Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Қаҳрамони халқи тоҷик…ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ ё алъамон аз "Искандарнома"- и насрии ду неонависанда

16 сентябр 2011, 09:46

(Спитамен (повест) . Муаллифон Мушаррафа Шарифзода, Баҳодури Раҳматзод. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик, Душанбе 2011,149 саҳифа.)


Ҳарчанд ин китоби муҷаллоро муаллифон ба силсилаи "Энсиклопедияи кӯдакон ва наврасон" дохил намудаанд, таваҷҷӯи мани беш аз панҷ даҳсола умр паси саркардаро ба худ ҷалб намуд, чаро ки нигорандагон "китоб аз саҳифаҳои дурахшони гузаштаи мардуми ориёӣ, сокинони Суғду Бохтар, муборизаи онҳо алайҳи Искандари Мақдунӣ ва ҷонбозиҳои Спитамени диловар баҳри ҳифзи озодии сарзамини аҷдодӣ нақл мекунад" гуфтаанд. Охир ин ду қаламкаш ҷуръати бебокона кардаю даст ба эҷоди нахустповест аз ҳаёту мамоти қаҳрамони халқи тоҷик  Спитамен задаанд. Бо ҳамин умед саҳифаҳояшро кушодам. Китоб ба ду қисм ҷудо шудааст. Сарлавҳаи аввалин "Филипп ва писари ӯ" ном дорад. Медонем, ки ин писар Искандар (Александр) аст. Филипп мақдуниҳою юнониёнро муттаҳид намуда, муқобили душмани ҷонӣ - мамлакати Порс (Форс) ҷанг эълон кард, аммо аз дасти посбонаш кушта шуд.

Ҳаваси кишваркушоии падар ба писар гузашт, Искандар соли 334 бар зидди Ҳахоманишиҳо ҷанг эълон кард ва шурӯъ мешавад боби "Ибтидои роҳи дур". Модари Искандар - Олимпиада шодӣ мекунад, ки акнун писараш соҳиби ганҷи олам мегардад. Шоҳ, афзори комили ҷангӣ дар бар сари мурвати триера - киштии ҷангӣ меистад (саҳ.10), дар киштӣ инчунин бисёр шахсиятҳои машҳур ва донишмандони Эллада - нависандагон, файласуфон, олимон низ буданд (саҳ.11). Ба дунболи ин ҳама боби  "Фармондеҳи лашкари кироя" меояд, дар хаймаи бузург сипаҳсолорони Дорои  3 (номи аслиаш  Кодоман) машварат мекунанд, аҳли он  рӯи  қолинҳои нарм, бар болинҳои атлас такя зада менишастанд ва қатор мешаванд номҳою мансабҳо: Арбупал, Мифридат, Нифат, Петин, Реомифр, Мифробузан , Арсам, Арсит, Спифридат, Ресак (саҳ. 14) ва оҳиста - оҳиста мерасем ба боби "Муҳорибаи назди Граник". Граник дарёи хурдест, ки ба баҳри Мармар мерехт. Искандар бовуҷуди ҷавонӣ таҷрибаи бойи ҳарбӣ дошт, хатои бузурги тактикии форсҳоро ( саҳ.19) дарёфт ва ба андешаи мағлубнопазирии артиши Доро хати батлон кашид. Китобро мехонаму эҳсос менамояд: муаллифон беибо зиёд тару хушк  мегӯянд ва ба хонанда маҷоли дамзанӣ намедиҳанд, сари матлаби соддае баҳс доранд ва мехоҳанд тез ба натиҷа бирасанд.

Аммо чӣ илоҷ, хонданро бояд идома бахшид. Ва пеш меояд боби "Шаҳри Сард". Сард шаҳри қадимаи шоҳони Лидия будааст, як вақт Куруши Кабир онро аз харобшавӣ наҷот додааст. Искандар барои эҳтиром  (? ) ба Куруш (саҳ.22) намехоҳад шаҳр хароб шавад, хушбахтона, як дастаи бонуфузи форсҳо ба пешвози мақдуниҳо меоянд ва шаҳри Сардро ба ӯ таслим  карданд (саҳ. 23). Баъди ин муҳориба байни артиши Искандар ва форсҳо назди Миллет ба вуқӯъ мепайвандад, Искандар эллинҳоро шикаст медиҳад, аммо бар ивази аз сари хуни онҳо гузаштан ба хидматаш гирифт ва соҳиби отряди ҷанговарони далеру шуҷоъ гардид (саҳ . 27). Дар идома боби "Шоҳбону Ада" пеш меояд. Мулки шоҳбону Ада - қалъа - шаҳри Алинда аст. Шоҳбону бо дарбориёнаш ба пешвози Искандар мебароянд: - Марҳамат намо, марҳабо, Искандар, шоҳи мақдунӣ, ба шаҳри ман ворид шав, ман туро чун писари худ мепазирам ! - мегӯяд Ада ва оқибат қушуни хастагардида ин ҷо роҳат мекунад. (саҳ .29). Ба боби "Боз Мемнон" мерасем. Дорошоҳ акнун ба ин сипаҳсолори матину шуҷоъ умед мебандад, Мемнон Искандарро лахту пора мекунад. Вале боз толеъи шоҳи мақдунӣ баландӣ мекунад. Дар бобҳои "Хоин кӣ бошад?" ва "Кургиреҳи Гордий" ҳам  Искандар ҳамоно бовиқор, болонишин аст. Ба назар мерасад, ки муаллифон аз печухами васвасаи хом асло баромаданӣ наянд, бо наёми бетеғ муборизаро давом медиҳанд, бо ҷавзи пуч дӯкон оростаю чун моку чапу рост ҷустан доранд. Ҷойи ба мавзӯъи аслӣ баргаргаштан пардохтаанд ба анбоштани хасу хошок.

Қироати китобро идома мебахшем, ба боби "Шоҳаншоҳ Дорои Кодоман" мерасем. ӯ хеши дури Куруши Ҳахоманишӣ буд. Шоҳ аз Бағой ёд мекунад ва тахтапушташ виҷиррос  зад (саҳ .42), он мисрии зардрӯй ва амради ахтаи маккор, кӯсаи мисриро заҳр дода мекушад (саҳ .44), дар либоси фохираи пур аз зарҳалу хотамкорӣ арақшору нафасгардон … нишаста, дар фикри сарнагунии Искандар мебошад, идома дар боби "Дарёи Кинд" оби мусаффову нилгунаш диққати  Искандарро ба худ кашид ва шоҳ бе ягон ҳарфе афзори ҷангиро аз тан кашида, худро ба дарё андохт ва лаҳзае  нагузашта аз ҳуш рафт. Табибон бо азоби алим варо ба ҳуш оварданд (саҳ .49). Дар боби "Форсҳо меоянд" аз омодагии Доро ба ҷанг нақли муфассал карда, дар боби "Муҳорибаи назди Исс" аз шикасти Доро ва расидани зарбаи ҳалокатовар ба пояи  иқтидори давлати Ҳахоманишиҳо ҳикоят менамоянд. Боби кӯтоҳи "Мактуби Доро ва ҷавоби Искандар" ҳама умеди шоҳи Форсро барои сулҳ бо шоҳи мақдунӣ ба бод медиҳад. Бобҳои минбаъда "Шаҳри Тир", "Кишваре аз олами хобҳо" , "Тасарруфи кишвари  афсонаҳо", "Искандария" ҳамоно дар ситоиши  Искандаранд. Лекин ҳазинии нолаи бекасӣ ба чандин наво алами бениёзӣ меафрозад, жожхоии муаллифон ҳатто хонандаи калонсолро хаста мекунад, чӣ расад ба кӯдакону наврасон. Эшон аз навоҳои ҳарза гӯш пур кардаанд, ба офтобӣ зарраеро сутудаанду қатраеро муҳит вонамудаанд, ки баёнгари оҷизнавозишҳояшон аст.

Ворисони ғоратшудаю тамаллуқгари Шарқ Искандарро - ин саффоку дунёхорро ба мартабаи  паёмбарӣ - писари  Худо расондаанд, ки шармандагию ҷаҳл  аз ин зиёд намешавад, вале суол ин ҷост, ки  97 саҳифаи аввали китобро  (65 фоиз) ба Искандар  ва "корномаҳо"-и ӯ  бахшидан чӣ ҳадаф дар пай дорад? Ба хотири ба гуфти  муалллифон "Спитамен бо кӣ  ҷангидааст? ". Дар бораи Искандар садҳо, балки ҳазорҳо китоб эҷод шудаанд, ҳатто классикони мо қариб 80 "Искандарнома"- ю  "Хирадномаи Искандарӣ" нигошта, ба ҳар ранге ғосиби мақдуниро ба осмон бардоштаанд … Лекин  боз мекунем саҳифаи 98-ро ва чашмамон ба номи Спитамен меафтад, қисмати дуюми китоб (51 саҳифа) ба қаҳрамони халқи тоҷик бахшида шудааст. Ура, ура! Ба пеш кӯдакону наврасони  тоҷик! Искандарро - нафаре, ки  хокашро бо ҷаҳолат сириштаанду хамирашро бо ваҳшиёнат омехтаанд, кунун  муаллифони повест зери пойи Спитамени диловар меафкананд.

Вале боз аралашбоде! Спитамени суғдӣ лаҳзае дар сари қушуни саворагоҳ меравад (саҳ .98), дар саҳифаи баъдӣ ғарқи андешаҳост: "ман хиёнат намекунам, ман силоҳ аз даст  намегузорам … ҳатто  агар ҳамсарам барои муборизаам маро гузошта равад, ман  силоҳ аз даст намегузорам! Аммо вай… соҳибҷамоли мағрур аз хонадони шоҳони  Порс, маро намефаҳмад ва фаҳмидан ҳам намехоҳад. Спитамен мехост фикрашро ба  чизҳои дигар банд кунад, аммо (айнан) сӯҳбати ӯ бо занаш чун мор хазида боз дар  майнааш  ҷой гирифт. Баъди муколамаи дилгиркунанда бо занаш Спитамен дар  шӯрои ҳарбӣ назди шоҳаншоҳи нави Форс - Бесс пайдо мешавад. Бесс дар тахти тилло нишаста, аёну ашроф чун ба Доро ба ӯ таъзим ба ҷо меоварданд ва шоҳ аз  пешониашон мебӯсид (саҳ .102). Фақат Спитамен аз ҷой намеҷунбад, агар Бесс ба Искандар ғолиб ояд, Суғд боз зери юғи форсҳо хоҳад монд, бо надомат аз дил мегузаронд Спитамен, мо бояд ба ин роҳ надиҳем. ӯ аз хайма берун мешавад. Сипас  нимашабӣ ҳангоми сӯҳбат бо Хориен ҷиддан мегӯяд: Бесс аз авлоди Ҳахоманишиҳо, ман барои ҳуқуқи ҳукмравоии шоҳии Ҳахоманиш мубориза бурданӣ нестам (саҳ.103). Акнун Спитамен дар ду фронт - яке зидди Бесс ва дигаре алайҳи Искандар мубориза  мебарад. Бо ҳамин дар ду боби минбаъда - "Бӯсаи шоҳ" ва "Ҷазояш дар дасти  лашкар"  (саҳ .104 - 114) боз рӯи саҳна Искандар ҷилва менамояд.  Дар боби  "Вохӯрии охирин" аз "корнамоӣ" - и Спитамен ва ҳамсафаш Датафарн, ки шоҳ Бессро дар таҳвилхона болои коҳ занҷирбанд намуда, худ пинҳон шуда, дар ихтиёри лашкаркаши Искандар - Птолемей мегузаранд, ҳикоят менамоянд. Чӣ саҳнаи зиште! Шакке нест, ки М.Шарифзода ва Б.Раҳматзод ин саҳнаҳои таассуфбору таҳқиромезро аз музахрафоти таърихнигорони каҷбини юнонӣ ва дигар миллатҳо  бардоштаанд. Аз бегонагон нолидан чӣ суд? Дар боби дигар "Кишвари озодихоҳ" боз Искандар болонишин аст, водии Зарафшонро фатҳ менамояд, он ба мақдуниҳо мисли биҳишт менамуд (саҳ .120). Вале баъзан дар бораи ким-кадом шӯриш хабар мерасад ва шоҳи мақдунӣ ба ғазаб омада "Боз  Спитамен!" мегӯяд. Хира- хира аз ғалабаи Спитамен бар лашкаркаши мақдунӣ Каран ҳикоят мекунанд.  Дар боби дигар "Рухшона" - духтари Оксиарт, яке аз наздиктарин ҳамсафони Спитамен чеҳра мекушояд, бо модару дигар наздикон дуои саломат мондани Спитамен мекунанд. Ниҳоят дар боби "Сари Спитамен" боз муколамаи ӯ бо занаш сурат мегирад. Баъдан  дар ҷанги назди Искандарияи навбунёд қариб буд бар мақдуниҳо ғалаба кунад, вале нашуд, ки  нашуд. Боз варо ғарқи андеша дар манзили интихобкардааш, байни ду уштури  пинакикарда (саҳ .135) дармеёбем. Баъди чанде сакоиҳо ба сараш халта андохта, вуҷудашро арғамчинпеч карданд (саҳ .138) ва охиран сари буридаи Спитамен зери пойи Искандар меафтад (саҳ 139).  қиссаи Спитамен анҷом мепазирад, вале қиссаи Искандар боз дар даҳ саҳифаи дигар идома меёбад. Ва боби охирин "Муҳаббат" аз ишқи Искандару Рухшона нақл мекунад ва навъи олии  масхараи  аҷдоди мост.

Муаллифони китоб  бериё ба лафзи пуч мазмун дода, бо гапҳои борҳо гуфташуда ва  пешипоуфтода вақти калимотро гирифтаанд, суханашон на меҳвар дораду на мӯҳра. Ба мавзӯъи ниҳоят муҳим - тақдири қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен бархурди  бемояю сатҳӣ, парешону гумроҳона намудаанд. Ва агар ин ба истилоҳ повест ҳарзаю ёва, жожу сафсатта набошад, пас чист?  Аз хондани ҳарфу ҳиҷояшон хун дар рагҳо ях  мебандад, нигоштаҳояшон ҳеч дарс намедиҳанд ва ҳадафе надоранд. Ба яқин  киштиро аз соҳил наметавон идора кард. Дар 149  саҳифа (аз онҳо 14 саҳифаро суратҳои  ранга  ташкил медиҳанд) 555(!!!) маротиба номи Искандари хунхор (бо иловаи ифодаҳои "шоҳ"  (яъне  Искандар) ва "ӯ" (боз ҳам Искандар) аз 600 мегузарад) зикр ёфта, исми мубораки Спитамен ҳамагӣ 128 (???) бор ёд мешавад. Китоб саросар  аз муколамаҳои дуру дарози бемаънӣ, суханони берӯҳу равнақи  завқкушу умумӣ, андешаҳои муғлақу муҷаррад иборат буда, васфу санои  беҳунаронаи шоҳи таҷовузгари мақдунӣ  ва лашкариёни зарбораю занбораи  ӯст.  Ба як маънӣ  "Искандарнома" - и насрист, таҳқири рӯирости Спитамен ва ҳамсафонаш  мебошад.

Мусалламан, муаллифон баҳона пеш меоранд, ки дар бораи Спитамен маълумоти таърихӣ ниҳоят кам ва эҷоди асар аз кору пайкораш мушкил аст. Алҳақ, бо дастони  сабуки тозиҳои биёбонгард ҳама таъриху адабиёту фарҳанги ғаноманди  пешазисломии мо маҷусу мансух дониста шуда, несту нобуд гардид ва минбаъд  тӯли 1400 сол касе маҷоли аз ин қаҳрамони халқи тоҷик ёд кардан надошт. Вале повест  эҷод кардан дасту пойи нависандаро комилан мекушояд, дигар рӯи саҳна овардани  ҳаводис ба сурати як ҷадвали санаҳо шарт нест, ин жанри адабӣ андешаи саҳеҳ ва фасеҳи илмӣ талаб намекунад. Азбаски муаллифони повести "Спитамен" аз ҳама бизоати тадқиқоти ҳирфаии адабӣ дуранд, ҳарфи баҷо аз забони қаҳрамони асосӣ  барнамезанад, навои дилкаше аз лабаш намеболад, бо гарди кулфати ноқабулиҳо  суханро дар хок нишондаанд. Эшон сартароширо дар сари бузургмарди  миллатамон омӯхтан хостаанд. Ҳайҳот!

Cпитамен бешак, аз босафотарин, барҷастатарин ва бузургтарин марди миллатамон аст, ки ғаюрона соқи по ба шикастагии камари душманони меҳан кашид ва дар ҷасорату шуҷоат ва ҷанговарӣ болотар аз Искандар буд, нуфуз ва азамати наҳзати  озодихоҳии аҷдоди  шӯълавари моро намоёнд. Вай ба бузургтарошиву муболиға ниёз  надорад, корномааш шойистаи садҳо ва ҳазорҳо повесту роман, достон аст. Пас  муаллифони повести "Спитамен" бояд дар шеваи шигифт ва каммонанд  саховатмандона олитарин вожаҳоро ба пояш мерехтанд, дар  санояш дафтари меҳру  муҳаббат мекушоданд. Зиндагиномаи ин фахри миллат достони ибратомӯзу  пурсӯзест, ки дар худ розу рамзи  фаровон нуҳуфтааст. Ин китоб бояд достоне мебуд пур аз ашку хун, саросар аз оҳу фарёд, фоҷиаком ва бо забони аснод. Ин гуна асар  танҳо бо хуни дил иншо мешавад. Дар чунин повест боястӣ ҳақиқати таърихӣ бар  тахайюлоти бадеъӣ ва қиссапардозӣ мечархид, бо нерӯи қаламу ҳунари нависандагӣ ҳолатҳои рӯҳӣ ва дарду ормонҳои ботинии қаҳрамони асосӣ ва ҳамсафонаш пурра  кушода мешуданд, зиндагии Спитамен бо таҳаввулоти таърихию иҷтимоӣ дар робитаи танготанг ба баррасӣ гирифта мешуд. Нигорандагон зимни гуфтугӯи  қаҳрамонону персонажҳои повест аз забони эшон бисёре аз аҷзои  таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангии он давраи хоси эронитаборонро мекушоданд. Ба ҳадди тавон ворунагуфторҳои олимони каҷбин ва китобҳои мурдахуну сохтаро ифшо  менамуданд, юнониҳою мақдуниҳоро ҳаргиз паст назада, бо мадорики якрӯву  якпаҳлӯи таърихӣ , санадҳои асосманд образи Спитамени диловар ва ҳамсангаронашро меофариданд, ҳузури густурдаи халқҳои бошарафи Суғду Бохтар  ва ақвоми саҳрогарди Осиёи Марказиро дар муборизоти озодихоҳона ба ҷилва  меоварданд. Бо маҳорати хос санъатҳои бадеъӣ ва воситаҳои тасвирро ба кор бурда, матнро  бо дилсӯзии беохир суфта кардаю сайқал дода, ба алмоспора бадал  менамуданд.

Таассуфан, кулоҳи беназокатӣ боди тахайюлро аз сари муаллифони повести  бемушовиру бемуҳаррири "Спитамен" рабудасту ҷайши малах мазрааи сабзи  тавонмандиҳояшонро нобуд сохтааст ва чун чароғи таҳқиқашон об дар равған  надорад, кулли хонандаи тоҷик, хосатан кӯдакону наврасонамонро ҳафтафаҳм  пиндоштаанд. Вагарна бо ҳарфҳои пуч, суханони обшуста, баёни оҷизхиром ва хомаи лағзиданэҳром як китоби зиёновар ба хидмат намеоварданд ва маблағи зиёди буҷаи давлатро ба бод намедоданд.

Боз ба таъкид мегӯем, ки тасвири бадеъии таърих ва чеҳраҳои дурахшону мондагор  кори саҳл нест ва на ҳар нависанда ҷуръати даст расондан ба онро дорад. Хушбахтона аз миёни адибони кунунии тоҷик Сорбон, Равшани  Ёрмуҳаммад, Ато Ҳамдам, Бароти Абдураҳмон, Аброр Зоҳир, Ҷумъа қуддус дар ин росто қувва  санҷидаю тавфиқ ёфтаанд. Китоби бадеъӣ дар бораи Спитамени бебокро танҳо  чунин  қаламдорони озмуда бояд нигоранд, на ашхоси тасодуфӣ ва аз эҷод фарсахҳо дур. Ин ҷо машварату маслиҳати таърихнигорони феълии тоҷик - тадқиқотгарони он давраи ҳаёти мардумамон чун Луқмон Бойматов, Усмон Эшонқулов, М.Инъомов ва дигарон хеле барои нигоранда муҳим аст.

Инак, нашри силсилаи "Энсиклопедияи  кӯдакон ва наврасон" бо повести "Спитамен" шурӯъ шуд. Салоҳ  аст, ки ин китоби бемояю бепоя ва зиёнбор барчида (ҳамаи 1000 нусхааш) ба макулатура чун адабиёти беарзиш супурда шавад ва маблағи  исрофшударо ба давлат баргардонанд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бояд нашри минбаъдаи ин силсиларо зери назорати ҷиддӣ бигирад. Ба зинҳор М.Шарифзода ва Б. Раҳматзод барин неонависандаро, ки акнун мазахӯрак  шудаанд, ба эҷоди китоби дигар аз ин силсила роҳ надиҳанд, зеро бо дастакони эшон  қаҳрамони повести  "Муқаннаъ" қутайба ибни Муслим ва қиссаи "Темурмалик" Чингизхон хоҳад шуд. Гӯл задани кӯдакону наврасони мо ҷинояти нобахшиданист.

Ёр Муҳаммад{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!