Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:06

Барои сохтмони бинои нави Донишгоҳи славянӣ 30 миллион сомонӣ ҷудо гардид

16 сентябр 2011, 11:18

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими 15 солагии таъсисёбии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ширкат варзид.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, ташрифи бевоситаи райисҷумҳур ба таълимгоҳи мазкур ва иштироки ў дар ин чорабинӣ аз таваҷҷӯҳаш ба масоили таълиму тарбияи насли наврас, омўзиши амиқи илму техника ва технологияҳои муосир ва ҳамчунин забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ арзёбӣ мегардад.

Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таҳсилоти олӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави он, ки бо тарҳи хеле зебо ва шароити муосири корию таълимиаш бинои асосии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия хоҳад буд, оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои 5 – ошёнаи хуштарҳу замонавӣ бо харҷи қариб 30 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар зарфи 2,5 соли оянда сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. Барои оғози сохтмон аллакай 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон, президент ба фаъолияти 15 – солаи донишгоҳи мазкур, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва бо дастгирии Русия таъсис ёфта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар ин мўҳлат Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар пешрафти соҳаи маорифи кишвари мо нақши намоён гузошт. «Имрўз хатмкардагони он дар хизмати давлатӣ, ширкатҳои бузурги ватанию хориҷӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо фаъолияти босамар доранд», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ афзуд, дар ҷамъомади тантанавӣ, ҳамчунин муовини вазири маорифи   Русия Алексей Понамарев ва Ректори Донишгоҳи Давлатии Забономўзии Маскав Ирина Халеева суханронӣ намуда, ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илму маориф ва фаъолияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баҳои баланд доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!