Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:59

Кӯлоб: Миралиев теъдоди аниқи силзадагони минтақаро намедонад

16 сентябр 2011, 05:50

Тайи 7 моҳи аввали соли равон  дар минтақаи Кӯлоб 921-нафар аз сокинон барои аввалин маротиба мубтало ба бемории сил гаштаанд.


Аз ҷумла, 206- нафар дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, 252-нафар дар Восеъ, 68-нафар дар Данғара, 122-нафар дар Ҳамадонӣ, 93-нафар дар Фархор, 49-нафар дар Темурмалик, 51-нафар дар Ховалинг, 31-нафар дар Шӯрообод ва 9-нафари дигар дар ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон.  Ба иқрори Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, шумораи онҳое, ки барои аввалин бор ба ин маризӣ мубтало шудаанд, дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138-нафар зиёд гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сардори раёсати тандурустӣ, омори дурусту пурраи гирифторони силро дар 8-моҳи сол дар даст надошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар ин бора ба ӯ маълумот надода будаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Миралиев инчунин аз шумораи умумии беморони сил ва фавтидагони ин мараз дар навоҳии зеритоаташ  низ тамоман бехабар буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!