Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:37

Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо мири шаҳри Панҷакент

16 сентябр 2011, 10:53

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои ошноӣ пайдо кардан ба вазъи матбуоти  шаҳри Панҷакент бо Хисрав Абдулназаров, раиси шаҳр ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот намуд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари ин ниҳод иттилоъ доданд, раиси шаҳр нахуст дар мавриди вазъи воситаҳои ахбори оммаи шаҳр, тадбирҳо ҷиҳати пурра намудани фазои иттилоотии ин минтақаи наздисарҳадӣ ва дигар масоили муҳими фаъолити ВАО-и Панҷакент иттилоъ дод. Зимнан, Исмоилов   перомуни фаъолияти мақоми олии худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ – Шӯрои ВАО маълумот дода, изҳор намуд, ки «Мақсади асосии мо ба вуҷуд овардани журналистикаи босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ мебошад. Талошҳои мо ба он равона шудааст, ки қазияҳоро то марҳилаи додгоҳӣ ҳаллу фасл намоем ва аз нерӯи бузурги ҷомеаи журналистӣ ба манфиати ҷомеа истифода кунем »

Манбаъ афзуд, ар вохурӣ  роҷеъ ба фаъолияти рӯзномаи шаҳрии «Зарафшон», телевизиони «Симо» ва дигар ВАО-и шаҳр сухан рафт. Мусоҳибон таъкид намуданд, ки риояи меъёрҳои ахлоқиву касбӣ нуфузи журналистикаи миллиро боло мебарад ва доираи ҳаводорони онро меафзояд. Сипас, дар толори ҳукумати шаҳр ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО барои жрналистони маҳаллӣ доир гардид. Баргардонандаи ин маҳфил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шариф Ҳамдампур доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ маълумоти муфассал дод.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!