Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Қирғизҳои боздоштшуда дар ивази як шаҳрванди Тоҷикистон ба Бишкек истирдод мешаванд

17 сентябр 2011, 05:44

Тоҷикистон омодааст, шаҳрвандони боздоштшудаи қирғизро ба кишварашон истирдод кунанд.


Дар ин бора сардори раёсати мубориза алайҳи ҷӣноёти муташаккили ВКД генерал Ҷӯрахон Зойиров иброз дошт.Тибқи иттилои ӯ, айни замон бо мақомоти Қирғизистон дар бораи истирдоди эшон ба Бишкек ва дар ивази онҳо бозпас гирифтани як маҳбуси фирории тоҷик, ки дар Қирғизистон дастгир шудааст, ҳаллу фасл мешавад.

Маврид ба ёдоварист, шаби 14-уми сентябр зимни як амалиёти муштаракаи мақомоти интизомии Қирғизистону Тоҷикистон  се нафар аз шаҳврандони ин кишварро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар Душанбе боздошт карда буданд. Зимнан, Қодрибек Досонови 40 сола, муллақаб ба “Ҷинго”, яке аз афроди боздоштшуда аз ҷумла дар таҳияи қатли раҳбари қаблии идораи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон муттаҳам шудааст.

Дар ҳамин ҳол ВКД иттилоъ додааст, ки яке аз сокинони Тоҷикистон барои пинҳон кардани афроди ҷиноятпешаи қирғиз дар Тоҷикистон кӯмак кардааст ва ҳоло ӯ мавриди ҷустуҷӯи мақомот  қарор дорад.

Ҳамчунин, Чингиз Ҷумагулови 25-сола яке дигар аз се фарди боздоштшудаи қирғиз барои убури ғайриқонунӣ аз марз низ муттаҳам шуда ва қарор аст, ки ӯро ба кумитаи амнияти давлатӣ супоранд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!