Бахшҳо

Зинда бод миллати бемору ғариб!

Файзинисо ВОҲИДОВА

Зиндагие ки имрӯз мардуми тоҷик дорад, таҳқири миллат мебошад. Шароите ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳаммул мекунад, шояд аз бешаю биёбони Тайга тафовуте надошта бошад. Шояд ҷонсахттарин миллати рӯи дунё тоҷик бошад, ки дар як шабонарӯз бо се соат барқ - саҳару бегоҳ қаноат мекунад. Бо фурӯзонакҳои каммасрафи чинӣ, ки ҳеч равшанӣ ва нур надорад, ҳукумат шояд тасмим гирифтааст, миллатро куру нобино кунад. Дар 23 сол ин миллати азияткашида кару гунг буд, чун ситоиши сунъии лаганбардоронро намешуниду аз камбудии масъулин эрод намегирифт. Чун ин амалу рафтори мардум ба ҳукуматиҳо писанд омад, акнун вақти он расидааст, миллат нобино бошаду аз зулму ситами иҷтимоӣ лаб накушояд!

Аз дуди ғализи шамъи чинӣ мардум касалу дардманд, дар кӯчаю бозор, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳама месулфад. Аз дуду бӯи ангишт мардум дарди сар, фишори хун баланд, бемори қалб... Заҳролудшавии одамон аз дуди ангишт, фавти шаҳрвандон ва ин ҳама дар қарни 21. Чанд сол қабл вақте ки ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаштем, ҳукумат ваъда дод нерӯи барқ сарфа шуда, лимит сабуктар мегардад. Аммо бо гузашти чанд сол шоҳиди он гардидем, ки ҳеч беҳбудии назаррасе дар ин самт нест. Имсол лимити барқ дар вилояти Суғд аз моҳи сентябр оғоз гардида, як ҳафта мешавад, дар шаҳрҳои марказӣ низ ҷорӣ шудааст. Чунин маҳдудият шояд қабл аз ин набуд. Ҳатто дар беморхонаҳои ҷамоатҳо рӯзона пурра нерӯи барқ қатъ мегардад. Ман ин ҳамаро таҳаммул мекардам, агар дар хонаҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят низ баробари мардуми оддӣ лимит вуҷуд медошт.

Абдураҳмон Қодирӣ баробари таъин шуданаш ба симмати раиси вилоят аввалин коре, ки кард роҳи хонаашро аз шаҳр то ҷамоат мумфарш намуд ва мутмаинам дар ҳавлиаш шояд шабона на камтар аз 150 адад фурӯзонак рушан бошад. Ӯ ҳамчун инсон қабл аз ҳама барои худ ва аҳли байташ шароити иҷтимоии беҳтар дуруст кард. Пас, мардуми вилоят инсон нестанд? Ё мо бачаҳои ҷайра ҳуқуқ ба рӯзгори обод надорем? Барои як каф хоки Камоли Хуҷандӣ бо сарфи маблағи ҳангуфти давлат ба Эрон рафт. Оё имкон надошт, ки дар фасли зимистон бо ин маблағ каме ҳам бошад, шароити иҷтимоии сокинони вилоятро беҳтар созад? Як каф хоки Камол заруртар аз ҷони чандин инсон аст, ки аз дуди ғализи ангишт мемиранд? Аз Камол-ку шояд устухон ҳам боқӣ намонда бошад, аммо хубтар нест, ки ба зиндаҳо ғамхорӣ шавад? Дар замонаш Камоли бузургро дар дарбори давлати тоҷикон азият карданду аз Ватан ронданд ва дар ҳичрат “во ғарибӣ, во ғарибӣ” гуён ҷон дод, имрӯз як каф хоки қабристони Камол ӯро зинда мекунад ё зулму ситами нисбат ба ӯ раво дидаро ҷуброн месозад? Ё мо миллате мебошем, ки танҳо баъди ҷабру ситам ва мурдан аз мо ёд мекунанд? Имрӯз ҳоли ин миллати кару гунг, куру нобино, бемору беҳуқуқ аз Камол бадтар аст.

Маълум аст, ки тоҷик ҷонсахттарин миллати рӯи олам мебошад, аммо чиновникҳои ҳукуматӣ боре ҳам фикр карда бошанд, ки ин ҳама оқибат миллатро ба нестӣ мебарад? Мисли Камол дар ғарибӣ мемирему Ватанро ба ихтиёри чиновникҳои бевиҷдону беимон мегузорем. Зиҳӣ миллати тоҷик, миллати бемор, миллати нобино, миллати ҳайрону сарсон, миллати ғариб!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Моро дубора Камол карданианд ба камол норасида

Инсоф
Ташаккур апаи Файзинисо, хеле ҷаҳд намудед. Дуруст гуфтед, миллат ку не, аммо ҳокимонаш ҳама барои ба чашми мардум хок пошидану ноӯҳдабароии худро рӯйпӯш намудан кори савоберо карда наметавонанд. Ман худ дар шимоли кишвар будам, ҳама аз ин лимити лаънатӣ хаста шудаанд, асабҳояшон хаста шудааст. Шарт набуд аз ҷониби раиси вилоят ин корро намудан, ба зиндаҳо аҳамият додан лозим, популизмам ҳад доштагист. Муносибати ҳукумат бо мардум набояд чунон ба роҳ монда шавад, ки гӯё тамоми мардум аз инҳо қарздоранд ва ё муттаҳам, хидмат кунед ба мардум, проблемаҳояшро ҳал кунед, ин вазифаи ҷонии шумост, агар наметавонед пас равед, чор тарафатон қибла. Наход ҳамин аксиомаро дарк накунед. Ман медонам, ҳозир шояд нафароне пайдо шаванд, ки боз ҳамон суханони Кеннедиро оид ба "напурс, ки давлат ба ту чӣ кард, бипурс, ки ту худ чи кор кардӣ" ро иқтибос меоранд, хайрият ҳамин сухан ҳам будааст. Аммо агар ҷиддӣ гӯем, раисон, биёед популизм ва хокпоширо яксӯ гузошта ҳамон масъулияти қонунию инсониеро, ки доред ҳамонро иҷро кунед, аз ин зиёдаш лозим не.

Исфара
Чуръате, ки шумо доред ягон мард дошта наметавонад хамеша хакикатро мегуед хонум файзинисо миллати точик мадюни чуръати шумост!

Рустамгита
ман муалима ба коил канда занед, мулимаи часуру мардтар аз хар номарди гузаро

Дар Туркманистон барои ахоли барк, газ, об ройгон (БЕПУЛ) аст. Точикистони азизи мо назар ба Туркманистону, давлатхои хамсоя оби зиед дорад. Тамоми хамсоягонро барзиед ва ройгон бо об таъмин мекунад. Намешавад аклан, сокинони пойтахтро аз пардохти маблаги об озод намуда хисобкунакхоро чори нанамоед?!

Мусофир
Зихи Гурдофариди точик. Чунин чуръати шуморо апачон дигар мардхо надоран,

хакгуй
АПАИ ФАЙЗИНИСО АХСАНАТ!!! ДАР ХАКИКАТ ДАРДИ ДИЛИ МАРО ГУФТИ БАХУСУС ОИДИ БАРК ДАР ХОНАИ РАИСОНИ ХУКУМАТ, ГУЁ ОНХО ОДАМОНИ НАВЪИ (СОРТИ ) ЯКУМ БОШАНД, БАРОИ ЧИ ОНХО ИМТИЁЗИ БАРКГИРИ ДОАНД ДИГАРХО НЕ?! КАНИ АДЛУ ИНСОФ?! ГУФТАНИХОИ ЗИЁД ДОРАМ АММО, ВАЛЕ , ЛЕКИН,.......
нОЛАРО ХАРЧАНД МЕХОХАМ КИ ТАНХО ДАРКАШАМ,
СИНА МЕГУЯД КИ МАН ТАНГ ОМАДАМ ФАРЁД КУН. АММО ФАРЁДИ МАРО (АНИКТАРАШ МОРО) КИ МЕШУНАВАД, "МОРО" ГУФТА ХАЛКИ БЕЧОРАРО ДАР НАЗАР ДОРАМ.

гариб
ман яке аз гарибонам.ки шояд мисли Камол во гариби гуен мурда равам.аммо ба Шумо сохибватанон илтимос.. Ое намешавад ки дар ин замони илму техники сурати (акс) хонаи хамонхое ки свети безлимит доранд гирифта ба интернет пахш кунед.охир хама медонанд ки дар хонаи мансабдорону хокимон барк доимо хаст ва Точикистон светро эконом карда ба Афгонистони камбагали чангзадае ки моро хама вакт аз мисли онхо шудан метарсонанд муфурушад.

Рахмати калон баройи Шумо Дар 23 сол ин миллати азияткашида кару гунг буд, чун ситоиши сунъии лаганбардоронро намешуниду аз камбудии масъулин эрод намегирифт. Чун ин амалу рафтори мардум ба ҳукуматиҳо писанд омад, акнун вақти он расидааст, миллат нобино бошаду аз зулму ситами иҷтимоӣ лаб накушояд!

масъуд
хеле сухани ба маврид гуфтаед ачабо Кодири 150 штк ламп дар хонааш шояд 25 то обгарм мекардагии дигархам бошад ин барк барои 100 оилаи нодор басанда аст

офарин
аҳсан апаҷон! гапа ҳаққаша гуфтӣ, мо ҳам ҳоли мурдем баъд хоки мо муқаддас мешавад. парво накунед...

Tojik
Ин хонумро барои "миллати бемор, миллати нобино, миллати ҳайрону сарсон, миллати ғариб" гуфта тахкир намудани миллати шариф, сарбаланд, богуруру куханбунеди точик Хукумати чумхури бояд ба суд дихад ва 1000....0000 сомони чарима кунанд.

Мардуми одди барои ин порахурхо мисли гови ширдех мебошанд. Худованд нохаконро хору залил гардонад.

Уважаемая редакция где мое коментарии Вы наши уши и Глаза Вы должны правдоподобно освешат народ а Вы на оболот сегодня стали Хвостом нинешней Государство и ведете нас в тупик

Я знаю что вы боитес остаывте пост дайте другому смелему журналисту

довуд
Офарин аҳсант
дар Тоҷикистон гоҳе ШЕРЕ пайдо мешавад он ҳам шерзан! шермардонаш куҷоянд?!
аз ин зан - модар бояд дагарон ибрат гираед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)