Бахшҳо
24 ноя 2014 17:13Тоҷикистон / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар ҲНИТ бо иштирок ва табрикоти намояндагони ҳукумат

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ягона ҳизби умдаи мухолифи кишвар аз интихоб шудани Бобокалон Абуев ба ҳайси раиси дафтари худ дар ноҳияи Варзоб ва таъсири манфии раванди муҳоҷират ба ин бахш хабар медиҳад.

Тавре аз дафтари ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, Абуев дар ҳошияи конфронси ҳисоботӣ- интихоботии бахши ин ҳизб дар ноҳияи Варзоб ба ин симмат баргузида шудааст. Ӯ дар ин мақом Баҳодур Шодиевро иваз кард. ҲНИТ мегӯяд, тайи моҳи охир фаъолияти ин бахши то ҷое суст шуда, далели аслии онро раванди муҳоҷират арзёбӣ кардааст. Ба қавли вакилони конфронси бахши ноҳияии ин ҳизб дар Варзоб, вақтҳои охир чанд тан аз масъулони ин бахши ҳизб ба муҳоҷират рафтаанд. Сабаби дигар “фишорҳои мақомот болои аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ” гуфта мешавад.

Дар ин ҷаласа инчунин Муҳамадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Илҳом Шарипов, раиси бахши дин ва танзими маросимҳо ва Холмирзо Шукуров, муовини раиси ҷамоъати Чорбоғ иштирок дошта, раҳбарияти нави бахши ноҳияии ин ҳизбро табрик гуфтаанд.

Дар охир Муҳаммадалии Ҳаит фишорҳои ахири мақомот алайҳи ҲНИТ-ро муваққатан дониста, гуфтааст, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият бояд аз мушкилоти мардум бохабар буд. Муовини раиси ҲНИТ гуфтааст, онҳо бояд ин ҳамаро таҳаммул кунанду аз роҳи қонунӣ мусолиматомез кор бигиранд, чун ба гуфтаи ӯ, танҳо бо ин роҳ наҳзатиҳо метавонанд ба ҳадафҳои худ бирасанд: “Оромии ҷомеъаро мо ҳамеша ҷонибдорем ва кушиш ба харҷ медиҳем, то ҳамеша дар кишвар сулҳу субот пойдор бошад”.
Мӯҳр
Мехр
М. Хайт Хизби Шумо тачрибаи сулху суботро дар чомеа нигох доштанро надорад. Касе аз пушти хаминхо меравад аник фахмад, ки ХАФТ пущташ аз гуломи ва беватани халоси дигар намеёбад.

точик
? Хар кас баъди ХХДТ сари кудрат ояд бояд як умр карзи Хитойро канаду мухри гуломиро аз точик дур кунад.

Ситора
Акаи Мехр ба фикрам Шумо дар Баданатон хуни Мусалмони надоштаед чунки Сулхро факат Э Ш Рахмонов Не Саид Абдулох Нури хам Сахми худашро гузоштааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)