Бахшҳо

Парлумони Тоҷикистон барои наҷоти “Барқи тоҷик” аз баҳри 30 миллион гузашт

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як қарор ба хотири “наҷот”-и ширкати “Барқи тоҷик” масъулини “Сангтуда-1”-ро аз пардохти 30 миллион сомонӣ аз ҳисоби қарзи андоз озод кард.

Ин қарорро намояндагони мардумӣ рӯзи 26 ноябр ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2014” қабул карданд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки ин лоиҳаро муаррифӣ мекард, гуфт, он ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи молии ширкати “Барқи тоҷиқ” аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳаҷми қарзи “Сангтуда 1” дар назди буҷаи давлат аз рӯи андозҳо то 1 ноябри соли равон ба беш аз 25 миллион сомонӣ расидааст ва далели боло рафтани қарзи ин ширкат дар назди буҷа пардохт нашудани ҳаққи нерӯи барқи гирифтаи “Барқи тоҷик” арзёбӣ мешавад. Нуралиев дар шарҳи гуфтаҳояш илова намуд, ҳоло “Барқи тоҷик” аз “Сангтуда-1” беш аз 418 миллион сомонӣ қарздор аст ва аз ин рӯ, неругоҳ наметавонад, ҳаққи андозро ба буҷаи давлат сари вақт пардохт намояд. Дар идома Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” низ қабули ин қарорро ба нафъи ниҳоди зертобеаш хонда, изҳор дошт, агар намояндагони мардумӣ “Сангтуда-1”-ро аз пардохти 30 миллион сомонӣ озод кунад, масъулини ин неругоҳ 30 миллион сомонии қарзи “Барқи тоҷик”-ро низ кам мекунанд.
Мӯҳр
Равшан
Хами парлумони мо аз бахри хами Барки точикам мегузашт намешуд. Як таклиф дорам то пурра бархам хурдани лимити барк ширкати Барки точик-ро бархам диханд, зеро ки барк набошад ин ширкат чи даркор аст бародарон

ман хайронам чаро барки точик аз андоз озод мешавад дар холе ки ин ширкат маблаги даромадашро кучо мекунад ба чи сарф мекунад. пуле аз мардум чамъ кардаро дар киссаи худ чо карда мошинхои кимат мехаранд шармандаги.

Фархори
Дар сохаи Барк дар давлат ягон одам кор менка? 418миллион аз кучо пайдо шуд? ба кисаи ки рафт? ки хурду ки пушид? 30милиона бахшиданду Лекин барои халки Точик ки сутуни давлатро ташкил мекунанд нархи куваи баркро 2 дирам карда натавонистанд бал ки 530% баланд бардоштанд. Аввал 2 дирам буд бад 12,6 дирам карданд. Нархи обро низ баланд карданд. БО ДАЪВОИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ МУСАЛМОН БУДАНШОН МЕКУНАНД. Лекин номусалмон (Япония) андозро барои халкаш 10% баланд накард ки халкашро зураш миояд.

дилсухта
хой чиновнико о пули аз мардум руенидаи барк кучо меравад!?

хабар
Барки точик мегуяд, ки баркро ба нархи 14-15 дирам барои 1 кВт аз неругоххо харида ба мардум 10,5 -акнун 12 дирами мефурушад. Аммо чанде пеш гуфтанд ба Киргизистон 4-5 дирами мефурушанд ачоиб торикихое дар ин торики

Парлумоне ки ба хотири гурухи муайяни дуздхои барки точик аз бахри 8 млн ахоли гузаштааст, хеч боке нест ки агар аз бахри кадом маблаге гузар кунад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)