Бахшҳо

Тазодҳо дар кору гуфтори муфтӣ

Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор

Пас аз даргузашти марҳум Амонулло Неъматзода ва интихоби Саидмукаррам Абдулқодирзода ба мақоми раиси Шӯрои уламои исломӣ интизор мерафт, ки вай ба унвони як фарди дорои таҳсилоти олии исломӣ, барои ислоҳи умури ҷомеаи мусалмонони Тоҷикистон иқдом хоҳад кард. Мутаассифона, дар ин муддат на танҳо ин интизорот бароварда нашуд, балки иқдомоти хилофиисломии ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҳимояти Шӯрои уламои исломӣ шадидтар низ гардид.

Иҷроӣ шудани қонуни "Масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд", ҳазфи дарси "диншиносӣ" аз барномаҳои омӯзишии мактабҳои миёна, аз минбар маҳрум кардани руҳониёни саршинос ва бонуфуз, бастани ҳамаи 6 мадрасаи миёнаи исломии расмӣ ба баҳонаи стандартсозии барномаи дарсии ин мадрасаҳо аз ҷумлаи ин иқдомот мебошад. Ҳол он ки барои як кишваре мисли Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион нафар ҷамъияти мусалмондошта ҳамагӣ 6 мадрасаи исломӣ чӣ маънӣ дорад?

Бояд гуфт, ки Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо маҳрум кардани насли ҷавони кишвар аз рафтан ба масҷидҳо, ба дасти худ заминаи пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ, назири Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)-ро фароҳам меорад. Дар ин нукта тардиде нест, ки яке аз роҳҳои ҷазб ва фиристодани ҷавонони ноогоҳи тоҷик ба Сурия, ҳузури коргарони муҳоҷир дар Русия аст. Зеро донишмандони исломии Русия дар ин замина ҳукумати Тоҷикистонро муқассир медонанд, ки шароити омӯзиши дурусти улуми исломиро барои ҷавонон фароҳам накардааст.

Муфтии мусалмонони шаҳри Маскав, пойтахти Русия эълом кардааст, ки мақомоти ҳукумати ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ омили аслии ноогоҳии насли ҷавони ин кишварҳо аз ислом ва муҷиби гароиши ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд. Шамил Аловуддинов гуфтааст, ки масъулони давлатӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба далели фароҳам накардани заминаи омӯзиши дурусти улуми исломӣ ба насли ҷавони ин кишварҳо муҷиби гароиши онон ба андешаҳои гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Зеро замоне, ки ҷавонони кишварҳои Осиёи марказӣ барои кор ба Русия меоянд, ба иллати надоштани дониши амиқ ва саҳеҳ аз ислом ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ гирифтор мешаванд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи марказӣ дар фикри таъмини амнияти шуғлии коргарони муҳоҷири хеш дар қаламрави Русия нестанд. Ба гуфтаи Шамил Алоуддинов баррасиҳо нишон медиҳад, ки иддае аз ин афрод бо пули қарз барои кор ба Русия меоянд ва нотавонии онон дар бозпардохти қарзи молӣ заминаи ворид шудани мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ва истифода аз ин шароитро барои ҷазби ҷавонони узбак, тоҷик ва қирғиз ба гурӯҳҳои террористӣ ва эъзоми онон ба Сурия ва Ироқ фароҳам месозад.

Мутаассифона, Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо фатвоҳои фармоишии худ инқадр ба эътибору ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ осебу зарба зад, ки дар торих бесобиқа мебошад. Дар кадом кишваре, ки дар муқаддимаи қонуни "Озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ"-аш бар пайравии аксарияти мардуми Тоҷикистон аз мазҳаби имом Абуҳанифа (ра) таъкид шудааст, аз рафтани писарони то 18 сола ва бонувон ба масҷидҳо пешгирӣ мекунанд?
Аммо Ҳоҷӣ ҳусейни Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои исломии вилояти Суғд дар рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи дидори раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи Чорчароғи маркази ин вилоят аз занон хоста буд, ки аз рафтан ба масҷидҳо барои иқомаи намози ҷамоат худдорӣ кунанд.(сомонаи "Озодагон").

Бо ин ҳол баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли ахир вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии шаҳрвандон, ба хусус занону духтарон рекорд задааст. Чунончӣ бар асоси гузориши Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд танҳо дар муддати 8 моҳи соли 2013 173 мавриди худкушӣ дар ин минтақа сабт шудааст, ки 87 зан ва 15 ноболиғ дар миёни онон будаанд. Дар ҳоле, ки тайи 8 моҳи соли 2012 дар ин вилоят 187 нафар бо худкушӣ ба зиндагии хеш поён дода буданд (сомонаи "Авесто" 17.08.2013).

Ҳамчунин дар ин вилоят солҳои ахир боздошти афроди муттаҳам ба ифротигарӣ ва шомили ин ё он созмони террористӣ рӯ ба афзоиш аст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки теъдоди фоҳишаҳо дар ин кишвар ба 2,5 ҳазор нафар мерасад, ки дар миёни онон духтарони ноболиғ низ вуҷуд доранд. Аммо Кумитаи умури занон теъдоди фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистонро наздик ба 200 марказ унвон мекунад, ки нисбат ба соли 2013 афзоиш ёфтааст.

Пас бар асоси фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бонувон ба ҳар ҷиноят ва гуноҳе даст зананд, эроду ишкол надорад: худкушӣ, танфурӯшӣ, зино ва ҷурму ҷиноёти гуногун муҷоз аст. Аммо ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд. Дар ҳоле, ки танфурӯшиву фаҳшо ба андозае густариш ёфтааст, ки нерӯҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон маҷбур шудаанд алайҳи гурӯҳҳои фоҳиша вориди амал шаванд. Аммо аз нигоҳи Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мушкили аслӣ рафтани бонувон ба масҷидҳост.

Вақте, ки ҷавонони наврас аз рафтан ба масҷидҳо ва омӯзиши саҳеҳи Қуръон ва улуми исломӣ маҳрум ҳастанд, ки бояд барои ин кор мударрисин иҷозанома дарёфт кунанд, пас бояд дар оянда дар интизори афзоиши теъдоди писарҳои террорист ва духтарҳои фоҳиша ва худкуш буд.

Мутаассифона, Саидмукаррам Абдулқодирзода нисбат ба ин мавзӯъ мавқеи дугона гирифтааст. Вай ба ҷойи эътироф ба ин ки далели аслии гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ набуди имкони ошноии онҳо дар синни наврасӣ бо Қуръон ва улуми исломӣ аст, мегӯяд: "Дар миёни ҷавонон ифротгароӣ афзоиш ёфта, онҳо масир ва тамаддуни миллию ноби худро аз даст дода истодаанд. Ифротгароӣ дар миёни ҷавонон то ҳадде расидааст, ки дар хонавода байни бародарон суитафоҳум пеш омадааст. Дар як оила се бародар, яке шиа, дигарӣ ғайримуқаллид ва саввум ҳанафӣ ҳамдигарро дар масоили эътиқодӣ қабул карда наметавонанд ва гоҳе кори онҳо ба низоу ҷидол мунҷар мешавад".

Вай дар идома гуфтааст: "Роҳи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо танҳо вазифаи имомхатибон нест, балки ҳар касе ақли солим дорад, набояд бетараф бошад. Аммо имомхатибон ҳамин қадар тавоноӣ доранд, ки дар рӯзҳои ҷумъа аз минбарҳои масоҷид зарарҳо ва оқибатҳои бади онро баён намоянд. Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон дар ҳар ҷаласаи худ ба имомхатибон ва имомони масоҷиди панҷвақта тавсия медиҳад, ки дар суханрониҳои худ ҷавононро ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ тарғиб намоянд. Дар ин маврид Раёсати фатвои маркази исломӣ низ фатво содир кардааст". ("Озодагон", 11 ноябри 2014)

Мушкили дигари раиси Шӯрои уламо вобастагии беш аз андозаи вай ба Кумитаи давлатии корҳои динӣ мебошад, ки замоне худ корманди ин ниҳод буда, дар тадвини қонунҳои мухолиф бо шариати иломӣ мушорикат кардааст. Акнун, ки ин кумита ибтикори амалро дар даст гирифта ва матни суханронии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи сартосарии кишварро таҳия мекунад, бар хилофи мамнӯъ будани ситоиши шахсият дар дини ислом, мусобиқаи чоплусиро роҳандозӣ кардааст. Оё Абдулқодирзода намедонад, ки танҳо Аллоҳи ягонаву муқтадир сазовори парастишу ситоиш мебошад? Ё ки аз ҳадиси мубораки ҳазрати Муҳммад Мустафо(с), ки "Ба рӯйи чоплусон хок бипошед" хабар надорад?

Магар рисолати паёмбари бузургвори ислом(с) ин набуд, ки бани башарро аз парастиши ғайри Худованди ягона боз дорад? Агар раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин нуктаро медонад, бар чӣ асос дар роҳи қидосат бахшидан ба шахсиятҳои сиёсӣ қадам бармедорад?

Албатта табиати низомҳои иқтидоргарост, ки аз дин ва рӯҳониёни дарборӣ ба унвони воситаи машруият бахшидан ба ҳукумати худ ва сохтани шахсияти муқаддас истифода мекунанд. Дар Осиёи марказӣ низ ба ғайр аз Қирғизистон, дар дигар кишварҳо исломро ба ҳошия ронда, сирфан ба ибодат маҳдуд кардаанд ва аз Шӯрои уламои вобаста барои тақвияти пояҳои ҳукумати худ истифода мекунанд.

Дар дини ислом асли озодии баён ҳақест, ки аз сӯи Аллоҳ таъоло муқаррар шудааст ва дорои меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавии хос мебошад. Озодии сухан дар ислом бар асоси баҳсҳои гуногун, табодули назари мантиқӣ, андешаҳои воқеъбинона, танқидҳои созанда ва бидуни ғаразҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ шакл мегирад. Аз ин рӯ ҳеч кас ҳақи маҳдуд кардани озодии баён дар ҷомеаро надорад, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода ба ҳомиёни маҳофили сиёсӣ ва ҳукуматӣ табдил шудааст, ки ҳар навъ интиқод аз амалкарди заифи ниҳодҳои давлатиро аз сӯйи васоити ахбори умум, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷиву дохилӣ ба мақсади барҳам задани амну субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аз нигоҳи ислом нораво медонад. (сомонаи "Озодагон", 25 сентябри 2014).

Магар муфтии дини мубин намедонад, ки ислом ибрози андешаҳо ва дидгоҳҳои мутафовит, вуҷуди маҳфилҳои гуногун бо назароти мухталифро рад намекунад. Ба шарте, ки меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ дар ин мубоҳис риоят шавад. Зеро дар ислом асли ибодат ҳамон тафаккуру андеша мебошад, ки Аллоҳ таъоло дар ояи 101 сураи Юнус мефармояд: "бингаред, ки дар осмонҳо ва замин чӣ чизҳоест ва нишонаҳо ва ҳушдорҳо гурӯҳеро, ки имон намеоваранд, суд намебахшад".

Дар торихи ислом ҳодисаи сулҳи "Ҳудайбия" сабт шудааст, ки дар соли 630 мелодӣ иттифоқ уфтод. Мусалмонон бар асоси ин сулҳнома бо Қурайш, аз анҷоми маросими Ҳаҷ худдорӣ карданд, ки ба эътирози баъзе аз ёрон ба ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамроҳ буд.

Ё ки дар ояи 111 сураи Бақара мефармояд: "Ва гуфтанд, ҳаргиз ҳеч касе ба биҳишт намеравад, магар он ки яҳудӣ ё масеҳӣ бошад. Ин орзӯҳои дурӯғини эшон аст. Бигӯ: далели худро биёваред, агар рост мегӯед".

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бояд бидонад, ки ҷомеаи рӯзноманигорони кишвар дар даврони ҷанги дохилӣ наздик ба 100 нафар аз намояндагони худро барои дифоъ аз озодии сухан аз даст дод то фазои нисбии иттилоърасонии феълӣ фароҳам гардад. Аммо эшон танҳо иқдомоти ҳукумат ва манбаъҳои хабарии давлатиро ҳақ медонад, ки бор кардани дидгоҳи як гурӯҳи хос бар ҷомеа аст. Вай намедонад, ки дар Тоҷикистон ҳеч ҳизби сиёсӣ ва чеҳраҳои мухолиф, расонаҳову рӯзноманигорони мустақил хостори эҷоди ноамниву бесуботӣ нестанд. Аммо нотавонии ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, фақр, гаронӣ, фасоди моливу ришвахорӣ, фурӯпошии бахшҳои саноату кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, мушкили камбуди барқ муҷиб мешавад, ки интиқод аз амалкарди заифи сохторҳои давлатӣ афзоиш ёбад. Чаро ин нуктаро дарк намекунем, ки пазируфта нашудани пешниҳодоти коршиносон барои беҳбуди авзоъи иқтисодӣ дар кишвар сабаби тундтар гардидани лаҳни баёни онон мешавад. Ҳамон тавр, ки аллома Аҳмади Дониш пас аз радди барномаҳои ислоҳоти худ аз суйи дастгоҳи Аморати Бухоро ҳукми шаръӣ алайҳи ҳокимони вақтро содир карда буд: "Дар оянда касоне, ки зиндаанд хоҳанд дид, ки ин саркардагон, охир сарҳои худро ба дор хоҳанд супорид ва амирону волиён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд. Ба ин фармонфармоён, ки ҳоло мо "ҳазрати амир" ва "ҷаноби вазир"-аш мехонем, ба далели аҳкоми шаръӣ ҳар соате чанд мартаба азли эшон зоҳир мегардад ва касеро инқиёди ҳукми эшон лозим ҳам не". (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Душанбе, соли 1988, саҳ-413-414).

Мутаассифона, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо ангезаҳои худхоҳона ва худсарона талош мекунад, ки мардумро ба сӯйи гумроҳӣ бикашонад. Вақте, ки зиёраткунандагони хонаи Худо дар рӯзи 10 –уми зулҳиҷҷа аз эҳром берун меоянд, мӯи сари худро метарошанд, қурбонӣ мекунанд ва ҳоҷӣ мешаванд. Он рӯз дар сартосари ҷаҳони ислом Иди сайиди Қурбон аст, ки Абдулқодирзода фардояшро рӯзи ид эълом мекунад. Дар ҳоле, ки ба ғайр аз чанд кишвар ва минтақаҳои таҳти назорати баъзе гурӯҳҳои сиёсиву динӣ, ки сирфан бо ангезаи сиёсӣ ва мухолифат бо Арабистони Саудӣ як рӯз дертар ид мекунанд, баҳонаҳои раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар бораи рӯзи ид бо ҳеч мантиқе созгор нест.

Абдулқодирзода аз мардум мехоҳад, ки ба фарзандон аз синни 7 солагӣ намоз биёмӯзанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7 солагӣ таъкид кард. Вай ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт. Абдулқодирзода бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: "Ба фарзанд аз 7 солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10 солагӣ танбеҳ кунед". ("Озодагон", 28.03.2014)

Аммо намегӯяд, ки фарзандони 7 соларо чӣ тавр бояд намозхониро биёмӯзанд, ки дари масҷидҳоро бар рӯйи онон бастаед? Наздик ба 2 миллион нафар падарону бародарони ин фарзандон дар хориҷ ба дунболи ризқу рӯзӣ мебошанд. Кӣ наврасони онҳоро намозу Қуръон меомӯзад? Бархе кормандони идораҳо ва марказҳои ҳукуматӣ нисбат ба ислом, Қуръон, ҳиҷоб, намоз ва руҳониён, танаффури ботинӣ доранд ва либос, риш, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, мавъизаҳои исломиро мавриди таҳқиру тавҳин қарор медиҳанд. Пас фарзандони 7 сола аз чӣ касоне намоз биёмӯзанд?

Абдулќодирзода замоне гуфта буд, мамнуияти рафтани занон ба масҷидҳо муваққатӣ мебошад ва бо фароҳам шудани шароит дар ин ҳукм бознигарӣ хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки дар ин замина коре накард ва хилофи ваъда амал кардани ӯ ғайри қобили инкор аст.

Оё мо ин воқеиятро мепазирем, ки бо бастани дари масҷидҳо бар рӯи бонувон ва писарони то 18 сола ва мамнуияти омӯзиши Қуръони карим ва улуми исломӣ, ба дасти худ заминаи кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Сурия ва худкушии занону духтарон дар дохили кишварро фароҳам меорем?

Оё Шӯрои уламои исломӣ омодаи пазириши ин масъулияти сангин ҳаст, ки посухи ин пурсиш дар охират барои аъзои ин шӯро боз ҳам сахттар хоҳад буд?

Ҳар касе навори видеоии баргузории намози Иди сайиди Қурбон дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб(масҷиди марказӣ)-и шаҳри Душанберо дида бошад, холӣ будани сафҳои охирро дар дохили ин макони ибодӣ мушоҳида мекунад. Агар раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба ҷойи хушхизматӣ ба Кумитаи давлатии умури дин дар фикри дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон ва арзишҳои эътиқодии исломӣ иқдом накунад, он рӯз дур нест, ки аз пушти сараш афроди ангуштшуморе намоз гузоранд.
Мӯҳр
Ватандор
Дар хакикат вачххои макола саривакти ва дуруст мебошад. Айни хол тамоми фаъолияти Раиси Шурои уламои исломи тахти назорати раиси Кумитаи дин мебошад. Бо рафторхояшон Раиси Кумитаи дин ва Раиси Шурои исломи зидди сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар самти маърифатнокии динии шахрвандон мебошад. Фикр мекунанд, ки гайри онхо дар чумхури дигар кас донандаи дини ислом нест. Холиков А ва Саидмукарам Шумо ки донандаи дини ислом худатонро метарошед аз Худи таборак ва таолло наметарсед ки зидди сиёсати назаркардаи Худо Чаноби Оли рафтор мекунед

Ман Аллохро шукру сипос мегуям, ки дар Точикистоне, наздики 90%-и ахолии он худро "Алхамдулиллох Мусалмонам" мегуянд (вале мутаассифона танхо Мусалмони ЗАБОНИ) хамфикру хамакидаи ман хам ёфт мешудааст. Огои Хайриддин Косими Худованд Шуморо ва ахлу байтантонро дар хифзу амонаш нигох дорад! Хама он чизе, ки Шумо дар боло баён намудед Аллох шохидаст, ки хамааш ХАКК аст! Ман суханхои Шуморо такрор кардан намехохам, факат хаминро гуфтани хастам, ки хело мутаассифам аз он, ки аз сари Козии кишвар сар карда то оддитари Эмоми намозхои 5 вакта хама дар мавъизахои "СОХТА"(Специально) -и худ Куръону , Хадису, Ислом ва Шариати Исломиро фаромуш карда, корашон танхо таърифу тавсифи шахсони маълум ва танкиди ким кадом гуруху равияхосту халос. Хар намози Чумъа Масчидро иваз намуда, мехохам ягон сухани нек (Амри маъруф ва нахйи аз мункар) шунавам дар хама чо як ГАП. Аз Худованди Каххору Кодир орзу дорам, ки хамон рузхое, ки дар намозхои Чумъа вокеъан МАВЪИЗАхои бехтарин мешуд ва шахсони Худошиносу Худотарсу вокеъан Олими Ислом ба монанди - Хочи Мирзо, Эшони Нуриддинчон, Домулло Мухаммадулло, Домулло Абдураххим ва дигар мубаллигоне,ки сухани ХАКро баён мекардан, аз Намозу Рузаву Закоту Хичобу Номусу хифзи Номус, Харому Халол, азоби кабру рузи Чазо сухан мекарданд бори дигар онхоро ПЕШВОИ мо гардонад!!!! Омин!!!

лалалала
Салом, Озодагон,шояд гуфтахои ман ба мавзуъи боло рабт надошта бошад, лекин як шахрванди одди ва гамхори миллат ба шумо як хабарро расонидан мухохам.Аз макомотхои дахлдори мубориза ба тундгарои хохиш менамоем, дар нохияхои Панч
Кумсангир Ч.Руми корхои фаври чустучуиро хам шаб ва хам руз хуб ба рох монанд ки чавононро бо бахонаи илми дин яккатор одамони ба ном мулло ба хакикат терарис ба вартаи халокат бурда расонидаистодаанд.Ин гурухи тундрав бештар шаб ба таблиг машгуланд

Мехр
Руакота бобо али бина "рузноманигорам" Косими ва касе туя дар хамин игво шарики мекунад. Руз метен хамин муфтира рисолаташа дуруст ба талаботи давру замон ба рох монад. Чизе ки шариат талаб дорад, муфти ба чо овардесаи. Чи сиёсата дар дин омезиш метихед. Аз хамин рафторхои гаразноки Шумо не давлат сиёсаташа дуруст ба рох мебонад на шариат.

Саидчон аз Ёкутистон
Салом ба кули хаводорони ин сайт. Худованд забонатонро бурро гардонаду илматонро боз зиёдтар, хамин гуна суханхои Хакро хеле хеле шуда буд,ки нахонда будам. Ахсант бародари журналист Худо Шуморо дар хифзи хеш нигох дорад!!!

Салам
Дар хакикат агар мардуми мо ба хусус чавонон мохияти пурраи динни Исломро донанд на террорист мешаванду на экстремист. Ин хам бошад аз домуллохои хакики вобастаги дорад. Чавононро ки ба масчид равиашон маън шудааст бехабар мемонанд аз Исломи хакики.

Бародаркадоме хами маколара навистай худо умраша дароз кунад дасти камро набинад хамеша хушбахт бошад. хама гапхояш дуруст аст вокеан чунин аст .

салмон
салом инро гуфтани хастам ки бисер макалаи хуб. калимаи доиш ро дииш е дееш менависед дар холе ки доиш аст на дииш
.

Чазакаалоху Хайран
Асалому алайкум Кормандони собикадори Озодагон ва шунавандагони гироми! Бовар кунед, ахсан ба хусус ба Муаллифи мавзуи шафоф ва дакик ва баъдан ба кормандони ин сайти фаъол ва часури Озодагон. Шумо дар баробари масъулияти фаъолияти кори боз дигар масъулияте, ки Шумо аз чониби Зоти Пок, Дини Хак ва Садри муаззами мо мусалмонон Хазрати Мухаммад (с) фарз ва карз гардидааст аз чониби худ ва муассисаи мазкур сокит гардонидед. Вокеъан Шумо дарди миллат, дарди чомеа, сухани хак, кори хайр ва пеш аз хама саркардаи тамоми нобасомонихои имрузи кишвар, нофахмихою низо андохтан дар чомеа, тафрикаандозии, худнамоишдихи ва хамзамон коста ва андешаи мардумро ба Сиёсати хирадмандона ва шабонарузии Рохбари Давлат догдор нишон додан, сахми хизматхои риоёкорона, худ намоишкоронаи ба хусус ин Муфтии Сайдмуккарам мебошад.
Бовар кунед, э миллати бофарханг Шумо фирифтаи баъзе аз гуруххои хос нашавед, Имруз Кишвари мо Чумхурии бо Розигии Аллохи рахиму рахмон бемуболига хеле хам бо суръати баланд пеш рафтаистодааст. Аллбата сахми Рохбари давлатамон дар ин таъмини амният, рушду нумуъ нихоят назаррас мебошад мо дуо мекунем, ки дар мухит ва атрофи Рохбари гамгори мо ашхосе ба мисли ин домулло харчи зудтар аз байн бардошта шавад, то ки боз хам Диёри мо фазои имрузаи чомеа тинчтар ва чомеа таракки ебад, Асос дар кишвари мо ин тинчи ороми ва махдуд накардани тамоми хукуку озодихои шахрвандон мебошад, Ин захматхои бисёрсолаи Рохбари Давлат ба осони Ба даст наомадааст э мардуми бохиради Точик. Ташаккур ба Шумо кормандони Ин Шабаи фаъол!

Муслим
як чиз ба ман норушан аст, мувофики фатвои Маркази исломи андозаи акалли ришро як мушт муайян карданд, пас чаро риши "хазрат" як мушт хам нест?? харчанд пештар риши баландтар доштанд..

786 Кулоб
786
Саломун алейкум, ман хам ба Шумо монда набошед ва барору сарбаландиро орзу мекунам, ва Худо душманонатро кару кур ва нобуд кунад ва каламатонро Худованд даррохи худаш бурротару бобарортар гардонад. Худоё саффи Исломдустонро дар Тчк бештару бештар гардон, Омин ё Рабб!Ватандор,
Ватандор,

Астагфирулло
Ба бародари Муслим! Кадом сухан ва рафтору кирдори ин шахс ба "Хазрат' монанд е пайрави дорад.

ҳақ
ҳақ ҳама вақт руи об мебарояд. Мехр мегуи ки монед кораша муфти мувофики замона пеш барад, дина ба сиёсат якчоя накунед, мебахшиву муфти худаш бо шахспарастиву талкини шукронагуи аз бекориву бебаркиву бедини дина ба сиёсат омезиш медиҳад. Так что хакка бояд чонибдори кард на нохаккиву дуруягира!

786 Кулоби
786
Саломун алейкум, ман хам ба Шумо монданабошед ва барору сарбаландиро орзу мекунам, ва Худо душманонатро кару кур ва нобуд кунад ва каламатонро Худованд даррохи худаш бурротару бобарортар гардонад. Худоё саффи Исломдустонро дар Тчк бештару бештар гардон, Омин ё Рабб!

САЛОМ БАРОДАРОН РАХМАТ БАРОИ МАКОЛА.САВОЛ ДОШТАМ МАИТИ 18-СОЛА НАШУДАРО МУМКИН БОШАД ,КИ БА МАСЧИТ БАРАНД ,БАРОИ ХОНДАНИ ЧАНОЗА Е ИН,КИ ИН КОНУН БАРОИ ЗИНДАХО ДАХЛ ДОРАД? Е ,ДАХЛ ДОРАД БАРОИ ЗИНДАВУ,МУРДА? МУФТИ ХАМИН КОНУНРО АЗ НАВ МЕДИДАНД ВАКИЛОН ШОЯД ИЛОВА МЕКАРДАНД.. ХОИШ ДОРЕМ ШУМО ЧАСУРЕД БА ПАРЛУМОН САВОЛ ДИХЕД ВА ЧАВОБАШРО НАВИСЕД..РАХМАТ БА ШУМОХАМ, БАРОИ ДАР РОХИ ХАК ХАСТЕД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)