Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:42

Навиштор (Худо моро ба Истиқлоли воқеӣ роҳнамоӣ дорад, мутмаинам!)

16 сентябр 2011, 05:06

Рӯзи истиқлоли кишвар аввалин паёмак (СМС) аз Аслиддин Достиев расид, ки ба ҳамон самимияту эҳсоси хоси худ моро бо хуҷастатарин Иди тоҷик шодбош мегуфт. Чанд дақиқа пас паёмаки ошнои саркаши мо, рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо расид: "Истиқлоли Ватан аз истиқлоли ҳар фарди он бармеояд, истиқлоли фардӣ ҳамеша бо шумо бод!" Воқеан ҳама ошноён медонанд, ки талоши Раҷаб барои ҳамеша дар ростои нигоҳ доштани истиқлоли фардӣ то чи ҳад зиёд аст ва мешавад гуфт, ки ин амр як арзишу усули зиндагии ӯ гашта. Ин аст, ки дар таманниёташ низ онро мешавад ба тамошо нишаст. Лаҳзае чанд мегузараду паёмаки дигаре меояд. Бародари якрӯи ман Хилватшоҳи Маҳмуд менависад: "Худо моро ба Истиқлоли воқеӣ роҳнамоӣ дорад, мутмаинам! 20-аш муборак!" Агар Хилватшоҳро нашиносӣ метавон ин итминони ӯро як лутфи руҳияи ҷашнӣ донист. Аммо банда мутмаинам, ки мисле дар ҳар кору оғози хуб ва мусбати дигар ӯ саропо умед ва хушбинӣ аст. Боз лаҳзае мегузарад ва паёмаке, ки ман дар посух ба ин навиштаҳо рӯи сафҳаи телефони ҳамроҳ меорам, ирсол ношуда, боз паёмаки дигар мерасад. Дӯсти вазифашиносу сервазифаи ман Акбари Саттор мисли ҳамеша ин дафъа ҳам солоронаву самимона ва ба шеваи хоси худаш масъулиятшиносона менависад: "Истиқлолият бори вазнин аст. Бори нанги миллӣ. Ба шумо, ки як порае аз ин бор ба дӯш доред, истиқлол муборак бод!" Пас аз ин низ чандин паёмаки дигар мерасад. Ба худ меандешам, шояд кам иттифоқ меуфтад, ки як инсон дар вақти навиштани таманно, ба вижа агар сухан аз муқаддасоту арзиш бошад, сохтакорӣ ва тазоҳур кунад. Ҳеч инсони ба имон, ки умед дорад дуояш мустаҷоб мешавад, ба ҳеч ваҷҳ дуои маснуъӣ нахоҳад кард. Беш аз ин вақте аз сиришти инсоне, ки навиштор ба ӯ тааллуқ дорад, огоҳӣ дорӣ, боз як бори дигар ба худ иқрор мекунӣ, ки сухан метавонад намоёнгари шахсияти як инсон бошад. Барои ин азизон истиқлол як арзиши муқаддас аст ва дар ин маврид чунон сухан мегӯянд, ки гӯӣ ниёиш мекарда бошанд. Шинохт ҳамеша масъулиятро ба бор меорад. Шинохти ин дӯстони ману инсонҳое мисли онҳо аз Истиқлол масъулияти онҳоро барои ҳифзу таҳкими Истиқлол беш аз пеш боло мебарад. Ва ин аст, ки барои ҳамаи онҳо паёмак менависам: "Истиқлол як рукни номуси миллат аст. Ҷашни ин муқаддасот ба Шумо - фарзанди баномуси миллат хуҷаста бод. Бо эҳтиром - Зафари Сӯфӣ".{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!