Бахшҳо

Кабирӣ аз уламои Ислом хост, ҳокимонро насиҳат кунанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва вакили парлумони Тоҷикистон аз уламои ҷаҳони Ислом хост, ба насиҳати ҳокимони худ бипардозанд ва шеваи мавъизаҳоро низ бозбинӣ кунанд.

Ӯ ин нуктаҳоро дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом”, ки аз 23 то 24 ноябри соли равон дар Эрон баргузор шуд, баён доштааст.

Оқои Кабирӣ гуфтааст, далели аслии афзоиши гаравидани ҷавонони мусулмон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ ва бозичаи дасти созмонҳои террористӣ шудани фарзандони пайравони дини мубини Ислом ин зери зулм ба сар бурдани онҳо аст.

Вақте мехоҳем, бо ифротгароӣ мубориза кунем, оё метавон бо вуҷуди зери зулм қарор гирифтани 80 дарсади ҷавонони ҷаҳони Ислом ба натиҷае расид?”- афзудааст Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ аз донишмандоним ҷаҳони Ислом даъват кардааст, ба насиҳате бархе аз ҳокимони худ бархезанд, то аз ҳеч гуруҳе ҳимоят накунанд.

Ӯ дар идома ба масъалаи мавъиза ва хутбаҳои имом-хатибони ҷаҳони Ислом низ дахл карда, афзудааст, “мо ифрот ва такфири ошкоро дар шаклҳои гуногун мебинем ва навъе аз ифрот солҳо мешавад, ки дар мавъизаҳои мо шакл гирифтаанд. Ҳарчанд хатибони мо аз истифодаи вожаҳои хурофотӣ ва ширк то ҷое худдорӣ карданд, аммо тарзи таълиф ба гунае буд, ки дар андешаи ҷавонон зеҳнияти ифротиро ба вуҷуд овард ва натиҷаи онро олами Ислом мебинад.”

Муҳиддин Кабирӣ дар хитоб ба донишмандони ҷаҳони Ислом изҳор дошт, ки ҳоло вақте расидааст, ки дар навиштори адабиёти исломӣ таҷдиди назар шаванд. Ӯ таъкид кард, ки ҳоло бояд андешаҳои исломиро густариш дод ва бо адабиёти исломӣ дар баробари такфириҳо истодагарӣ кард.

Дар конгреси “Ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом” беш аз 300 донишманд ва руҳонии исломӣ аз гӯшаву канори олам иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар он Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, руҳони маъруфи тоҷик ва собиқ қозии мусулмонони кишвар ва Абдуллоҳи Муҳаққиқ иштирок доштанд.
Мӯҳр
Мехр
Кабири дуруст кайд кардаст, аз огози пайдоши ХНИТ ва муллохои мавъизагуи андешаи ҷавонони мо хароб гашт ва имрузхо натиҷаащро дида истодаем.

Хамин Кабири дар дохил ку рохбаронро танкид мекунад, боз аз хорич ба чунин гуфтахо рох доданаш чи маъни дорад? Ин магар паст задани давлати миллии худ нест? Кабири ва Турачонзода бояд точик будани худро фаромуш накунанд ва давлатдории миллиамонро хифз намоянд.
Ислом ба зоти худ надорад айбе, хар айб ки хаст дар мумсулмонии мост!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)