Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Озмуни вижа барои хабарнигорони ВАО-и Тоҷикистон

16 сентябр 2011, 04:41

Шӯъбаи  ташкилоти байналхалқии Институти “Ҷамъияти кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни вижаеро барои хабарнигорон эълом доштааст.


Зимнан, дар чаҳорчӯбаи барномаи «Худидораи маҳаллӣ»  барои журналистони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ барои иштирок дар омӯзиши дурӯзаи “Иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷет, шаффофияти буҷет”  конкурси мазкур сурат мепазирад. Гуфтанист, ҳадафи гузаронидани ин озмун интихоби журналистони ҳавасманд барои иштирок дар омӯзиши дурӯза оид ба иттилоотонии журналистон дар бораи раванди таъмини шаффофият дар соҳаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, омӯзиши истифодаи усулҳои ҷалби шаҳрвандон дар ҷараёни буҷет ва таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ равона карда шудааст.

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 20 сентябри  соли  2011. Суроға:  ш. Душанбе,  кӯчаи  Бохтар 37/1,  маркази тиҷоратии «Vefa», ошёнаи 4, дафтари кории ИҶК БМ ва ё бо почтаи электронии  e-mail: firuza@osi.tajik.net. Иттилои бештарро аз нишонии зер пайдо карда метавонед: кӯчаи Бохтар 37/1, тел: 227-55-58,  441-07-44; 441-07-46, (92) 761 25 25 ё ба воситаи почтаи электронии firuza@osi.tajik.net  дастрас намоед.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!