорад, ки талаботи мардум ва корхонаҳоро аз он ҳисоб қонеъ кунанд. Дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон ва ӯзбакистон манбаъҳои алтернативии энергетикӣ, аз ҷумла газ, уран ва ангишт вуҷуд дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад дигареро иваз кунад. Аммо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон амалан ин манбаъҳои алтернативӣ вуҷуд надоранд. Гуфтан мумкин нест, ки барои роҳандозии онҳо замина вуҷуд надорад. Зеро захираи ангишти Тоҷикистон кам нест ва бовар надорам, ки захираи газ набошад. Вале  манбаи алтернативии энергетикӣ амалан истифода карда намешавад, мегӯяд ӯ.

Ҳодисаи таркиши нерӯгоҳи Фукушима дар Япония соли гузашта масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои атомиро зери суол бурд. Аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бунёди чунин нерӯгоҳҳо хатари бештар дорад ва бояд манбаъҳои дигари алтернативӣ пайдо ва истифода гардад. Аммо мушовири дабири кулли оҷонси мазкур бар ин назар аст, ки эҳтимоли хатар дар ҳамаи нерӯгоҳҳо, аз ҷумла обӣ-барқӣ низ вуҷуд дорад. Агар аз эҳтимоли таркиши нерӯгоҳи атомӣ сухан равад, пас дар ҳолати заминҷунбӣ ё ягон ҳодисаи табиӣ хароб шудани сарбанди нерӯгоҳҳои обӣ низ аз эҳтимол дур нест, ки метавонад ба аҳолӣ хисорот расонад. Танҳо дараҷаи хатар ва таъсири он аз ҳамдигар метавонад тафовут дошта бошад.

Евгений Надеждин мегӯяд, ки дар Тоҷикистон барномаи бунёди нерӯгоҳи алтернативӣ бо ангишт вуҷуд дорад. Гарчанде равшан нест, ки дар ин самт чӣ пешравӣ дида мешавад, вале ба андешаи ӯ ин манбаъҳои алтернативӣ бояд мавриди истифода қарор гиранд. Ин коршинос иброз дошт, ки мушкилоти молӣ ва маблағгузорӣ ва арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолии ин манбаъ, ки гаронтар аст шояд боиси баҳс ва дудилагии мақомоти Вазорати энергетика мегардад, лекин дар оянда мардум эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Мавзӯи дигари баҳси ҳамоиш арзиши нерӯи барқ буд, ки ба андешаи коршиносони байналмиллалӣ аз қимати аслии истеҳсоли барқ пойинтар аст ва ин бар зарари ҳам ширкатҳои истеҳсолкунандаи барқ ва ҳам кишвар аст, ки боиси муфлисшавии ширкати истеҳсолгар ва худдории сармоягузорони хориҷӣ мегардад. Аммо ин асосан барои нерӯгоҳҳои газӣ ва атомӣ рабт дорад, ки арзиши аслиашон болост. Дар Тоҷикистон арзиши аслии нерӯи барқ нисбатан арзонтар аст. Мақомоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон арзиши аслии нерӯи барқ ба ҳисоби миёна ба 1, 90 сент баробар аст. Ин дар ҳолест, ки Рашид Гулов, ҷонишини сармуҳандиси "Барқи тоҷик" дар баромадаш қайд кард, ки соли 2010 фурӯши як кВ соат нерӯи барқ ба ҳисоби миёна 2,05 сентро ташкил додаст. Бо ин вуҷуд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмиллалии асъор ба масъулини "Барқи тоҷик" тавсия дода буданд, ки фурӯши нерӯи барқро ба меъёри ҷаҳонӣ баробар кунанд ва бо ин мақсад сол то сол арзиши қувваи барқ боло рафта истодааст. Дар Афғонистон арзиши аслии нерӯи барқе, ки истеҳсол мешавад ба ҳисоби миёна 11-12 сентро ташкил медодааст.

Ҳамоиши самаранокии энергетикӣ давоми ду рӯз аз 12 то 14 -уми сентябр дар Душанбе идома дорад ва масъалаи механизми амалигардонии судоварии энергия ва сарфаи он, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!