Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:44

Бонки Ҷаҳонӣ ба нерӯгоҳи Роғун ва лоиҳаи КАСА-1000 таваҷҷӯҳ дорад

16 сентябр 2011, 10:24

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сарвари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар нишаст масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи гуногун бо маблағи умумии 220 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Дар зарфи 12 моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 38 миллион доллари амрикоӣ грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардидааст. Минбаъд ҳаҷми солонаи грантҳои ин бонк то 58 миллион доллари амрикоӣ афзун мегардад.

Зимнан, ба ҳамкорӣ дар омўзиши иқтисодӣ-техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ташхиси пурраи ин лоиҳа тобистони соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин доир ба нақшаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи КАСА – 1000 сурат гирифт. Қайд гардид, ки масоили вобаста ба ин лоиҳа ҳафтаи оянда бо намояндагони чор давлати манфиатдор - Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар шаҳри Бишкек баррасӣ хоҳад шуд.

Ба гуфти Теодор Алерс, дар сурати розигии 4 давлати мазкур, Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи он маблағ ҳам ҷудо намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Қирғизистон бе бунёди нерўгоҳҳои нав, ҳоло ҳам имкон доранд, ки дар фасли тобистон ба воситаи ин хат ба Афғонистону Покистон нерўи барқ интитқол диҳанд, аз ин хотир бунёди он бояд оғоз ёбад».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!