Бахшҳо

Убайдуллоев дар бораи таъмини мардум бо хона: Кори намешуданӣ нест!

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе аз дастрасии мушкили мардум ба манзилҳои истиқоматӣ нигаронӣ кард. Ӯ аз Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон хост, механизмеро пеш гузорад, то дастрасии мардумро ба қарзҳои ипотекӣ, ки барои сохтмону харидории хонаҳо бо фоизи пасту муҳлати дароз ироа мешаванд, таъмин кунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 20 ноябр зимни қабули тағийрот ба қонун “Дар боари фаъолияти бонкӣ” дар хитоб ба Абдуҷаббор Ширинов гуфт, “бовар кунед, ҳамин ипотека дар ҷумҳурии мо нест ҳам гӯем хато намекунем. Барои гирифтани ин намуди қарз хоҳишмандон зиёданд, аммо шумо худатон хубтар медонед, ки ба ҳисоби миёна фоизҳои мо аз 24 дарсад зиёд аст. Мардум бо ин фоиз ҷуръати гирифтани қарзро надорад. Ин масъаларо дидан даркор. Айб аст, мақсади мо танҳо қоғази сафедро сиёҳ кардан нест. Бояд коре кард, ки ҳамин ипотека дар Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шавад”.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мушкили хонаро дар кишвар як масъалаи умдаи иҷтимоӣ хонд, ки метавонад тобиши сиёсӣ низ гирад. Ӯ дар муроҷиат ба Ширинов таъкид намуд, чора андешанду ташаббус нишон диҳанд, ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро дастгирӣ хоҳад кард: “Кори намешуданӣ нест. Агар таҳлили дуруст кунему ба Маҷлиси Миллӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунем, дар доираи буҷетӣ давлатӣ низ ҷудо намудани маблағи муайян барои ипотека имкон дорад. Кори намешуданӣ нест, лекин мутаассифона, ман тайёр нестам, имзо карда наметавонам. Барои ин бояд дақиқ боварӣ дошта бошам, ки натиҷаи мусбат ба даст хоҳад омад.”

Убайдуллоев аз он интиқод намуд, ки “бонкҳои тиҷории Тоҷикистон фоизро ба "осмони ҳафтум" мебардоранд ва натиҷа ин аст, ки амалан дар мо ипотека нест. Мардум метарсад, ки ҳамон қарзи гирифтааш ӯро ба маҳкама мекашад ва ҳам аз ҳамон амволаш бенасиб мемонад.”

Раиси Маҷлиси Миллӣ аз раҳбари Бонки Миллӣ хост то охири соли равон ба ин масъала рӯшанӣ андозад, чун мардум дигар намехоҳад дар хонаҳои Хрушёвӣ зиндагӣ кунанду худашон хоҳони хонаҳои наву барҳавоянд ва дар ин роҳ бояд ба онҳо кӯмак кард.
Мӯҳр
Мухлис
Ахсан Убайдуллоев аз хоб хирсхоро бедор кунед, то ки кор кунанд ба манфиати мардум.

Мехр
Дуруст, хуб мешуд, ки мардум карзхои камфоизу дарозмуддатро аз Бонкхои давлати мегирифтанд, ки ин хам ба фоидаи давлат ва хам ба фоидаи мардум аст.

Рохгузар
Дар хакикат М Убайдуллоев гамхоранд хамагон ба мисли у мешуданд аммо афсус ман шахсан 5 бор ариза бо унвонии эшон равон кардаам аник медонам ягон аризаии ма то м Убайдуллоев нарасида бар мегардад бо чавобхои имконият надорем гуфта мегирем чавобошонро илтимос аз раиси шахр дорем то бо аризахои мо худаш каме равшани андозад медонем шабуруз корда банд мебошанд аммо аз ин хурдовахое ки оиди арзхо мешинанд каме талаб карда бинан

Коршинос
Мешудаст ку!! Магар шарт буд, ки ҳамин Гурӯҳи 24 пайдо шаваду шумо кор карданро сар кунтон?
Яне, агар як гуруҳи дигар ҳамин хел барояд, бисёр проблемаҳои халқи оди ҳал мешаванд.

офарин мухтарам М УБАЙДУЛЛОЕВ бехтарин пешниход худованд дар касбу кор ва зиндагиатон баракаро арзони дихад. Банд тули 12-сол боз ичорашин хастам ва маошам барои ичораи хона, маблаги богча, маблаги барку дигар хизматрасонихои комунали ва хурданиву пушидании фарзандонам хелло кам аст.Хуллас аз ин хона ба ин хона сарсону саргардон хастам, ва вакте фарзандонам аз ман суол мекунад, ки падарчон кай хонаи худамонро мехаред очиз мемонам ва суоли фарзандам бечавоб мемонад. Мухтарам Раис гуфтанихо бисёр аст факат хохиш хамин, ки барои бехбудии мардум ин пешниходи кардаатонро то охир расонед
АЗ ДАСТГИРИИ БЕГАРАЗОНААТОН КАБЛАН СИПОСГУЗОРЕМ.

Dокеан хам убайдуллоев хостори тараккиё ва пешрави аст. вале домулло ширинов чи кор мекрарда бошад, ана хаминаш бароям ачиб аст. Зеро мардуми бечораи мо аз он харос доранд ки аз пеши бон гузаранд. Вокеан хам ба андозаи 28 дарсад карз гирифтан дахшат аст. Ин гуна карзро дар гузашта танхо феодалхо ба заминдорон дода заминашонро кашида мегирифтанд. Феодалхои кадима алегарххои имруза шудааст да.
Мухтарам Убайдуллоев, як икдом гирифта дар хамин масъала ташаббус гиреду номи худро дар дафтари хайрияи мардуми бехонаву дармонда ва онхое ки дар кулбаи пишакмонанд зиндаги мекунанд дар кунед.
Аз сабаби оне, ки мунтазам дар баромадхоятон Аввал Худо мегуйед, мо хам Худо дар ин самт ва пешрави муваффакатон кунад мегуем!

Точик
Ташаккур раис! Мушкили раками 1 и мардуми шахр низ хамин аст. Офарин! Шояд ипотека бо маънои томаш чори шавад!

Абдухолик
Ахсан Убайдуллоев худованд ниятон амали гардад.

ПЕШНИХОД: хохишмандам, ки калимаи "ИПОТЕК"-ро тарчумаи точикияшро ёбед, ки мардум барои ИПОТЕНТ шудан аз бонкхо пул талаб накунанд.

Ин бехтарин хушхабаре буд, ки дар ин рузи сайиди чумъа аз хондани он болу пар кушодам. Охир мушкилии ичоранишиниву набудани умеду имконият барои харидани хонаи шахси одамро хам аз зиндаги ва хам аз ватан дилсарду дилшикаставу ноумед месозад. Акнун агар ин барномаву пешниходи оличаноб дастгири ёбад, мо як умр дар хаки Убайделлоев дуо хохем гуфту Иншоаллох сохиби манзили шахсиамон хохем гардид. парвардигор кушоиши коратонро дихад.

Кулоби
И Убайдуллоев задагияй гурухи 24-ра кати Кувватов хахахахахахахахахахахахахахахах и мардак шери нари кулобай

Куляб
боз як овозаи митинг мешуд,барка дигар хомуш намекарданд,нагз мешуд.

Рахмати калон барои Убайдуллоев чи мешуд,ки ин фаромонро барвактар барорану дар шахру нохияхо мухлати карзро дароз куннад Дар нохияи Айни кариб 80фисади филиали бонкхо аз 12мох бо фоизхои аз 32% солона то 36% солона карзро чори намудаанд. Раисони сарбонкхо аз холи мардуме,ки бо карзгири ба точири машгул аст тавачухи зиёд дихед ин ба монанди бонки филиали Амонатбонк,Агроинвестбонк,Точпромбонк ва Точиксодиротбонк камтар ба мардум аз фоизхои пасттарин ичозат дихед акалан ба сохибкорон!

Сабр
Ба Кулоби! Мутаассифона баьзе нафарон аз одобу ахлок ва муоширати сухангуи фикррони асрхо дур мебошанд. Аз Шумо хохиш кормандони Озодагон чунин шархои ашхоси тасодуфи ва бесаводро руи чоп надихед! Хотир нишон бряд намуд, ки сахифахои сайти Шуморо новобаста аз Озод ва мустакил буданатон ба гайр аз мардхо боз хаст занхое, ки мутоила ва тахлил мекунанд ва Назари худро бо фаьолияти Шумо ва озод буданатон бахогузори мекунанд. Хамзамон ба диккати Кулоби хамин Убайдуллоеви васф кардагиат , як бор дар суханронияш иштирок кун ва е дар ягон Чаласа баьд шумо фикри худро бароред

Бесавод,
Абдухолик,
Бесавод,
Бесавод,
Бесавод,
Абдухолик,
Убайдуллоевро бо харфи калон огоз намудед хуб, лекин холики Убайдуллоев Худовандро бо харфи калон огоз намудан ин бехтарини бехтаринхост. Ба Абдухолик


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)