Бахшҳо
25 ноя 2014 09:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

АКС: Дигар нафаси озоди берекламаву таблиғот намекашем

Фарҳехтаи ТОҶИК, рӯзноманигор

Таблиғот дар таблиғот ё ба истилоҳи маъмул "реклама дар реклама” (реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ восита оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд (қонун “Дар бораи реклама”) - ин мафҳум чандест, майнаи маро банд (гиҷ) кардааст (албатта боварӣ дорам, майнаи шуморо низ).


Агар чанд асре пеш тоҷирону савдогарон пардаи гулӯяшонро даронда дар кӯчаву кӯй ё бозору барзан (байни издиҳоми калон) баҳри ба фурӯш рафтани маҳсулоташон “ҷор” мезаданд, аммо имрӯз ҷои онро техникаву навгониҳои замонавӣ ба куллӣ иваз кардааст. Чунон иваз кардааст, ки дигар чор тарафи мо онсу истад, 80 тарафи муҳити моро “реклама-таблиғот” фаро гирифтааст. Ҳатто дар ҳар як миҷазанӣ бо таблиғоту рекламаи нав вомехӯрем. Бар замми ин чунон ҷаззобият касб кардаанд, ки агар инсони “тандуруст” бошӣ ҳам боре он “дору”-ро истеъмол кардан мехоҳӣ.

Фарз кардем, шумо дохили микроавтобус (мерс-спринтер, старекс, тангем) ё автобусу тролейбус аз ҷое ба ҷое рафта истодаед. Ронандаи он дилхоҳ мавҷи радиоро фаъол мекунад ва ду сурудро “ҳалол” гӯш накарда, бахши таблиғотро мешунавед, бар замми ин аксаран ин гуна нақлиётҳои мусофиркаш дар рӯбарӯи нишастгоҳҳо ва ҳам дар қисмати пеши он оинаи нилгун (монитор)-и хурдтаракро насб кардаанд, ки пайдарҳам реклама давр мезанад, агар дар он мониторчаҳо навори барномаи консертии ҳунармандон ё клипконсертҳоро пахш кунанд ҳам, ҳатман дар дохилаш ролики таблиғоти студияи дискфурӯшиву дигар таблиғаҳоро мебинед, ҳатто дар пушти тоблу (он ҷое ки рақами хатсайри нақлиёти мусофиркашро навиштаанд) ё нишастгоҳҳои мусофирон сурату навиштаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки хусусияти таблиғотиву ташвиқотӣ доранд, агар аз ҳамаи ин дилбазан шудаву ногоҳ ба тамошои роҳҳову манзараҳои самти ҳаракати нақлиёт назар карданӣ шавед, оҳооооо ба ҳазору як реклама дакка мехуред.

Тасаввур кардем, шумо пои пиёда дар кӯчаҳои шаҳр равона ҳастед. Инаш тамоман ногуфтанист, афишаҳову тоблуҳои ҳар сари қадам, мониторҳои калонҳаҷм, деворҳову тахтадеворҳои ҳар як хонаву ошёнаҳои баланд ва истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, ду паҳлӯи нақлиётҳои боркашону одамкашони гуногун саропо таблиғот аст. Замини роҳгаштании мо низ қоғази рангаи мечаспидании намуди изи пойи инсонро доранд, ки агар мувофиқи самти нишондоди он равем ҳатман ба мағозае дохил мешавем, ҳатто осмони софу кабуди моро пуфакҳои таблиғотии ин ё он ширкати тиҷоратӣ гирифтааст, ки дигар маҷоли нафаскашии озоди берекламаву таблиғот гӯё надоред.

Дар боғҳои истироҳативу тамошогоҳҳо ва дохили ҳар гуна корхонаву ташкилотҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овезаҳову аксҳои таблиғотӣ ҳатман рӯбарӯ мешавем. Ҳатто ҳунармандону овозхонҳои ношинохтаву шинохта барномаи эҷодии хешро дар ягон толор баргузор карданӣ шаванд, дар ролики рекламавиашон ва ҳам дар дохили барномаи консертиашон ақалан ду се фирмаву ширкатҳои тиҷоратиро ба сифати “сарпараст”, ҳатто радиову рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои телевиониро ба ҳайси “сарпарасти иттолотӣ” ҳатман таблиғ мекунанд (ба андешаи ағлаб дар замони иқтисоди бозаргонӣ бе ин намешавад).

Худо нокарда бо кори муҳиме ё тафреҳ ба шабакаи интернетӣ маблағ сарф карда даромаданӣ шавед, аз “ассалом” то “вассалом”-и коратон бо рекламаву таблиғотҳои заруриву нозарурӣ дучор мешавед, баъзан ягон сомонаи дилхоҳатонро кушоданӣ шавед, аввал ролик ё сурати таблиғотӣ пайдо мешавад. Сафҳаҳои маҷаллаву рӯзнома ва умуман ВАО-и чӣ давлативу хусусӣ пури реклама аст, ки дигар ҳоҷати шарҳу баён нест. Ҳаҷвнигори саршинос Муқимҷон Абдуфаттоев низ дар як шухии намакинаш мегӯяд: “Барои чӣ мо аз телевизион мазза карда реклама дида истем, кино мемонанд?!” Шояд ӯ низ бо ин ҳазли ҷиддомези хеш худро реклама карда бошад, чунки чанде аз тоҷирону соҳибкорон молу маҳсулот ва дорувориҳояшонро тавассути Муқимҷон таблиғ мекунанд (ҳеҳ, ман низ “Пардифенҷон”-ро реклама кардам-ку).

Дар ҳамин ҳол рекламаву таблиғотҳое ҳастанд, ки “супер таблиғоте дар таблиғот” ё “супер рекламае дар реклама”-анд. Масалан, чанде пеш дар сомонаи иттилоотии АМИТ “Ховар” акси Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ - Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев дидам, ки дар пасашон як акси таблиғотӣ дар тахтадевор насб гардида буд ва ин гуна суратҳои таблиғотиро дар наворҳои сафари Президент ба ин ё он минтақаҳо зиёд вохӯрдан мумкин аст. Бахусус он корхонаву ташкилотҳои хусусиву давлатие, ки бо пою қадами мубораки Сарвари давлат ифтитоҳ меёбад ва ҳатто дар ҷамъомадҳову ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳамон нушокиҳои ташнашикани рӯимизӣ низ мисоли барҷаста шуда метавонад. Яъне, “бо баҳонаи шолӣ кулмакҳо низ об мехӯранд” ва албатта ба ин соҳибкорон низ мароқи бештар доранд.

Ин рекламаҳое, ки дар боло зикр шуданд аксаран рекламаҳои беруна (плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян (қонун “Дар бораи реклама”) ва рекламаҳои дохилӣ (ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст (қонун “Дар бораи реклама”) буданд. Аммо рекламаҳои иҷтимоӣ (ахбороти мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои тарзи солими ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи табиат, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва амнияти аҳолӣ, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд (қонун “Дар бораи реклама”) назар ба онҳо хеле кам ҳастанд. Танҳо дар арафаи ин ё он ҷашнҳои муҳими давлатӣ ё ҳини сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаву канори малакат бо таблиғотҳои чашмрабои иҷтимоиву меҳмоннавозона бисёр дучор меоем…

Агар рафту ҳамаи он оҷонсиҳои рекламавӣ ва тоблуҳои паҳнкунандаи реклама (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи амвол, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад (қонун “Дар бораи реклама”) ё истеҳсолкунандагони реклама (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозанд (қонун “Дар бораи реклама”) берекламаву таблиғот монанд, ғамгин ё хурсанд нашавед, дарҳол менависанд: “Ҷой барои рекламаи шумо”.

Аслан паҳнкунандагони реклама ё истеҳсолкунандагони реклама барои ба даст овардани маблағ маҳсулоти рекламадиҳандаро (шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷиҳати истеҳсол, ҷойгиркунӣ ва минбаъд паҳнкунии реклама манбаи иттилооти реклама мебошад (қонун “Дар бораи реклама”) реклама ё таблиғ мекунанд. Ман низ ба сад умед рекламаро “реклама” кардам, то навиштаҳои “пур аз реклама”-и маро…



АКС: Дигар нафаси озоди берекламаву таблиғот намекашем

АКС: Дигар нафаси озоди берекламаву таблиғот намекашем

АКС: Дигар нафаси озоди берекламаву таблиғот намекашем


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Мехр
Офарин. Шумо низ рекламаро чудо хам хуб реклама кардед.

Фахмиши шумо бисёр танг будааст ва бо ин тарзи фахмиш маълум мешавад ки шумо хам худатона реклама кардед :))))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)