Бахшҳо
25 ноя 2014 11:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Се назар: Ба Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ таҳдид намекунад?

Коршиносони умури иқтисод дар пасманзари вазъи бади иқтисодӣ ва ниёзи зиёди Русия ба асъори хориҷӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин кишвар метавонад, интиқоли маблағ ба хориҷро маҳдуд кунад. Яке аз роҳҳое, ки Русия метавонад, интиқоли маблағ ба хориҷро маҳдуд кунад, андозбандиҳои иловагӣ арзёбӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид мешуд, ки ба ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар пасманзари ин ҳушдору нигарониҳо “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки оё ба Тоҷикистон буҳрон таҳдид намекунад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос

Шадидтар шудани вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имкон дорад. Сабаби аслии паст рафтани қурби пули миллӣ ин паст шудани қурби пули русӣ ва таҳримҳое, ки давлатҳои ғарб бар зидди Русия қабул карданд, мебошад. Ғайр аз ин паст шудани суръати рушди Русия. Бубинед, имсол ҳатто суръати рушд аз 0,3 зиёд намешавад. Дар тамоми таърихи пас аз фурўпошии Шуравӣ ин аз ҳама суръати пастарин аст. Ман фикр мекунам, аз вазъе, ки дар Русия ба вуҷуд омадааст, Тоҷикистон ҳам зарари ҷиддӣ мебинад. Зеро музди номиналии кори мардуми мо, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ 25-30 дарсад кам мешавад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Буҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон таъсир мегузорад. Мо хоҳу нохоҳ имрӯз бо иқтисодиёти Русия алоқамандии зич дорем. Бояд гуфт қисми зиёди даромади будҷаи кишвар аз ҳисоби даромади муҳоҷирон аст, бинобар ин ҳар мушкили иқтисодие, ки дар Русия ба амал меояд, ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонад.

Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос

Вақте ки давлат масъалагузории барномавии стратегӣ намекунад, заминаҳои буҳрон пайдо мешавад. Болоравии қурби доллар дар баланси савдои Тоҷикистон, ки ба моли хориҷӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рў тағйироти дар бозори ҷаҳонӣ ба миён омда метавонад ба ваъзи иқтисодии мо таъсир расонад.
Мӯҳр
кн
ЧО гупта буд, ки се сола захираи хурокро кунед. Чаро накардед? Акнун бухрон гупта доду вой кардан поида надорад.

Мехр
Ба фикрам таъсир ночиз мерасонад. Бо сабаби он ки мо бо Ширкатхои азими Руси ва корхонахои минтакаи Осиёи Маркази шарики надорем. Факат проблема мухочирони мехнат. Худованд моро ватан миллат ва давлат додааст, бояд дар якчояги проблемаро дар ин сарзамини мукаддас хал бояд намуд.

Як руз долларо кама кунед як руз рубли руссиро ва як рузи дигар ХНИТ ро бо хамин бухрон аз Точикистон гузашта меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)