Бахшҳо

SOS: «Занозанӣ» барои дидани чеҳраи Йигиту Наҷиб-сардор дар Душанбе!

Иштиёқи дидори Йигит ва дигар актёрони синамои туркӣ дар Душанбе барои ҳаводорони ҳунари онҳо ҳузнангез хотима ёфт.


Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, ки ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар литсейи тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли маҳаллаи Маяковскийи пойтахт мебойист, соати 11-и ҳамин рӯз вохӯрии таълимгирандагони ин дабистон бо ҳунармандони мазкур баргузор мегашт. «Аз саҳари солеҳон одамони зиёд ва хонандагони мактаби мутавасситаи рақами 37 дар назди ҳавлии литсей ҷамъ шуда, омадани Наҷибу Йигит ва Ҳалимаро интизорӣ мекашиданд. Аммо омад-омади ситораҳои синамои турк ба дарозо кашида, соати 14 ба мошини онҳо намоён шуд»,-афзуд манбаъ.

Зимнан, омӯзгорони литсей иҷоза надоданд, ки талабагони мактаби 37 ва сокинони маҳалла вориди бинои литсей шаванд. Ин издиҳом ба шӯр омада ба сӯи устодони мактаби тоҷикӣ-туркӣ сангу кулӯх ва чалғӯзаи дарахтонро ҳаво додаанд.

Як устоди литсей, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, афзуд: «Ҳатто яке аз мураббияҳои литсейи мо ҳадафи ҳамлаи наврасон қарор гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Талабагони мактаби 37 панҷ каса муаллимаро латукӯб карданд». Инъомҷон, муҳассили литсей дар тақвияти гуфтаҳои устодаш иброз дошт, ки Сунатулло ном муҳассили дабистони тоҷикӣ-туркӣ ҳам дар зери чашмаш «сиёҳӣ» (синяк) гирифт…

Ёдрас менамоем, студияи «Ҳамсадо», ки тарҷума ва баргардони филми туркии «Ҳомиён»-ро ба тоҷикӣ анҷом додааст, бо интихоби мухлисонаш панҷ нафар аз ҳунармандони силсилафилми мазкурро ба Душанбе даъват кардаст. Ба ин муносибат, рӯзи 17-уми сентябр дар толори бузурги кохи «Борбад» шоу-барнома  бо унвони «Истиқлол» бо ширкати ҳунармандони филми «Ҳомиён» аз ҷумла Йигит, Ҳалима, Наҷиб-сардор, Мемду ва Хайрӣ баргузор мегардад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)