Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Райиси дастгоҳи КМИР-и Тоҷикистон вафот кард

16 сентябр 2011, 05:00

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари даcтгоҳи КМИР-и Тоҷикистон субҳи имрӯз (16-уми сентябр) аз олам даргузашт.


Тибқи иттилои расида, иллати марги Додоҷонов сактаи қалбӣ унвон шудааст. Муҳибулло Додоҷонов 59 сол умр дошт ва аз соли 2000 ба ин тараф  раҳбарии дастгоҳи иҷрояи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар давоми фаъолияти кории ӯ дар ин маснад, ду интихоботи парлумонӣ ва як интихоботи раёсати ҷумҳур баргузор шуда буд. Оқои Додоҷонов аз ҷумлаи мақомоти давлатие буд, ки бо ВАО равобити ҳасана дошт. Маросими хоксупории Муҳибулло Додоҷонов имрӯз дар зодгоҳи ӯ деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат баргузор мегардад.

Ёдрас менамоем, муовини райиси Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов ҳам дар таърихи рӯзи 15-уми июли соли равон дар манзили зисташ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.   Сабаби марги Холиқов низ он вақт сактаи қалб унвон шуда буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!