Бахшҳо

Боздошти мансабдори ВКД зимни силоҳфурӯшӣ ва дарёфти анбор дар назди Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як афсар, сардори яке аз шуъбачаҳои худ хабар дод, ки дар харидуфурӯши силоҳ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод кормандони Раёсати амнияти дохилии ВКД, рӯзи 19-уми ноябри соли равон дар ҳолати харидуфурӯши силоҳ, Бекназаров Анваршо , сардори яке аз шуъбачаҳои ВКД-ро дастгир намуданд. Манбаъ мегӯяд, инчунин аз ҷои зисти 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбин дарёфт ва мусодира гардид.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан нисбати ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Инчунин ВКД аз дарёфти як паноҳгоҳи калони силоҳ дар наздикии Душанбе хабар дод, ки моҳи равон дарёфт гардидааст: “Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, ки дар нишебии дарёчаи дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори куҳансол яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуногун, аз ҷумла 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4- адад минаҳои зидди пиёдагард, 3- адад минаҳои зидди танкӣ, 449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз силоҳ дар дасти бархе аз сокинони кишвар нигаронӣ карда, дастур дод, ки амалиёт барои халъи силоҳ пурзӯр карда шавад.
Мӯҳр
Мехр
Ахсан ба кормандони МВД. Акнун ором хоб рафтан мумкин.

точик
Ман намефахмам чигуна ярок боз аслиха ду калимаи хаммаъно аз ду забон

Хай ягон шахси камбагали бе гунохро ёбеду тухмат кунед, мисли кино барин чихел зебо сурату сабти видео карда ба мардум бо хама воситаи интернетию телевизиони НИШОН медихед, о чаро ин хоине ки ба мардум силох мефурушаду то хуни дигарон ро бирезонанд , чехраи нопокаша чаро нишон намедихед то мардум душманашонро бидонанд?????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)